Дар 9 моҳи соли 2019-ум ба ноҳияи Шаҳритуз 1033 сайёҳи хориҷӣ ва 1886 сайёҳи дохилӣ омада, аз маконҳои таърихию сайёҳии ноҳия дидан кардаанд.

Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ба мо хабар доданд, ки маъмултарин мавзеъҳои таърихии ноҳия “Хоҷа Машҳад”, “Хоҷа Дурбод”, “Хоҷа Сарбоз”, ”Сайёд”, “Тилло Ҳаллоҷӣ”, “Хоҷа Гайб”, “Кони намак” ва “Масҷиди русҳо” мебошанд, ки бештар сайёҳон аз ин маконҳо дидан кардаанд.

Ёдгориҳои таърихии ноҳияи Шаҳритуз аз асрҳои 3-4 боқӣ мондаанд, ки имрӯз ниёз ба тавваҷҷуҳ доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь