Баррасии парвандаи куштори афсари милиса, лейтенанти калон Меҳроншоҳ Ҷумъаев, ки 7-уми феврал ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ, дар дохили бинои ШВКД ноҳияи Панҷ, аз тири ҳамкораш ба қатл расонида шуд, 28-уми апрел дар суди ноҳияи Панҷ оғоз мешавад, хабар дод Холиқназар Ҷумъаев, аз хешовандони наздики милисаи марҳум, бо истинод ба даъватномаи Суди ноҳияи Панҷ.
Прокуратураи ноҳияи Панҷ дар марги ӯ Насим Амирзода, донишҷӯи соли чоруми бахши ғоибонаи Академияи вазорати корҳои дохилиро бо моддаи 108, қисми 2 (куштор аз беэҳтиётӣ), айбдор донистааст. Наздикони милисаи марҳум ҳанӯз ба тасодуф будани марг бовар надоранд ва боварӣ доранд, ки суд мӯйро аз хамир ҷудо карда, ба гунаҳкорон ҷазои сазовар таъйин мекунад.
Қаблан ҳолатҳои зиёде ба қайд гирифта шуда буданд, ки гумонбарҳо тасодуфан як тир зада, ҳамкори худро ба қатл расонида буданд, вале шояд дар таърихи сохибистиқлолии Точикистон ин нахустин парвандае бошад, ки гумонбар ба хамкори худаш ду тир холӣ мекунад, ки яке хато рафта, дуюмӣ ба ҳадаф мерасад ва тарафро дар ҷои ҳодиса мекушаду тафтишот онро тасодуф эътироф мекунад, иброз медоранд наздикони милисаи кушташуда.
Хотиррасон мекунем, ки Меҳроншоҳ Ҷумъаев ба ҳайси нозири минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ хизмат мекард ва 7-уми феврали соли равон ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ дар бинои ШВКД ҳангоми қабули силоҳ аз тири “Калашников”, ки аз сӯи ҳамкораш паронда шудааст, ҳалок шуд. Мақомот гуфтанд, ду тир аз беэҳтиётӣ паронда шудааст.
Хешовандони Меҳроншоҳ дар рафти тафтишот ду маротиба ба рафти тафтишот нобоварӣ изҳор карда, аз болои он ба Президенти кишвар, Прокуратураи генералӣ, прокурори вилояти Хатлон шикоят карда, дархост намуданд, ки ба хотири хаматарафа, холисона ва беғаразона пеш бурдани тафтишот парвандаро аз Прокуратураи Панҷ ба ихтиёри Прокуратураи вилояти Хатлон ё Прокуратураи генералӣ вогузор кунанд, вале муваффақ нашуданд. Акнун ягона умедашон суд аст.