Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ошно месозем.

Бояд гуфт, ки бо ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вусъати тоза гирифта, аз ҷумла бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди боғу токзорҳо мардуми меҳнатқарини ноҳияро боз ҳам рӯҳбаланд намудааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ афзоиши мунтазами ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои саноатӣ, кишоварзӣ, иҷрои буҷет таъмин гардидааст.

Иҷроиши буҷет

Қисми даромади буҷети давлатӣ дар се моҳи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 74109,0 ҳазор сомонӣ, воридот 74113,0 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 4,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Буҷети маҳаллӣ бошад, дар ин давра 98,0 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 49373,0 ҳазор сомонӣ дар асл 48409,1 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст. Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 98,7 фоиз иҷро гардида, ба ҷои нақшаи 48336,4 ҳазор сомонӣ 47683,9 ҳазор сомонӣ хароҷот гардидааст.

Нақшаи хазинаи ҳифзи иҷтимоӣ 104,0 фоиз иҷро гардида, ба хазинаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ зиёда аз 23,7 млн сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин аз нақша зиёда аз 926,0 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Музди миёнаи маоши кормандон 1112,26 сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2020, ки 1102,87 сомониро ташкил медод, ба маблағи 9,39 сомонӣ зиёд аст. Мувофиқи ҳисоботҳо дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия қарз аз пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ вуҷуд надорад.

Сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ

Дар ноҳия дар давраи ҳисоботӣ субъектҳои бо шакли шахсони ҳуқуқӣ фаъолияткунанда 1283 адад ва 7412 нафар шахсони воқеӣ ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин миқдор соҳибкорон 6708 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 158 нафар дар соҳаи саноат, 77 нафар дар соҳаи сохтмон, 1546 нафар дар соҳаи нақлиёт ва алоқа, 2687 нафар дар соҳаи савдо, 536 нафар дар соҳаи хизматрасонӣ, 7 нафар дар хизмати молиявӣ, 2746 нафар дар дигар сохторҳо фаъолият намуда истодаанд. Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 нафар зиёд гардидааст.

Аз ҷониби бахши хусусӣ дар ин давра ба маблағи 12,8 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки ҳиссаи он дар маҷмӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,0 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати дастгирии соҳибкороне, ки дар самти истеҳсолот фаъолият мебаранд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тадбирҳо андешида шуда, вобаста ба ин барои ворид намудани технологияҳои муосири истеҳсолӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ корбарӣ идома дорад.

Айни ҳол дар ноҳия 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо дар ноҳия аз аввали татбиқ зиёда аз 5,6 млн доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон 5 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Рушди соҳаи саноат

Дар се моҳи соли 2021 аз ҷониби корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 604,0 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба маблағи 215,8 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 155,6 фоизро ташкил додааст. Аз ҷумла, саноати истихроҷӣ ба маблағи 545,1 ҳазор сомонӣ, саноати коркард ба маблағи 566168,4 ҳазор сомонӣ: аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти хӯрока 388598,2 ҳазор сомонӣ, истеҳсол нӯшокиҳо 5709,7 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маҳсулоти тамоку 3363,1 ҳазор сомонӣ, дӯзандагӣ 452,3 ҳазор сомонӣ, маснуоти чӯбу тахта 524,4 ҳазор сомонӣ, маҳсулоти нафтӣ 289,3 ҳазор сомонӣ, истеҳсоли маснуоти резинӣ ва пласмасӣ 153993,8 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 81,1 млн доллари ИМА маҳсулот содирот карда шудааст.

Баъди ба фаъолият оғоз намудани корхонаи муштараки “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” воридоти семент ба ноҳия коҳиш ёфта, ин намуди маҳсулот ба хориҷи кишвар содирот шуда истодааст.

Айни ҳол дар ноҳия тибқи ҳисоботҳои оморӣ маҳсулоти истеҳсолшаванда ба 58 номгӯ расонида шуда, аз инҳо маҳсулоти нахи пахта, семент, зарфҳои пластикӣ ба хориҷи кишвар содирот шуда истодаанд.

Соҳаи кишоварзӣ

Дар се моҳи соли 2021 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 149,8 млн сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 107,1 фоиз мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 1,5 млн сомонӣ маҳсулоти растанипарварӣ истеҳсол карда шудааст, ки суръати афзоиши он нисбат ба семоҳаи якуми соли 2020-ум 122,9 фоизро ташкил менамояд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 200,2 тонна сабзавот истеҳсол гардида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиш 124,2 фоизро дар бар мегирад.

Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар ҳаҷми 148,3 млн сомонӣ маҳсулоти чорводорӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиши он нисбат ба семоҳаи якуми соли 2020-ум 107,0 фоизро ташкил менамояд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба миқдори 2984,2 тонна гӯшт истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 625,3 тонна зиёд мебошад. Истеҳсоли шир 9807,0 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 ба миқдори 92,0 тонна зиёд мебошад.

Соли равон ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини корхонаҳои коркарди нахи пахта бо ашёи хом дар ноҳия дар 8600 гектар кишти пахта дар назар гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 246 гектар зиёд мебошад.

Рушди соҳаи нақлиёт

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ 785,8 км роҳҳо, аз ҷумла 102,1 км роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 89,7 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ, 594,0 км роҳҳои маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар соли 2021 аз ҳисоби сарчашмаҳои гуногун ва ҷалби сармояҳои соҳибкорон ва аҳолӣ аз таъмир баровардани 244,9 км, аз ҷумла 20,8 км таъмири асосӣ, 135,0 км таъмири ҷорӣ, 89,1 км шағалпӯш ба нақша гирифта шудааст. Барои иҷрои корҳо аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 13843,2 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 410,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6000,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, 166,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳо, 266,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, 7000,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 131,85 км, аз ҷумла 8,7 км таъмири асосӣ, 70,55 км таъмири ҷорӣ, 52,6 км шағалпӯш карда шудааст, ки барои иҷрои корҳо 3324,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла 105,3 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1400,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят, 85,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон, 1733,7 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби аҳолӣ маблағ сарф гардидааст.

Дар ноҳия 13 адад ширкатҳои нақлиётии мусофиркашон мавҷуд буда, ба сокинони ноҳия наздики 600 адад нақлиёт хизмат мерасонанд. Аз маркази ноҳия ба тамоми самтҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, ноҳияи Ҷ. Расулов ва инчунин ба дигар минтақаҳои дурдасти ноҳия хатсайрҳо ташкил карда шудаанд.

Соҳаи маориф

Дар қаламрави ноҳия 91 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 82 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 адад гимназияҳои хусусии «Нур» ва «Сафина», 3 адад мактабҳои хусусии «Амид», “Дурахшандагон” ва “Хистеварз”, 2 адад гимназияҳои давлатӣ, 1 адад мактаб-кӯдакистон, 1 адад мактаб-парваришгоҳи махсус барои кӯдакони шунавоиашон суст фаъолият доранд.

Ҳоло дар қаламрави ноҳия ҳамагӣ 37 адад муассисаҳои таълимии томактабии шакли моликияташон гуногун, аз ҷумла 20 адад муассисаҳои таълимии томактабии тобеи шӯъбаи маориф, 2 адад муассисаи таълимии томактабии ташкилотҳои дигар, 15 адад муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ фаъолият доранд.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия 6875 нафар кӯдакони синни томактабӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои таълимии томактабии тобеи шӯъбаи маориф 5739 нафар, дар муассисаҳои таълимии томактабии ташкилотҳои дигар 280 нафар, дар муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ 856 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, алҳол дар назди 60 адад муассисаҳои таълимии ноҳия 108 адад гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар маҷмӯъ 2009 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4912 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 3952 нафар занҳо бо кори таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, аз шумораи умумии омӯзгорон 4527 нафар дорои маълумоти олӣ, 144 нафар дорои маълумоти олии нопурра ва 241 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хизматрасонии тиббӣ тариқи сохтори госпиталии ноҳия тавассути 12 адад беморхонаи дорои 1210 кат, аз ин аз ҷумла 1 адад Беморхонаи марказии ноҳия (дорои 480 кати табобатӣ), 7 адад беморхонаи ноҳиявӣ, 3 адад беморхонаҳои минтақавии деҳотӣ, 1 адад маркази бемориҳои рӯҳӣ ҳамагӣ бо 606 кат ва дар сохтори шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бошад, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 31 адад маркази саломатии деҳотӣ, 50 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 6 адад марказҳои махсусгардонидашуда, 1 адад стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ (13 адад нуқтаи ёрии таъҷилӣ), 1 адад маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 1 адад маркази безараргардонӣ ва 11 адад муассисаҳои тиббии хусусӣ ба роҳ монда шудаанд.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 3307 нафар кормандон фаъолият мебаранд, аз он ҷумла табибон 479 нафар ва мутахассисони бо маълумоти миёнаи тиббӣ 1961 нафар ва дигар кормандон 867 нафарро ташкил медиҳанд.

Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беморхонаи марказӣ як адад дастгоҳи томографӣ-компютерӣ дастрас карда шудаааст. Ба беморхонаи ноҳиявии №3-и ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонов низ аз ҷониби вазорат як адад дастгоҳи рентгени рақамӣ дастрас карда шудааст. Шӯъбаҳои таваллуд ва эҳёи беморхонаи марказии ноҳия қисман аз ҳисоби суратҳисоби махсус ва саховатмандон аз таъмири куллӣ бароварда шудааст. Дар беморхонаи ноҳиявии №2-и ҷамоати деҳоти Ёва аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва суратҳисоби махсус сехи тавлиди оксигени табиӣ васл карда шудааст. Айни ҳол сохтмони маркази саломатӣ дар ҷамоати деҳоти Зарзамин ва бинои иловагӣ дар маркази саломатии ноҳиявӣ бомаром идома дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри омодагӣ ҷиҳати пешгирии сироятёбии сокинон ба бемории коронавирус тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Ҷавонон ва варзиш

Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии онҳо дар ноҳия 130700 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 65100 нафар духтарон ва 65600 нафар писарон мебошанд. Айни ҳол 10 нафар хонандагон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40 нафар гирандагони стипендияи Раиси ноҳия мебошанд.

Айни ҳол дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 172 майдончаи варзишӣ ва 70 толорҳои варзишӣ фаъолият менамоянд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати интихоби варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ дар ноҳия 34 мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, гӯштини тарзи озод, юнону римӣ, камарбандӣ, тенниси рӯимизӣ бо фарогирии 4794 варзишгарон (965 нафар бонувон) ташкил ва гузаронида шудааст.

Солҳои охир дар ноҳия беш аз 50 иншооти варзишӣ, аз ин 37 майдончаҳои варзишӣ, 11 толори варзишӣ, 2 корти теннисӣ, 1 майдонча барои бозии кӯдакон сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд. Боиси қайд аст, ки дар ин давра дар деҳаи Сойчаи ҷамоати деҳоти Ёва 1 адад майдончаи варзишии футбол аз ҷониби соҳибкор Ҷӯрабоев Муҳаммадҷон ба маблағи 100,0 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойҳои таърихии тамошобоб, ба монанди Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Академик Бобоҷон Ғафуров, Муассисаи давлатии Қасри маданияти Арбоб, мавзеи Хоҷабоқирғони ҷамоати Овчиқалъача, хона-музейи “Анора”, минтақаи истироҳатии “Биҳиштосо”, маҷмааи фарҳангию фароғатии ба номи “Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”, минтқаи истироҳатии “Ҷазираи Темурмалик”,  гӯшаи табиати зинда “Маркази табиатшиносӣ” дар ҷамоати деҳоти Ғозиён, минтақаи дамгирии “Арчазор” дар ҷамоати деҳоти Чашмасор мавҷуд мебошанд, ки метавонанд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат намоянд.

Айни ҳол дар ноҳия ширкати сайёҳии ҶДММ “Помир-тур” фаъолият намуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ ба ноҳия 7926 нафар сайёҳон ташриф овардаанд. Аз шумораи умумии сайёҳони ба ноҳия воридшуда 405 нафарашонро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия барои занони соҳибкору ҳунарманд шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо сарварии онҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия барои занону духтарони ҷавон ва хонашин корхонаҳои хурди дӯзандагӣ, зардӯзӣ, қаннодӣ, толорҳои занона, қолинбофию адрасбофӣ таъсис дода шуда, фаъолият бурда истодаанд.

Дар ноҳия 16 адад марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ фаъолият намуда, дар онҳо 148 адад дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ насб карда шудааст. Ба марказ 65 нафар усто ва зиёда аз 220 нафар шогирд аз ҳисоби занону духтарони хонашин ҷалб карда шудаанд.

Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти тағйиру иловаҳо амалишавии 1437 нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, давоми солҳои 2018-2020 ва 3 моҳи соли 2021-ум 1258 банди онҳо амалӣ гардидааст, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо зиёда аз 300,0 млн сомонӣ маблағҳо равона гардида, дар натиҷа ҳамасола 8,0 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ, мавсимӣ ва муваққатӣ ташкил карда шудааст. Дар ноҳия 1 адад муассисаи таълимӣ, 3 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, 4 адад кӯдакистон, 1 адад Қасри фарҳанг, 2 адад беморхона, 7 адад бунгоҳи тиббӣ, 6 адад нуқтаи таваллуд, 21 адад сартарошхона, 2 адад ҳаммом, 14 адад кошонаи ҳусн ва боз якчанд иншооти гуногун сохта ба истифода дода шудаанд. Барои ташкили марказҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар амалҳои ободонию созандагӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо 80,8 млн сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар давоми солҳои 2020-2021 ҷиҳати беҳтар намудани шароити корӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия таъмиру тармими биноҳои маъмурӣ, аз ҷумла бинои ҷамоати деҳоти Хистеварз, Ҳ. Усмонов, Унҷӣ, Ғозиён ба нақша гирифта шуда, пурра азнавсозӣ карда шудаанд. Айни ҳол сохтмони бинои маъмурии адлия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия босуръат идома дорад.

Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия сохтмони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, дар маркази ҷамоатҳои деҳоти Ҳ. Усмонов, Ғозиён, Хистеварз ва Унҷӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудаанд.

Ба гуфтаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мӯҳтарам Зафарбек Давлатзода, “дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Минбаъд низ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри амалӣ намудани нақшаҳои созандагиву ободонӣ, пешрафт ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ва дар маҷмӯъ барои таъмини рушди босуботи кишвар ва шукуфоии Ватани азизамон роҳандозӣ менамояд”.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь