Иззатулло Шарифзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Дар ин бора Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал овард. Бо фармонҳои ӯ раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифа озод гардиданд.

Юсуфӣ Муҳаммадраҳим иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Акрамзода Рустам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Акрамзода Парвиз Акрам иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумат Табарзода Ҷамшед Авзал директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъйин гардида, Шарифзода Иззатулло бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия озод карда шуд. Умаров Мансурҷон Ғаффорович аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод ва ба вазифаи муовини вазир — сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия таъйин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь