Яке аз бузургтарин алломаҳои Машриқзамин, риёзидон, файласуф, табиатшинос, табиб, мунаҷҷим, муаррих ва ҷомеашиноси тоҷику форс Абурайҳон Муҳаммад Ибни Аҳмади Берунӣ 4 сентябри соли 973 дар яке аз деҳаҳои наздики шаҳри Кат (Маркази Хоразми қадим) – шаҳри Урганҷ ба дунё омадааст. Таҳсили илмро дар Урганҷ, дар назди яке олимони забардасти он даврон Абӯнасри Мансур, ки ӯ низ шогирди Абулвафои Ҷузҷонӣ буд гузаронида, баъдтар аз ҷумлаи олимони номвари Хоразм гардидааст. Берунӣ ҳамчун донишманди фозили замон донандаи забонҳои хоразмӣ, суғдӣ, паҳлавӣ, дарӣ ва арабӣ буда, асарҳои худро бештар ба забонҳои арабӣ, қисман ба забони тоҷикӣ навиштааст.

Абӯрайҳони Берунӣ бо мақсадҳои илмӣ хеле сафарҳо карда, таҷрибаи ҳаёт ва донишҳои ҷамъкардаашро дар асарҳои худ сабт намудааст. Яке аз маҳалҳое, ки аз ҳама зиёдтар истиқомат кардааст, шаҳри Ҷурҷон ё Гургон аст, ки он замон ҳокими шаҳр Қобус ибни Вушмгири Зиёрӣ буд. Берунӣ аз овони ҷавонӣ ба мушоҳидаи астраномӣ шуғл меварзад. Бо номи Қобус ҳам рисолаҳо дорад, ки Яздодӣ ном шахсе дар байни солҳои 1012-1029 бо номи «Камол-ал-балоға» гирд овардааст.

Берунӣ бо олимони зиёди Бухоро ва дигар шаҳрҳои Сомониён, ки баъд аз барҳам хӯрдани ин давлат ба Хоразм ҳиҷрат карда будаанд, вохӯрд, аз онҳо баҳра гирифт ва ба онҳо низ таъсир расонид. Вай аз сарпаноҳии ҳокими Хоразм Маъмуни II низ баҳраёб шудааст. Аммо баъд аз он ки Султон Маҳмуд соли 1018 Хоразмро забт карда, ин маркази илмро барҳам дод Беруниро ҳамроҳи олимони дигар ба пойтахти кишвари худ Ғазна бурд. Берунӣ дар аксар сафарҳои ҳарбии Султон Маҳмуд ба иштирок кардааст. Вай дар ин ҷо на ҳамчун истилогар, балки ҳамчун олим ба расму русум, илму фарҳанг ва таъриху маданияти ин кишвар шинос гардида, забони санскритиро омӯхтааст.

Мероси Абӯрайҳони Берунӣ. Мероси илмии Берунӣ хеле бузург аст, вале пурра ҷамъ нашудааст. Ёқут ном сайёҳи араб нақл кардааст, ки ӯ рӯйхати асарҳои Беруниро дар яке аз масҷидҳои шаҳри Мавр дидааст, ки аз шаст саҳифа иборат будааст. Дар рӯйхати дигаре, ки дар миёнаи асри XIX дар Эрон тартиб дода шудааст, 27 асар ба номи ӯ зикр шудааст.

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз (21-март) ва Меҳргон (21 сентябр) ҳамарӯза ба кори илмӣ машғул будааст. Яке аз асарҳои машҳур ва шояд аввалини Берунӣ «Ал-осор-ул-боқия илалқурун– ил- ҳолия» (осори боқимондаи қарнҳои гузашта дар замони ҳозира) аст, ки дар соли 1000 ба номи Қобус таълиф намудааст, ки бо номи «Осор-ул-боқия» машҳур аст. Вай дар ин асари худ дар бораи тақвим ва тартиби солшуморӣ ва ҷашнҳои суғдиён, форсиён, хоразмиёни қадим, яҳудиён, юнониён, мусулмонон ва насрониён маълумот додааст. Китоби «Таҳдид ниҳоятуламокин лӣ тасҳеҳӣ масофатилмасокин» асари геодезию ҷуғрофии Абӯрайҳони Берунӣ аст, ки солҳои 1018-1025 ба забони арабӣ таълиф кардааст. Асари мазкур барои омӯхтани таърихи дунёи қадими ин халқҳо аҳамияти хеле бузурги илмӣ ва таърихию этнографӣ дорад.

Берунӣ қариб дар ҳамаи соҳаи илмҳои маъмули замони худ қувваозмоӣ намуда, доир ба ҳар кадом асарҳои пурарзише таълиф кардааст. Бинобар маълумоти маъхазҳои таърихӣ адади асрҳои ӯ аз 103 то 180 номгӯй мебошанд. Вале боиси таассуф аст, ки бештари он таълифоти гаронмоя дар чанголи осеби давру замонҳои номусоид нобуд шудаанд. Миқдори таълифоти Беруниро олимон аз 130 то 180 асар донистаанд. Тақрибан 40 асари ӯ аз буҳрону осебҳои замона бар амон монда, имрӯз дар ганҷинаи дастнависҳои кишварҳои уногуни ҷаҳон маҳфузанд. Аз осори боқимондаи Берунӣ ҳам ҳувайдост, ки ӯ ба инкишофи минбаъдаи илми ҷахонӣ саҳми гаронбаҳое гузоштааст.

Табиатшиносӣ. Берунӣ ҳаракати ҷисмҳо ба сӯи маркази Заминро эътироф намудааст, ки он амалан фикри баъдан пешниҳодкардаи физикдони бузурги англис И.Нютон (асри 18) дар бораи қувваи ҷозибаи Заминро ба хотир меорад. Вай тарафдори мавҷудияти оламҳои бисёр дар Коинот ё худ таълимот дар бораи касрати олам мебошад ва муътақид аст, ки ин оламҳо метавонанд дар шаклҳои дигар ва бо қонуниятҳои ба худ хос арзи вуҷуд дошта бошанд. Берунӣ дар масъалаи атомистика низ ақидаи мустақили худро дошта, тақсимпазирии зарраҳои оламро эътироф мекард ва то ба беохиру беинтиҳо тақсим шудани онҳоро рад мекунад, зеро он метавонад ба инкори ҳаракат оварда расонад. Вай барои исботи ботил будани тақсимшавии беохир мисоли ҳаракати Моҳу Офтобро меорад, ки ин «беохирӣ»-ро паси сар мекунанд ва яке аз дигаре пеш мегузарад. Берунӣ бисёр масъалаҳои физикавию табиатшиносиро, ки бо фалсафа қаробат доранд, аз ҷумла масъалаи ҳаракат, афтиши озоди ҷисмҳо дар фазо, аз гармӣ васеъ шудани ҷисмҳо, дарки манбаи нурҳои кайҳонӣ, таъсир ва мақоми нури Офтоб ва ғ-ро мавриди таҳқиқ қарор додааст.

Нахустмоя ё асоси моддии ақсоми кайҳон, ба эътирофи Берунӣ, чор унсур – обу хоку боду оташ мебошад. Дар масъалаи амали қонуни сабабият дар олам Берунӣ аз мактаби Арасту ва машшоиён пайравӣ карда, сабабиятро дар кайҳон меписандад ва Муҳаррики аввалро, ки ба мавҷудияти Олам такони аввал мебахшад, «Иллат-ул-илал» меномад. Берунӣ амали қонуни сабабиятро дар силсилаи маротиби вуҷуд, ҳамчунин нисбати падидаҳои дигари табиату ҳодисаҳои ҷамъият имконпазир медонад, ки ҳар яке барои дигаре сабабу натиҷа шуда метавонанд. Берунӣ, бархилофи уламои дигари ислом, тамоми масъулияти оламро ба дӯши Офаридгор нагузошта, мавҷудияти қонуниятҳои дохилии табиат ва ҷомеаи инсониро таъкид кардааст. Дар ин робита ӯ ба мақоми Ақл (қонунмандӣ) дар кайҳон ва ҳаёти инсон диққат додааст. Инсони дорои ақл дорои масъулият низ мебошад.

Берунӣ бори аввал дар бораи вазни хоси минералҳо, хусусияти пайдоиши минералҳо ва ҷинсҳои куҳӣ, сабабҳои фаввора зада баромадани чашмаю обҳои артезианӣ, арзу тӯли географӣ, радиуси сайёраи Замин ва сарватҳои зеризаминӣ маълумотҳои дақиқи илмӣ додааст. Берунӣ дар яке аз асарҳои худ «Китоб-ут-тафҳн», ки дар бахши ҳандаса, шумор, география, физика ва астрономия навишта шудааст, оид ба якчанд асбобҳои худсохти астрономии замонаш маълумот додааст. Дар асари дигараш «Китоб-ул-ҷавоҳир» бошад, дар бораи сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон – лаъли Бадахшон, лоҷвард, булӯри куҳӣ (дар Помир), конҳои тилло (дар ҳавзаи дарёҳои Зарафшон, Рашт, Шуғнон, Вахон), нуқра, симоб, мис, оҳан, фирӯза, зок, навшодир (дар қаторкуҳи Зарафшон), флюорит (дар қаторкуҳи Ҳисор), ангиштсанг, нафт ва мӯмиё (дар водии Фарғона) маълумоти фаровоне додааст. Ба андешаи Берунӣ сарчашмаи асосии муваффақияти илм танҳо дар асоси таҷрибаю мушоҳида ба даст меояд.

Ҳамин тавр, саҳми Берунӣ дар илми риёзиёт (арифметика, алгебра ва ғайра), инкишофи арифметикаи назариявӣ, муттаҳид намудани назарияи ададҳои бутун (назарияи касрҳо) ва назарияи муносибатҳои бузургиҳои муттасил (ҳисоб кардани қимати адади π (пи) аз тариқи дарозии доира ва диамет-ри он ва ғайра), илми нуҷум (ситорашиносӣ) – усули мушоҳидаи кусуфи моҳ якбора аз ду нуқтаи Замин, сохтани устурлоби мукаммалтар, таълимот дар бораи гардиши Замин дар гирди меҳвари худ ва эҳтимолияти гардиши он дар гирди Офтоб – ба вуҷуд овардани заминаҳои зарурӣ барои назарияи Галилей ва Коперник дар бораи ҳаракати Замин ва офтобмарказият, кашфиёти зиёди илмӣ дар соҳаи ҷуғрофия – назарияи иқлимҳо, қабатҳои геологӣ (пастиву баландиҳо ва қабатҳои умқҳои замин) ва ғайра, маълумоти муфид ва нодир дар бораи минералогия (ҷавоҳирот), маводи доруворӣ (фармакология) ва ҳоказо хеле бузург аст.

Шуҳрати ҷаҳонии Абӯрайҳони Берунӣ. Айни ҳол 31 асари Берунӣ ба забони англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, русӣ, ӯзбекӣ тарҷума шуда, мавриди истифода қарор гирифта, 24 асар таҳқиқ, 3 асари ӯ ба забони асили арабӣ тарҷума шудаанд. Яке аз танӯраҳо (кратер) дар Моҳ ба шарафи Берунӣ номгузор карда шудааст. Ҳамчунин, яке аз сайёраҳои хурди Системаи офтобӣ (астероид), ки дар Гарвард бо рақами №9936 қайд карда шудааст, номи Беруниро гирифтааст.

Хулоса. Ба ин мақсад ва ба ҳотири боз ҳам баланд бардоштани маърифати хонандагон ва дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбият намудани насли наврас имрӯзҳо гулгашту хиёбонҳо ва инчунин, таълимгоҳҳо ба номи нобиғаҳои илму фарҳанг гузошта шудаанд, ки ин аз эҳтиром гузоштан ба фарҳанги ниёгони худ дарак медиҳад. Мо бояд фаромӯш насозем, ки пос доштани таърих ва зинда нигоҳ доштани фарҳанги миллии худ вазифаи аввалиндараҷаи мо таълимдиҳандагон ба шумор меравад. Зеро шахс ҳеҷ вақт наметавонад бе донистани гузаштаи хеш, ба пешравиҳо ноил шавад ва ояндаро бисозад.

Пос доштани хотири ин шахсиятҳо ва ҷалби хонандагон, бахусус насли наврас ба омӯзиши осори ниёгон корест басо аҳамиятнок, чунки хонандагон дар бораи корнамоиҳои ин қаҳрамонон дониста, метавонанд дар замирашон ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонмеҳвариро бедор намоянд. Инчунин, мусаллам аст, ки ҳар инсони соҳибхирад ҳангоми мутолиа ва шиносоӣ бо ҳаёту осори аламбардорони илму фарҳанги мо, алалхусус Абӯрайҳони Берунӣ бетараф нашуда, балки ба як андешае меояд, ки чаро дар замоне мардум сарфи назар аз он, ки дар кадом вазъият умр ба сар мебаранд ва бе ягон асбобҳои техникӣ ба инқадар пешравӣ ва дастовардҳо ноил гардидаанд. Чаро мо имрӯз наметавонем, ки чунин беруниҳо, синоҳо ва хайёмҳоро ба арсаи олам биорем ва илму фарҳанги имрӯзаи тоҷикро ба дигарон нишон бидиҳем.

 

Фирдавс ТОШОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь