Дар вилояти Хатлон аз соли 2017 то 5 моҳи соли 2019-ум 10 ҳазору 437 нафар падару модар барои бе масьулиятӣ нисбати фарзандони ноболиғашон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Махфирад Хидирзода дар як баромадаш гуфт, ки тибқи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои бемасъулиятӣ дар таълиму тарбияи фарзанд соли 2017-ум 4595 волидайн 558 ҳазору 461 сомонӣ, соли 2018-ум 4126 нафар 453 ҳазору 995 сомонӣ ва дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 1626 волидайн 196 ҳазору 301 сомонӣ ҷарима шудаанд.

Ба гуфти ӯ аз соли 2016 дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шаҳритус, Восеъ, Ёвон ва Шамсиддин Шоҳин 24 духтари ноболиғ ба шавҳар дода шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь