5 октябри соли 2021 сафорати ИМА дар Душанбе, дар доираи кумак ба Тоҷикистон, баҳри мустаҳкам кардани марзҳои давлатӣ 20 автомошинаи тамғаи “Jeep”-ро ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон тақдим кард. Мошинҳои дорои арзиши 1,4 миллион доллар ба нерӯҳои вижаи Вазорати дифоъ имкон медиҳанд, ки дар манотиқи душворгузари марз амалиёт анҷом диҳанд.

Сафири ИМА Ҷон Марк Поммершайм ва генерал-майор Бобозода Хусрав, муовини вазири мудофиа оид ба технология ва таъминот, дар маросими супурдани мошинҳои сабукрави бисёрҳадфа иштирок карданд. Сафир Поммершайм дар маросим суханронӣ карда, қайд кард: “Ин кумаки хайрия як мисоли дастгириест, ки мо ба Тоҷикистон барои таъмини амнияти марзҳо мерасонем. Мо аз Тоҷикистон барои ҳамкории зич дар соҳаи амнияти марзҳо миннатдорем ва аз дастовардҳои муштараки худ ифтихор мекунем. Мо дар мубориза бар зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва паҳншавии ҳастаӣ шарик мемонем. Вақте якҷоя кор мекунем, мо қавитар мешавем. ”

Аз соли 1992 инҷониб Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 330 миллион доллар кумаки низомӣ расонидааст. Ин кумак омӯзиш, таҷҳизот ва инфрасохторро дар бар мегирад. Дар доираи ин кумак 358 мошин ба нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ба маблағи умумии 10,5 миллион доллар тақдим гардиданд. Ҳамчунин, ба беш аз 10 000 низомӣ ва маъмурони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ усулҳои муассири муқобила ба таҳдидҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва амалиёти махсус омӯзонида шуданд. Илова бар ин, Ҳукумати ИМА қаблан дар баталёни муҳофизони сулҳи Шамсӣ таъмир анҷом дода, лагери омӯзишӣ, сохт ва корҳои сохтмониро дар Маркази омӯзишии саҳроии кӯҳии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи умумии 1,5 миллион доллари ИМА ба анҷом расонид.

Иёлоти Муттаҳида дар тӯли 30 сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат Иёлоти Муттаҳида барои дастгирии барномаҳои амниятӣ, рушди иқтисод, тандурустӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, маориф ва ба рушд ва ҳамкориҳои низомӣ ба маблағи 1,8 миллиард доллар кумак расонидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь