Ба Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ муроҷиаткунандагон ба шаклҳои зерини истифодаи шиканҷа ишора кардааанд: ворид кардани зарба ба қисмҳои гуногуни бадан, аз ҷумла, бо истифода аз калтаки резинӣ, гузоштаи қувваи барқ дар дастҳо ва узвҳои мардона, дохил кардани сӯзан ё мехча зери нохунҳо, зӯроварии равонӣ дар шакли таҳқир, таҷовуз ё таҳдиди таҷовуз, гузоштан дар об дар вақти сардии сол, сӯзонидани бадан бо сигор ва ғайра.

Шиканҷаҳо бо мақсади ба даст овардани нишондодҳои худиқрорӣ, ҳамчун ҷазо барои содир намудани амлҳои муайян истифода бурда шудаанд.

Аризаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати мақомоти давлатии зерин ворид гардидаанд: ВКД – 40, КДАМ – 2, СРИҶҶ Вазорати адлия – 1, муассисаи таълимии миёнаи умумӣ – 1.

Дар ГКҲ се телефони боварӣ амал мекунад: дар вилояти Суғд (987873333), дар вилояти Хатлон (987876666), дар шаҳри Душанбе ва НТМ (987087676). Телефонҳо инчунин дар вақтҳои ғайри корӣ, аз ҷумла рӯзҳои истироҳат ва идҳо низ фаъоланд.

Дар соли 2018 аз рӯи 20 парванда мониторинги мурофиаҳои судӣ гузаронида шуд, ки судшавандаҳо оид ба истифодаи шиканҷа ё муносибати бераҳмона ариза доданд. Дар 80%-и ҳолатҳо мурофиаҳо то 3-5 соат ба таъхир афтоданд. Сабабҳои таъхир на ҳамеша шарҳ дода шуданд ва узрхоҳӣ барои таъхир аз ҷониби суд сурат нагирифт. Нобаробарии иштирокчиён ҳам ба мушоҳида расид: айбдоркунандаи давлатӣ (прокурор), котиб ва кормандони милитсия дар толори суд аз телефонҳои мобилии худ истифода мебурданд, дар ҳоле, ки дар даромадгоҳ сумкаҳои дигар иштирокчиёнро тафтиш мекарданд ва ба онҳо зарур меомад, ки пеш аз ворид шудан ба суд телефонҳои мобилии худро супоранд. Судяҳо барои ҳамаи иштирокчиён имкониятҳои баробарро таъмин накарданд, дархостҳои адвокатҳо рад карда шуданд ё қонеъ карда нашуданд. Дар як қатор ҳолатҳо ба аризаҳо оид ба шиканҷа вокуниш мавҷуд набуд. Дастрасӣ ба толори мурофиаҳои судӣ бидуни шарҳи сабабҳо маҳдуд карда мешавад. Дар баъзе ҳоллатҳо зиддияти судяҳо ба иштироки нозирон дар толори суд вуҷуд дошт.

Дар умум, дар натиҷаи талошҳои якҷояи Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ва адвокатҳои ҷалбшуда ду нафар корманди РВКД дар вилояти Суғд ва корманди КДАМ дар ноҳияи Ашт (парвандаи Хоҷаназаров) тибқи моддаи «Шиканҷа» ба ҷавобшгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуданд. Аз рӯи аризаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ санҷишҳо гузаронида шуданд, ки дар натиҷаи онҳо панҷ корманди ВКД ҶТ аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Нисбати ду корманди фаврии ШВКД-2-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо айби сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва боздоши ғайриқонунӣ тафтишоти пешакӣ оғоз карда шуд. Дар натиҷаи баррасии аризаву шикоятҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона, аз ҷониби судҳои ҶТ нисбати панҷ корманди Вазорати корҳои дохилӣ барои нақзи КМҶ ҶТ ва сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ таъинотҳои хусусӣ бароварда шуданд. Адвокатҳои Эътилоф таҷрибаи пешниҳод намудани аризаҳои асоснокшуда оид ба беэътибор будани далелҳои дар натиҷаи истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона бадастовардашударо густариш медиҳанд. Аз ҷониби ШВКД-и шаҳри Турсунзода ва бахши КДАМ дар Панҷакент нисбати ду нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Дар натиҷаи амали фаъолонаи адвокатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ бо сабаби исбот нашудани иштироки онҳо дар содир намудани ҷиноят қатъ карда шуданд.

Дар соли 2018 ба мурофиаҳои судӣ оид ба ҷуброни зарари маънавӣ барои тафтишоти ғайри самаранок таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар баробарин ин, таҷрибаи пешниҳоди хулосаи коршиносии нуқтаи назари аmicus curiae (лотинӣ – «дӯсти адолати судӣ»), ки аз ҷониби коршиносони байналмилалии Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Варшава) омода гардидааст, васеъ карда мешавад.

Фаъолияти Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба аризаҳо оид ба шиканҷа ва муносибати бераҳмона ва механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳансозии фаъолиятҳо оид ба расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь