Дар миқёси вилояти Хатлон 33 сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 454,3 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо ба соҳаҳои маориф 6,9 дарсад, кишоварзӣ 10,9 дарсад, обу иррагатсия 12,5 дарсад, энергетика 25,4 дарсад, нақлиёт 41,2 дарсад ро ташкил медиҳанд.
Ба иттилои сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилояти Хатлон Қурбон Қурбонзода, дар қаламрави вилоят ба маблағи 53 миллиону 489,5 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки ба шаҳру ноҳияҳои Ёвон 16 миллиону 721,6, Левакант 12 миллиону 319, Хуросон 2 миллиону 459,9 ва Данғара 21 миллиону 988,4 ҳазор доллар рост меояд. Нишондоди воридоти сармояи хориҷӣ дар вилояти Хатлон нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 1 миллиарду 465 миллиону 44,4 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аз тарафи соҳибкорон дар шаҳру навоҳии вилоят соли гузашта 195 адад биною иншоот ва корхонаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бо сарфи ҷамъан 130,4 миллион сомонӣ сохта шуда, ба ин васила беш аз 671 ҷойи нави корӣ фароҳам омадааст.
– Дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон 46 лоиҳаи сармоягузорӣ доир ба таъсири корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, меваю сабзавот, коркарди пахта, пашму пӯст ва дигар иншоотҳои хусусияти истеҳсолдошта таҳия намуда, барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд, – афзуд Қурбон Қурбонзода.
Аз ин ҳисоб 6 адад лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 10,9 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт ва лоиҳаҳои дигар мавриди омӯзиш қарор доранд.
Ҳамзамон, таҳлили лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ нишон дод, ки дар вилоят аз ҳисоби лоиҳаҳои “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот”, “Саноаткунонии соҳаи кишоварзӣ”, “Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим” ва “Барномаи мутобиқгардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал” ба 3 ҳазору 632 нафар соҳибкорону шаҳрвандони вилоят ба миқдори 7 миллиону 325,5 ҳазор доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев