Вакили дифои сокини 28-солаи вилояти Бухорои Ӯзбекистон Шералӣ Маҳмудов, ки бо ҷурми хариду фурӯши инсон 10 сол зиндонӣ шуд, талаб дорад, то шахси зери ҳимояи ӯро озод кунанд. Қарор аст, суди баррасии шикоятҳо дархости вакили дифои Маҳмудовро 1 декабр баррасӣ кунад.
Бар пояи қарори суд аз 17 октябр, Маҳмудов шаҳрванди Ӯзбекистон Севара Ғуломоваро, ки барои табобати бемории саратон ба Туркия рафта буд, ба танфурӯшӣ маҷбур кардааст.
Вале вакили дифои ин сокини Бухоро ҳукми судро ноодилона меномад. Ӯ хоста буд, ки шахси зери ҳимояаш аз толори суд озод карда шавад. Наздикони маҳкумшуда мегӯянд, Маҳмудов қурбони раҳмдилии худ шудааст, аммо муфаттиш 29 ноябр гуфтааст, ки парвандаи Маҳмудов бо риояи тамоми меъёрҳои Кодекси мурофиавии ҷиноятии ин кишвар баррасӣ шуда, дар ҷараёни он ҳамаи ҳуқуқҳои айбдоршаванда таъмин гаштаанд.
Ёдрас мешавем, моҳи августи соли равон расонаҳо саргузашти сокини шаҳри Тошканд Севара Ғуломоваи 37-соларо нашр карданд, ки гуфт, соли 2016 се моҳ дар асорати шаҳвонӣ қарор дошт. Ба гуфтаи Ғуломова, бародарон Шералӣ ва Алишер Маҳмудовҳо аз вилояти Бухоро ӯро ба танфурӯшӣ дар Туркия маҷбур кардаанд.