18-уми январ астероиди 7482 (1994 PC1), ки диаметраш тақрибан 1,1 км аст, аз наздикии Замин парвоз мекунад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти нашркардаи Идораи миллии аэронавтика ва омӯзиши кайҳон (NASA) хабар медиҳад.

Масофаи қарибтарине, ки астероид ба Замин наздик мешавад, тақрибан 2 миллион километр буда, бо суръати беш аз 70 ҳазор км/соат парвоз хоҳад кард. Бо вуҷуди он ки астероид дар наздикшавии ниҳоят баланди худ дар масофаи чанд маротиба бештар аз масофаи Замин то Моҳ қарор хоҳад дошт ва хатари воқеии бархӯрд вуҷуд надорад, коршиносони NASA чунин объектҳои кайҳониро “эҳтимол хатарнок» меҳисобанд.

Астероиди 7482 (1994 PC1) аз ҷониби мунаҷҷими шотландӣ Роберт Макнаут соли 1994 кашф шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь