Раиси ноҳияи Паркенти Ӯзбекистон Неъматулло Абдуллоев дар як ҷаласаи 45-дақиқаии худ раҳбарони корхона ва маҳаллаҳои ноҳияро барои сафарбар кардани теъдоди ками одамон ба пахтачинӣ ва ҳисоботи бардурӯғ 126 бор дашноми қабеҳ додааст.
Навори аудиоии ин ҷаласа, ки 1 ноябр баргузор гаштааст, дастраси расонаҳои ин кишвар гардидааст. Муаллифи навор мегӯяд, Абдуллоев дар ҷаласа гуфтааст, ки зидди раис, прокурор ва сардори полиси ноҳияи Бекободи Ӯзбекистон барои ҳисоботи дурӯғ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст ва ин ӯро хеле нигарон кардааст.
«Коллеҷҳо ҳисобот медиҳанд, ки 1,5 тонна пахта супоридаанд, вале дар асл танҳо 700 кило ҷамъоварӣ кардаанд. Дирӯз ту, фоҳиша гуфтӣ, ки 3 тонна пахта супоридед, дар ҳоле ки 700 кило чида будед», – хитоб мекунад раиси ноҳия ба мудири коллеҷ.
«Агар 5 тонна пахта насупоред, олатҳоятонро меканам», – таҳдид кардааст Абдуллоев дар ҷаласа ба раҳбарони чор маҳалла.
Баъдан раиси Паркент ба прокурор ва сардори полиси ноҳия дастур медиҳад, то мошинҳои раҳбарони корхонаҳоеро ҳабс кунанд, ки ба пахтазор теъдоди кофии пахтачин сафарбар накардаанд ва ба додани ҳисоботи дурӯғ машғуланд.
Худи Абдуллоев 126 бор дашном додани иштирокдорони ҷаласаашро дар 45 дақиқа рад кардааст. «Дар ҳақиқат ман онҳоро барои ироаи ҳисоботи бардурӯғ сарзаниш кардам, вале агар касе аз онҳоро таҳқир карда бошам, бигзор маро ба суд бикашанд», – гуфтааст ӯ.