Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” чандест барои эҷоди филмномаҳои  филмҳои таърихӣ ва давраи созандагӣ озмун эълон кардааст. Сармуҳаррири муассиса Назар Назаров дар сӯҳбат кайд кард, ки то ҳол аз ҷониби ягон нависанда, адиб, қаламкаш намунае пешниҳод нашудааст.

– Дар ин бора ба муассисаи мо занг мезананд, аммо бархе моҳияти филмномаро нафаҳмидаанд, сенария гӯем баъд мефаҳманд. Ба далели он ки намунае то ҳол ба дасти мо нарасид, муҳлати озмунро аз 1-уми март то ба 1-уми апрел тамдид кардем, – гуфт ӯ.

– Бо дастури роҳбари нави киностудия Маҳмадсаид Шоҳиён озмуни эҷоди филмномаи филми ҳунарии таърихии шоҳ Исмоили Сомонӣ ба наздикӣ эълон карда мешавад, – хабар дод сармуҳаррир. – Мукофоти пулии он низ зиёдтар муқаррар мешавад ва муҳлати ҷамъбаст то 16-уми ноябри соли ҷорӣ давом хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь