Додгоҳи вилояти Самараи Русия қарори ҳабси ду зодаиТоҷикистон ва як шаҳрванди Ӯзбекистонро бо гумони қасди куштори вакили Думаи Давлатӣ ва ронандааш содир кард.

Боздоштшудаҳо Михаил Матвеев, вакили Думаи Давлатӣ аз Самараро дар сараш задаанд ва дасти ронандаашро шикастаанд.

Михаил Матвеевро як вакили моҷароҷӯ медонанд, ки бо баёнияҳои шадидлаҳни зидди муҳоҷирон маъруф аст.

Саҳифаи додгоҳи Самара дар телеграм навишт, ки як зодаи Тоҷикистон Артур Богиров 16 сола ва дигаре, Некрӯз Боҳирови 19-сола ва шаҳрванди Русия ҳастанд. Мурод Мусоров, шаҳрванди боздоштшудаи Узбекистон 19-сол дорад.

Онҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки гуноҳ надоранд ва қасди куштори касеро надоштаанд.

Ҳодиса рӯзи 18-уми июл рух додааст.

Дар аввал нисбат ба онҳо бо гумони “авбошӣ парванда боз карданд, вале бо тақозои Александр Бастрикин, раҳбари Кумитаи тафтишотии Русия онро ба қасди куштор” иваз карданд.

Александр Бастрикин борҳо зидди муҳоҷирони меҳнатӣ назар додааст.

Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатӣ иддао кардааст, ки ӯ ҳангоми гузаштан ба гурӯҳе дучор шудааст, ки раҳгузаронро латукӯб мекарданд ва хостааст, онҳоро аз ин корашон боздорад, вале ба худи ӯ ҳамла кардаанд. Ӯ иддао кардааст, ки ҳамлагарон бо чӯб ба дасти ронандааш ва бо зарфи шишагӣ ба сари ӯ задаанд.

Айбе, ки нисбат ба боздоштшудаҳо эълон кардаанд, то 15-соли зиндонро пешбинӣ менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь