Аз ҷониби мақомоти прокуратура ба 14 қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун эътироз оварда шудааст, ки аз он 11 ададаш бекор ва 3 адади дигари он ба қонун мутобиқат карда шудааст.

Одиназода Абдулҳафиз, раиси ноҳияи Ҷайҳун, имрӯз дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, 8 қарор дар самти замин бекор шудаст, ки аз ин ду қарораш аз худи ӯ мебошад.

Аммо як нафари дигар аз толор бе муарпифӣ гуфт, ҳамагӣ 11 қарори раиси ноҳия бекор шудааст, ки ду адади он ба Одиназода Абдулҳафиз раиси ҳозираи ноҳия  рост меояд ва омили бекор шудани ин ду қарор ғайриқонунӣ додани замин аз ҷониби комисия ба шахсоне,к и ба замин эҳтиётманҷ нестанд, мебошад.

Одиназода Абдулҳафиз дар идома афзуд, мутахассиси замин ҳаст, ҳар қароре, ки мебарорад, дар якҷоягӣ бо мақомоти прокуратура мувофиқа мекунад, то хатое набошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь