Зилфия Давлатзода, вазири фарҳанги кишвар, зимни нишасти матбуотии имрӯз гуфт, барои харидории асарҳои мусиқавӣ, драммавӣ ва бадеӣ наздик ба 160 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд, вале ҳамаи онҳо ба саҳна нарафт.
Давлатзода перомуни суоли хабарнигорон аз вазъи театрҳои ҷумҳурӣ гуфт, дар соли сипаришуда дар 18 театри касбӣ 47 асари нав ба саҳна гузошта шуд, ки 131 ҳазор тамошобин дошт.
– Аз ин 7 асари драммавӣ ва 12 асари бадеӣ харидорӣ шуда буданд, ки бо вазъи бавуҷудомадаи эпидемиологӣ 12 асари харидоришуда ба саҳна гузошта нашуданд, – гуфт вазири фарҳанг.
Ӯ афзуд, асарҳои нав бо маблағи 158 ҳазор сомонӣ харидорӣ шуданд, ки бо беҳбуд ёфтани вазъияти баамаломада ба саҳна гузошта мешаванд.
Ҳамзамон, вазир иброз дошт, ки имкон доранд, пас аз беҳтар шудани вазъи пандемии коронавирус то 20 нафарро барои табодули таҷрибаҳо ба кишвари Ӯзбекистон фиристонанд.
Ин дар ҳолест, ки аҳли адаб, ҳунармандон ва зиёиёни кишвар аз камбинанда шудани театрҳои ҷумҳурӣ нигаронӣ доранд ва мегӯянд, ба ҳар роҳе бинандаро бояд ба театр баргардонд.