Иттиҳоди Аврупо 10 миллион евроро иловатан чудо намуда, татбиқи “Лоиҳаи идоракунии ҳавзаи дарёи Зарафшон ва барқарорсозии шабакаи обёрӣ дар водии Зарафшон”ро дастгирӣ мекунад  

Иттиҳоди Аврупо дар моҳи феврали соли 2019 ба “Фонди мақсадноки донори ягона” 10 миллион евроро иловатан тахсис намуда, онро дар якҷоягӣ бо Бонки ҷаҳонӣ оид ба барқарорсозӣ ва рушд (Бонки ҷаҳонӣ) баҳри барқарорсозии низоми идоракунии захираҳои обӣ ва системаи обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон амалӣ мекунад.

Ҳадафи лоиҳаи мазкур (бо ҳаҷми умумии маблағгузории Иттиҳоди Аврупо 15,6 млн. евро барои давраи татбиқи лоиҳа дар солҳои 2016 -2021) ин беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ тавассути баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ бо роҳи афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва даромади иловагӣ ва таҳкими заминаи институтсионалӣ барои банақшагирӣ ва идоракунии низоми обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон аст. Баҳрагирандагони ин лоиҳа Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, хоҷагиҳои деҳқонӣ, хонаводаҳои деҳотӣ, Агентии бехдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар назар аст, ки ба туфайли ин лоиҳа, ки тақрибан майдони 30,000 гектарро фаро мегирад, инфрасохтори обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон беҳтар мегардад, алалхусус, 21,000 гектар бо низоми идоракунии ҳаҷми об фаро гирифта мешавад, инчунин 1100 км ҷӯйҳои обёрӣ тоза ва барқарор карда мешаванд. Лоиҳа низ 13 истгоҳҳои обкаширо, 28 чоҳи об, 58 иншооти гидротехникӣ, 5 шабакаи обёрӣ ва қубурҳо ва 4 ҷои хатарноки соҳили дарёро таъмир хоҳад кард. Ғайр аз ин, иқтидори Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва Агентии бехдошти замин ва обёрӣ тавассути тренингҳо барои кормандони ин сохторҳо тақвият хоҳад ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь