Шоми гузашта дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон нишасти матбуотии тимҳои миллии Русия ва Тоҷикистон баргузор шуд. Сараввал сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ва ниммуҳофизатгари даста Парвизҷон Умарбоев доир ба рақобат муқобили дастаи Русия фикрҳои худро баён намуда, ба саволҳои хабарнигорон посух гуфтанд.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар бораи бозӣ бо мунтахаби Русия гуфт, ки ин даста аз ҷумлаи тимҳои пурқувват аст: “Рақобат бо тими Русия осон нахоҳад буд. Ин тим яке аз мунтахабҳои пурқудрат аст, вале мо кӯшиш мекунем, ки зидди ин даста муқобилияти арзанда нишон диҳем. Ҳама чиз фардо маълум хоҳад шуд”.
Ин мутахассис ба саволи журналистон, ки чаро Фатҳулло Фатҳуллоев ба ҳайати даста даъват нашуд, ҷавоби кӯтоҳ гардонд: “Мо бисёртар ба ҷавонон такя мекунем ва мехоҳем ҳунари насли ҷавон бештар рушд кунад”.
Дар ҳамин баробар, бояд зикр намуд, ки Ҳамадонӣ Камолов, футболбози ҷавон ва бомаҳорати тоҷик, ки дар яке аз дастаҳои Испания бозӣ мекунад, ба ҳайати тими миллӣ даъват нашуд. Ҳамчунин, Шериддин Бобоев, ки дар Чемпионати Эрон ҳунарнамоӣ мекунад, ба даста шомил нагардид.
Бозингари мунтахаби Русия Владимир Сичевой дар нишасти матбуотӣ аз истиқбол ва меҳмондории тоҷикона изҳори қаноатмандӣ намуд, вале аз вазъи майдон норозигӣ баён кард:
“Пӯшида нест, барои мо бозӣ дар майдоне, ки чамани сунъӣ дорад, каме мушкилӣ пеш меорад, вале кӯшиш мекунем, то ин садди роҳи мо нашавад. Мо барои ғалаба талош мекунем”.
Дар ҳамин баробар, сармураббии мунтахаби Русия Валерий Карпин низ аз вазъи майдон гуфт, вале қайд намуд, ки «шароит ва вазъи майдон чунин аст».
«Бозингарони мо бояд ба он мутобиқ шаванд. Ин барои бозии хуб нишон додан баҳона шуда наметавонад. Ҳарчанд вазъи чамани варзишгоҳ моро қаноатманд намекунад, вале муҳим он аст, ки мо аз чӣ гуна тактикаи бозӣ кор мегирем”.
Маврид ба зикр аст, ки бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистон ва Русия ин шом, соати 20:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Давлатҷон Абдуллозода