Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 1 ҳазору 49 сабти талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 338 адад кам аст.

Дар ин бора зимни нишасти хабарии  Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар ин давра 12 ҳазору 940 сабти никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 1553 сабт кам аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум 90 ҳазору 862 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, дар шаш моҳи соли 2023-ум бошад ин шумора 90 ҳазору 713 сабтро ташкил медод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь