Федератсияи Русия барои дастгирии Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон ба Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) 2 миллион доллари ИМА ба таври иловагӣ ҷудо менамояд. Ин маблағ барои хариди маводи ғизоӣ тақрибан ба 2000 мактаби кишвар бо мақсади бо хӯроки гарм таъмин кардани мактаббачагон сарф карда мешавад. Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ фиристода-мушовири Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Шамил Фоатович Шамсутдинов ва намоянда ва директори Барномаи озуқавории чаҳонии СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам хабар доданд.

«Ғамхорӣ баҳри насли навраси Тоҷикистони дӯст яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мост. Русия аллакай беш аз 82 миллион долларро барои Барномаи ғизои мактабӣ дар ҷумҳурӣ дар рӯҳияи иттифоқчигӣ ва шарикии стратегӣ, ки кишварҳои моро 30 сол боз бо ҳам мепайвандад, ҷудо намудааст”, – таъкид кард Шамил Фоатович Шамсутдинов.

«Ин саҳм барои мактаббачагони тоҷик хеле саривақтист. Тавассути ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии доимии Федератсияи Русия, Барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби БОҶ барои таъмин кардани кӯдакон бо ғизои солим мусоидат мекунад, ки ба рушду инкишофи солими онҳо аҳамияти калон дорад», – зикр намуд Адҳам Мусаллам. «БОҶ ҳамчунин ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии техникӣ мерасонад ва кӯшишҳои онро баҳри идора ва ҳамоҳангсозии Барнома дар саросари кишвар дастгирӣ мекунад», – қайд кард ӯ.

Барномаи ғизои мактабӣ калонтарин лоиҳаи БОҶ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки аз соли 2013 аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ мешавад. Дар доираи он хонандагони синфҳои аз 1 то 4 аз 2000 мактаби 52 ноҳия ва шаҳри ҷумҳурӣ мунтазам бо хӯроки гарми солим таъмин карда мешаванд. Дар соли 2021 муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ҳудуди 7 ҳазор тонна маводи ғизоӣ дарёфт карданд, ки имкон дод ҳудуди 440 ҳазор хонандаи мактаб бо ғизо таъмин гарданд.

Аз соли 2013 Федератсияи Русия барои татбиқи Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон маблағ дар Тоҷикистон 82,1 миллион доллар ҷудо мекунад, аз ҷумла 54 миллион доллар барои кумаки ғизоӣ ва 28,1 миллион доллар барои навсозии инфрасохторӣ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь