Рейтинги президенти Русия Владимир Путин дар байни шаҳрвандони ИМА якбора баланд шудааст. Ба президенти Русия 34 дарсади америкоиҳо эътимод доштаанд. Тадқиқот аз ҷониби маркази тадқиқоти Пю гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар сомонаи ташкилот нашр шудааст.

Дар тадқиқот  зиёда аз 1505 шаҳрванди ИМА ширкат намудаанд, ки синнашон ба 18 расида буд. Дар муқоиса бо соли 2015, маъруфияти президенти Русия дар Иёлоти Муттаҳида ду баробар зиёд шудааст.

Чунин тадқиқот дар дигар кишварҳо низ  баргузор гардидааст. Маьлум гардидааст, ки дар 22 кишвар пурсишудагон аз Юнон ва Лубнон (31%), Олмон (25%), Кореяи Ҷанубӣ (27%), Фаронса (18%) Ҷопон (28), Италия (26), Испания (7%), Ветнам (21%) ба президенти Русия эътимод доштаанд. Пурсишудагони 13 кишвар, аз ҷумла Олмон (11%), Кореяи Ҷанубӣ (17%), Фаронса (14%), Ҷопон (24%), Италия ( 25%), Испания (5%) ба президенти Амрико Доналд Трамп эътимод доштаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь