Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Имороти Муттаҳидаи Араб пирӯз шуда, ба даври чорякниҳоии ин мусобиқот роҳ ёфт ва акнун бо ғолиби ҷуфти Ироқу Урдун бозӣ мекунад.
Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 30-юм пас аз партофти хуби Зоир Ҷӯрабоев ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 90+5-ум футболбозони Имороти Муттаҳидаи Араб бо талоши Халифа Муборак Ал-Ҳаммадӣ мувозинатро барқарор карданд. Тамошобинон дар вақти изофӣ ягон гол надиданд. Дар зарбаҳои пеналтӣ маҳорати футболбозон ва дарвозабони Тоҷикистон кор дод – 5:3. Дарвозабон Рустам Ятимов яке аз зарбаҳои футболбозони дастаи Иморотро бартараф кард. Зарбаҳои пеналтиро Аҳтам Назаров, Эҳсони Панҷшанбе, Ваҳдат Ҳанонов, Рустам Соиров ва Алишер Шукуров бе хато ба ҳадаф расонданд.
Ба ин тартиб, шогирдони Петар Шегрт таърихсозиро идома медиҳанд ва дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 2 феврал бо ғолиби ҷуфти Ироқу Урдун бозӣ хоҳанд кард.