Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба 32 оилае, ки аз офати табиӣ зарар дида буданд кумаки яквақтаина расонида шуд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба “Фараж” хабар доданд, ки санаи 19-уми июли соли 2024 ба 32 оилаи аз офатҳои табиӣ зарардида кумаки яквақтаина дар намуди маводи хӯрока расонида шуд. Гуфта мешавад ташаббуси мазкур аз ҷониби раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва шахсони хайрхоҳ амалӣ гардидааст.
Бояд гуфт, ки оилаҳои зарардида сокинони Ҷамоати деҳоти Калинин ва Ҷамоати шаҳраки Гулистон мебошанд.
Блоки рекламавӣ