Таърих борҳо исбот кардааст, ки ҳифзу нигоҳ доштани истиқлолият мушкилтар аз ба даст овардани он аст. Бояд ба ҳама гуна озмоишҳо омода буд ва тамоми мушкилҳоро паси сар карда тавонист. Тақдир чунин буд, ки Озарбойҷон тайи як аср ду маротиба имконияти ба даст овардани истиқлолиятро дошт. Мутаассифона, бори аввал ин имконият бо сабаби дахолати беруна, муқовимати дохилӣ ва ноустувории умумии сиёсӣ аз даст рафт. Ҷумҳурии демократии Озарбойҷоне, ки соли 1918 ба вуҷуд омада буд, ҳамагӣ 23 моҳ умр дошт.
Бори дуюм чунин вазъ танҳо пас аз 70 сол ба вуқуъ пайваст. Фурӯпошии салтанати Шӯравӣ ба Озарбойҷон имконият дод, ки истиқлолияти аз дастрафтаи худро дубора барқарор намояд.
30 августи соли 1991 дар иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Озарбойҷон Эъломия дар бораи барқарор кардани истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ қабул карда шуд. Ҳамзамон, бо ин санад қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон “Дар бораи барқарор кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон” қабул шуд.
Барои иҷрои ин қарор, дар асоси Эъломияи Истиқлолият, ки Шӯрои Миллии Озарбойҷон 28 майи соли 1918 қабул карда буд, ва тибқи Эъломияи Шӯрои Олии Озарбойҷон аз 30 августи соли 1991 “Дар бораи барқарор кардани истиқлолияти Ҷумҳурии Озарбойҷон”, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Озарбойҷон 18 октябри соли 1991 Санади конститутсионӣ дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул кард ва асосҳои сохтори давлатӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии мустақили Озарбойҷонро гузошт.
Баъд аз сипари шудани 71 сол, яъне пас аз фурӯпошии Ҷумҳурии Демократии Озарбойҷон, Озарбойҷони кунунӣ мустақилиятро дубора ба даст овард. Парлумони Озарбойҷон бо қабули санад роҷе ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон пояҳои сохтори давлатӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Озарбойҷонро гузоштанд.
Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар бо мушкилоти зиёде дучор шуд. Пешвои бузурги миллат Ҳайдар Алиев, ки соли 1993 бо дархосту таъкиди зиёди мардум дубора роҳбарии давлати Озарбойҷонро ба ӯҳда гирифт, истиқлолияти мамлакатро абадӣ ва бебозгашт сохт.
Маҳз таҷрибаи ғании сиёсии пешвои миллат, маҳорати баланди идоракунӣ ва муҳаббати бепоён ба Ватан буд, ки истиқлолияти давлатии Озарбойҷонро аз хатар наҷот бахшид. Пешвои бузурги миллат бесарусомонию беҳокимиятӣ, ташаннуҷи иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавиро дар кишвар бартараф намуд. Ҷумҳурии Озарбойҷон заминаи мустаҳкамро барои рушди босубот гузошт.
Пешвои умумимиллӣ Ҳайдар Алиев, ки Озарбойҷонро вориси аввалин ҷумҳурии демократӣ дар Шарқи Мусулмон эълон карда буд, ба корҳои азим дар бунёдгузории давлат оғоз кард. Дар натиҷаи саъйю талошҳои пешвои бузург дар як муддати кӯтоҳ, садои Озарбойҷон аз минбари ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ шунида шуд. Бо ифтихор аз он, ки истиқлолият сарвати бебаҳост ва дар сарнавишти таърихии халқ нақши бебаҳо дорад, Ҳайдар Алиев истиқлолияти Озарбойҷонро абадӣ ва бебозгашт сохт. Бояд гуфт, ки истиқлолияти ҳақиқӣ дар соҳибият бар кулли сарватҳои хеш мебошад. Аз ин лиҳоз 20 сентябри соли 1994, созишномаи азиме оиди коркарди нафт имзо шуд – ва онро ҳамагон “Шартномаи аср” номгузорӣ карданд. Ҳамин тариқ, Озарбойҷон бори аввал ҳамчун соҳибмулк ва дорандаи сарватҳои ғании табии миёни дигар минтақаҳои ҷаҳон муаррифӣ гардид. Иштироки бевоситаи ширкатҳои пешбарандаи бонуфузтарин кишварҳои ҷаҳон дар ин шартнома, аҳамият ва нуфузи кишварро дар минтақа боло бурд. Озарбойҷон ба лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, ҷараёни амнияти энергетикии Аврупо ва умуман ҷаҳон пайваст шуд. Коре, ки аз соли 1993 инҷониб амалӣ карда мешавад ва иқдоме, ки дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ пеш рафта истодааст, асоси муваффақиятҳои кунунии Озарбойҷонро ташкил медиҳанд.
Имрӯз саъю талошҳои пешвои бузургро дар роҳи ҳифз ва таҳкими истиқлолият, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев идома доранд. Дар асоси натиҷаҳои фаъолияти бисёрҷонибаи пешвои умумимиллӣ, Озарбойҷон таҳти роҳбарии Президент Илҳом Алиев пешрафти назаррасро дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва низомӣ ба даст овардааст. Озарбойҷон ба як кишваре табдил ёфтааст, ки метавонад ба ҷараёни равандҳои стратегӣ, сиёсӣ ва иқтисодии минтақае, ки дар он ҷойгир аст, таъсир расонад. Озарбойҷон қудрати сиёсиву иқтисодии худ, мавқеи стратегӣ ва захираҳои бойи табииро дар таъмини афзалиятҳои сиёсии беруна моҳирона истифода мебарад. Мувофиқи манфиатҳои миллӣ, Озарбойҷон бо аксари аъзоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкории босамар дорад. Бино бар стратегияи пешрафти бомуваффақият, ки аз ҷониби роҳбари давлат татбиқ карда мешавад, иқтисодиёти кишвар аз ҷиҳати суръати рушд яке аз баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад.
Имсол, ҷашни Рӯзи барпо шудани Истиқлолият дар заминаи рӯҳбаландии умумӣ сурат мегирад, зеро дар амалиёте, ки 27 сентябри соли 2020 таҳти Сарфармондеҳи Олӣ Илҳом Алиев оғоз шуда буд, артиши Озарбойҷон заминҳои таърихии кишварро аз ишғоли Арманистон озод кард. Имрӯз Озарбойҷон дигар он кишваре нест, ки имкониятҳои маҳдуди иқтисоди дораду заминҳояшро аз даст додааст. Озарбойҷон – акнун як кишвари тавоноест, ки метавонад худро ҳифз намояд ва заминҳои худро аз ишғоли бегона озод намояд. Иқтисодиёти он рӯз аз рӯз меафзояд ва нуфузаш дар минтақа ва ҷаҳон тақвият меёбад.
Ҳамин тавр, истиқлолияти Озарбойҷон, ки замоне аз тарафи пешвои бузурги миллат Ҳайдар Алиев ҳифз карда шуд, имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президент Ҷумуҳрии Озарбойҷон Илҳом Алиев боз ҳам устувортар шуда, абадият касб мекунад. Ҳамаи ин бори дигар далели гуфтаҳои болост, ки истиқлолияти Озарбойҷон бебозгашт ва абадист.