Мувофиқи маълумоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2017-ум 2 млн симкорти мобилӣ, аз сабаби дар давраи азнавбақайдгирии симкортҳо аз қайд нагузаштанд, баста шуданд.

Ин нуқтаро имрӯз муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атоев Илҳомҷон қайд кард. Инчунин, гуфта шуд, дар давраи азнавбақайдгирии симкортҳо 63505301 симкорт аз нав ба қайд гирифта шуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ шумораи умумии муштариёни алоқаи мобилӣ 6625324 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин ҳисоб 3967066 нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.

Ёдовар бояд шуд, ки мувофиқи қарори Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30- апрели соли 2016, № 207 – 7  азнавбақайдгирии симкортҳо дар давоми 1 сол аз тарафи ширкатҳои мобилии кишвар гузаронида шуд.

Нуралӣ Карим

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь