Cарвазири Исроил Бинямин Натаняҳу бо истиқбол аз таъйини замони интиқоли сафоратхонаи Амрико аз Тел Авив ба Қудс, аз президенти Амрико Доналд Трамп даъват кард, дар маросими кушоиши сафоратхона дар Қудси ишғолӣ ширкат кунад.
Сухангӯи котиби давлатии Амрико Хезер Науэрт дар баёнияе эълом кард, 14 майи 2018 сафорати ин кишвар аз Тел Авив ба Байтулмуқаддаст интиқол меёбад.
Аз сӯи дигар чор манба дар Кохи Сафед эълом карданд, Шелдон Аделсон, миллиардери яҳудӣ-амрикоӣ пешниҳод кардааст, ҳазинаи сохти сафорати ҷадиди Амрикоро, ки давлати Амрико қасд дорад онро дар Қудс бисозад, таъмин кунад.
Аделсон аз бузургтарин кумаккунандагон ба Ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрико ва Ситоди таблиғоти интихоботи Доналд Трамп башумор меояд.
Ӯ ҳамчунин яке аз наздиктарин ашхос ба Бинямин Натаняҳу ба шумор меояд ва моликияти рӯзномаи «Israel Hayom», ки пурфуруштарин рӯзнома дар Исроил аст, дар ихтиёр дорад.
Сарвати Аделсон ҳудуди 40 миллиард доллар гуфта мешавад, ки аз клубҳо ва бошгоҳҳои шабона, меҳмонхонаҳо ва дигар дороии вай таъмин мешавад.