Ҳамасола шумораи зиёди одамон зери хатари нобудшавӣ қарор доранд. Миёни чунин шахсон метавон иштироккунандагони амалиётҳои харбӣ; кӯдаконе, ки аз оилаҳои худ ҷудо шудаанд ва маҷбуран аз хонаҳояшон гурехта ё ба гурӯҳҳои мусаллаҳ пайвастаанд, боздоштшудагоне, ки наметавонанд бо хешовандони худ тамос гиранд, инчунин муҳоҷирони дохилӣ ва иҷборие, ки робитаро бо наздиконашон гум кардаанд, номбар кард.

Аз ин рӯ, ҳамасола, рӯзи 30-юми август, Рӯзи байналмилалии бедаракшудагон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба хотираи ҳазорон нафар бедаракшудагоне бахшида шудааст, ки дар майдонҳои набард ҳалок шудаанд ё дар ҷойҳои махфӣ нигоҳ дошта мешаванд ё ин, ки ба таври номаълум қатл карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои фаъолияти Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҷустуҷӯи афродест, ки дар замони ҷанг бедарак шудаанд. Аммо ҳатто ин кумита наметавонад теъдоди дақиқи гумшудагонро дар ҷаҳон муайян кунад. Шумораи чунин одамон ҳазорҳо ва шояд миллионҳо нафар бошад. Хонаводаҳои бедаракшудагон бошад дар интизори гирифтани хабари наздиконашон зиндагӣ ба сар мебаранд.

Мувофиқи маълумоти Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба асирон, шахсони ба гарав гирифташуда  ва гумшудагон, шумораи озарбойҷониҳои аз ибтидои солҳои 90 -уми асри гузашта бедарак шуда 3890 нафарро ташкил медиҳанд. Аз инҳо, 3171 нафар низомиён, 719 нафар шаҳрвандони оддӣ мебошанд. Ҳангоми дар асорат қарор доштани ғайринизомиён, 71 нафари онҳоро кӯдакони ноболиғ, 267 нафар занон ва 326 нафарро пиронсолон ташкил медоданд.

Маводҳое, ки дар ихтиёри Комиссияи давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба корҳои асирон, гаравгонон ва шаҳрвандони бедаракшуда қарор доранд, исбот мекунанд, ки ҷониби Арманистон сиёсати ҳадафмандонаи наслкуширо нисбати шаҳрвандони ба асир ва гаравгон гирифтаи Озарбойҷон ба кор мебарад.

Садҳо шаҳрванди Озарбойҷон, аз ҷумла кӯдакон, занон ва пиронсолон, ки дар асорати арманиҳо қарор доштанд, қурбони шиканҷаи тоқатфарсо шуданд. Далелҳои сершумор аз он шаҳодат медиҳанд, ки нисбати асирон ва ба гарав гирифта шудагон шиканҷаҳои даҳшатбор истифода мешудаанд: онҳо бераҳмона латукӯб мешуданд, барқасдона маъюб карда мешуданд; дар пӯсти онҳо тамға мегузоштан; нохунҳо ва дандонҳояшонро меканданд; бо калтакҳо то марг лату кӯб карда мешуданд.

Яке аз даҳшатовартарин фоҷиае, ки мардуми Озарбойҷон бо он дар асри ХХ  дучор омад, наслкушии Хоҷалӣ мебошад. Шурӯъ аз соли 1988 нақшаи бадарғаи иҷбории озарбойҷониҳои сокини 126 нуқтаи аҳолинишини  Қарабоғи Кӯҳӣ, ки ҷузъи ҷудонашавандаи Озарбойҷон аст, амалӣ карда шуд. Маҳз дар ҳамин давра нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон дар як шаб шаҳри Хоҷалиро, ки дар он 6 ҳазор озарбойҷонӣ зиндагӣ мекарданд, бераҳмона хароб карданд,  613 ғайринизомӣ бо бераҳмии бемисл ба қатл расонда шуданд, 150 нафари дигар бошад, бедарак гаштанд. Дар ин фоҷиаи хунин 1000 шаҳрванди осоишта захмӣ шуданд ва 1275 нафар – пиронсолон, занон ва кӯдакон асир шуданд ва мавриди таҳқири шадид, азоб ва шиканҷа қарор гирифтанд.

Бояд таъкид кард, ки Озарбойҷон бо созмонҳои махсус ва мақомоти СММ фаъолона ҳамкорӣ мекунад. Озарбойҷон узви Комиссияи мақоми Занон буд. Озарбойҷон ҳамчунин сарпарасти асосии Қарори қабулшудаи Комиссия “дар бораи раҳоии занону кӯдаконе, ки дар натиҷаи муноқишаҳои ҳарбӣ гаравгон гирифта шудаанд” буд.

Ҳадафи мардуми Озарбойҷон – барқарор кардани адолати таърихӣ, пешгирӣ ва решакан кардани чунин ҷинояткорӣ, фош намудани гунаҳгорон ва ба ҷавобгарии ҷомеаи ҷаҳонӣ кашидани онҳо мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь