Коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар дар шаш моҳи соли ҷорӣ бо харҷӣ 154 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 8,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и шаҳри Бохтар Юсуфзода Афзал ба “Фараж” иттилоъ дод, ки дар шаҳр 59 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки самти фаъолияти 21 корхона истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ, 12 корхона дӯзандагӣ, 13 корхона сохтмонӣ ва 10 адади дигар ба дигар соҳаҳо равона карда шудааст.
Ӯ гуфт, ки дар ин давра аз 59 коргоҳу корхонаҳои шаҳр 45 ададаш фаъолияти хуб доштанд. Мутасифона 13 кохона бинобар мавсимӣ будан, надоштани маблағ ва фармоишгар фаъолият накарданд, ки 10 корхонаи он аз соли 2022-ум аз фаъолият боз мондаанд.
“Дар коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Бохтар 91 адад номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, музди меҳнати кормандон аз 800 то 2500 сомониро ташкил медиҳад” – илова кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бунёди 17 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба нақша гирфита шудааст. Аз онҳо то имрӯз 10 ададаш сохта ба истифода дода шуда, ҳоло сохтмони се адад корхонаи дигар бо маром идома дорад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ду корхона, ҶДММ “Коргоҳи дузандагии Малика” ва ҶДММ “Мустафо Бохтар” ба истифода дода шуд, ки дар онҳо 33 нафар бо ҷойи корӣ доими таъмин гардиданд.