Президенти Амрико Ҷо Байден миллиардер Илон Маскро ба кӯшиши харидани итихобот гунаҳгор кард.
«Ман аз Илон Маск ва дӯстони сарватманди вай, ки кӯшиш доранд то интихоботи президентиро дар Амрико харанд, хаста шудам», – навишт президенти Амрико дар саҳифаи шахсиаш дар Интернет.
Ба ин шарҳаш Ҷо Байден ишора ба сайтеро, ки дар он акси Илон Маск ва Доналд Трампро зери даъвати овоздиҳӣ ба собиқпрезидент илова намудааст.
Маск чандин маротиба дар шабакаҳои иҷтимоӣ президенти кунуниро ба боди масхара кашида, ишора намуд, ки дар интихоботи қарибулвуқуъи президентӣ дар Амрико аз номзади ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп дастгирӣ менамояд.
Ҳафтаи гузашта нашрияи “Wall Street Journal” бо истинод ба сарчашмааш хабар дод, ки миллиардер нақша дорад то 45 миллион долларро барои ҳар моҳ ба хазинаи кумитаи сиёсии кӯмак ба маъракаи пешазинтихоботии Трамп гузаронад. Худи Маск бошад ин хабарро “фейк” номид.