Рӯзноманигорони Итолиё хабар медиҳанд, ки дар соҳили ҷанубии ин кишвар дар минтақаи Кротоне як киштӣ ғарқ шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар ин ҳодиса 40 муҳоҷир ҷон бохтаанд, хабар медиҳад рӯзномаи La Repubblica.

Дар ҳоли ҳозир маълум аст, ки дар миёни афроде, ки дар соҳил пайдо шудаанд, ҷасади як кӯдаки навзод низ ҳаст. Гумон меравад, ки дар киштии сарнагуншуда 250 нафар аз Эрон, Покистон ва Афғонистон буданд.

Нашрия ҳамчунин мегӯяд, ки 50 муҳоҷир наҷот дода шудаанд. Киштиҳои нигаҳбонӣ ҷустуҷӯи наҷотёфтагони киштии ғарқшударо идома медиҳанд. Дар ҷойи ҳодиса афсарони полис, карабиндорҳо (туфангдорон) ва намояндагони Салиби Сурх кор мекунанд.

Дар рӯзи ҳодиса сарвазири Итолиё дар бораи вазъ дар об изҳори назар кард: “Дар шароити номусоиди обу ҳаво сар додани киштие бо дарозии ҳамагӣ 20 метр бо 200 нафар дар об ҷиноят аст. Мубодилаи ҷони мардону занон ва кӯдакон ба қимати “билет”, ки онҳо бо умеди бардурӯғи сафари бехатар пардохт мекунанд, ғайриинсонист”.

Зиёда аз ин, баъд аз ин ҳодиса сарвазир қатъиян изҳор кард, ӯ бо ҳукумати Итолиё ният дорад, пеши роҳи муҳоҷирати ғайриқонуниро бигирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь