Дар чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ 2 варзишгар аз Панҷакент соҳиби 3 медали тилло ва 2 биринҷӣ гардиданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардории намуди поурлифтинг аз 24 то 39-уми октябр дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия доир гардид. Дар он тақрибан 2000 варзишгар аз 30 давлати дунё дар чанд намуд  иштирок карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот чор нафар намояндагӣ карданд.

Муҳамадалӣ Мирзоеви 18-сола дар ин мусобиқа дар вазни 82,5 кг байни ҷавонон соҳиби 2 медали тилло ва 1 медали нуқра гардид.

Варзишгари дигари тоҷик Абдуев Мустафо, ки дар муҳоҷират қарор дораду аз ҷониби Тоҷикистон баромад кард, дар вазни 67,5 кг соҳиби 1 медали тилло ва як нуқра гардидааст. Ҳардуи ин варзишгарон аз шаҳри Панҷакент буда, дастпарвари устоди варзиш Юрий Наҷмиддинов мебошанд.

Варзишгари дигар Парвиз Одинаев дар ин мусобиқаи ҷаҳони соҳиби 1 медали тилло шудааст.

Вазнбардорони тоҷик моҳи апрели соли равон дар мусобиқаи Осиё низ иштирок карда, зинаҳои ифтихориро ба даст оварда буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь