Дар ноҳияи Фархор як афғонистонӣ бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар боздошт шудааст, хабар медиҳад маркази матуботи ВКД ҶТ.

Ҳангоми гузаронидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Забиаллоҳ валади Нулҳақ, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Чармгарони вилояти Тахор ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъаовар дастгир карда шудааст.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш, мувофиқи маълумотномаи Раёсати ташхисӣ-криминалистии Вазорати корҳои дохилӣ, 27 килою 340 грамм маводи нашъадори навъи “афюн” ва 520 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш”, дарёфт ва мусодира карда шудааст. Гуфта мешавад, ки ҷамъи маводи нашъадор 27 килою 860 граммро ташкил медиҳад.

Айни замон номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь