Имрӯз, 24-уми июн, муовини сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ҷайҳун Аҳёев Муҳаммадӣ дар як сӯҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, вазъи саломатии ду сарбози афғон, ки инҷо таҳти назорати духтурон буданд, хуб шудааст.

Инчунин, ӯ қайд кард, ки субҳи ҳамин рӯз ин ду сарбозро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридаанд.

“Вақте ба мо муроҷиат карданд, мо гурӯҳи ёрии таъҷилиро фиристодем ва ёрии аввали тиббӣ расонидем. Баъдан барои таҳти назорати духтур гирифтан ба бемористон овардем. Вазъи саломатияш, ки хуб шуд ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супоридем”, – гуфт Аҳёев

Як манбаъ ба «Фараж» гуфт, сарбозони афғон, ки дар зуддухурд бо Толибон ба хоки Тоҷикистон ақибнишинӣ карда буданд, имрӯз ба ҳукумати Афғонистон супорида шуданд.

Марзи Тоҷикистону Афғонистон муваққатан баста аст ва рафту омад манъ аст.

22-уми июни соли ҷорӣ дар пайи ҳамлаи Толибон ба низомиёни кишвари ҳамсоя 134 сарбози ҳукуматии Афғноистон ақибнишинӣ карда ба хоки Тоҷикистон паноҳ бурданд.

Исматулло Абдуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь