Муаллифи ҷумлаи таърихии “Ман меравам, вале шумо баъди ман пушаймон мешавед” агар худо мехост, 16-уми апрели имсол 92-солагиашро таҷлил мекард
Сухан дар бораи Қаҳҳор Маҳкамов меравад, ки рӯзи 8-уми июни соли 2016 дар синни 84-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Аммо номи ӯ дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун аввалин Президенти Тоҷикистон ва ҳам ба унвони нахустин раҳбари аввали кишвар, ки таҳти фишору тазоҳуроти мардум истеъфо дод, боқӣ мемонад.
Қаҳҳор Маҳкамов 16-уми апрели соли 1932 дар Хуҷанд ба дунё омада, ибтидо техникуми саноатии Душанбе ва соли 1953 Донишкадаи кӯҳкории Ленинград, Петербурги кунуниро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси усто дар кони ангишти Шӯроб оғоз карда, то ба симати раиси идораи “Тоҷикангишт” сабзид. Соли 1963 вақте ҳамагӣ 31 сол дошт, раиси Госплан ва муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон таъйин шуд.
Қариб ду даҳсолаи кор дар раёсати Госплан, 3 соли баъд аз он дар мақоми сарвазир ва сипас курсии котиби аввали ҳизби коммунист, ки амалан раҳбари аввали Тоҷикистон буд, ва 9 моҳи президентӣ – дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки Қаҳҳор Маҳкамов тақрибан 28 сол дар сафи нухбагони аввали сиёсати Тоҷикистон қарор дошт ва 6 соли охираш дар мақоми аввали раҳбарии ин кишвар. Ва ин солҳое буд, ки дар таърихи он замон солҳои бунёди “сотсиализми мутараққӣ” ёд мешуд, ки баъдан дар замони бозсозӣ баръакс даврони рукуд ном гирифт.
Бо ин ҳама, бузургтарин иншооти саноатии Тоҷикистони имрӯз, аз ҷумла Нерӯгоҳи Норак ва корхонаи алюминсозии Турсунзода низ маҳсули давронест, ки Маҳкамов ба Госплан раҳбарӣ мекард ва табъан дар иҷрои ин тарҳҳои бузург саҳим буд.
Баъди 19 соли кор дар ин мақом дар соли 1982 раиси Шӯрои вазирон ва соли 1985, баъди барканории Раҳмон Набиев котиби якуми ҳизби коммунист, ҳизби ҳокими вақти Тоҷикистон шуд. Ҳодисаҳои февралии соли 1990 – аввалин гирдиҳамоӣ ва кушта шудани бисту чанд нафар низ ба замони раҳбарии Маҳкамов рост меояд. Ӯ дар ин гирдиҳамоӣ бо дермонӣ ба назди издиҳои баромад, аммо аллакай дер шуда буд. Мардум ӯро калушу сангборон карданд. Воқеан, дар сӯҳбати ахири худ дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” ӯ гуфт, бо нафаре, ки ӯро бо калуш задааст, чанд сол пас вохӯрд ва ӯ самимона изҳор доштааст, ки аз амали худ пушаймон шудаву аз ӯ бахшиш мепурсад…
Моҳи апрели соли 1990 раиси Шӯрои олӣ ва 30-юми ноябри ҳамон сол аз сӯйи парлумон раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб шуд. 30-юми августи соли 1991, ҳамагӣ 9 моҳ баъд аз расиданаш ба ин мақом ва ҳамагӣ як ҳафта баъд аз шикасти ГКЧП дар Маскав, таҳти фишори эътирозгарон истеъфо дод. Дар аввал аз мақом рафтан нахост. Вақте дид, ки танҳои танҳо мондааст ва бояд биравад, ин як ҷумлаи таърихиашро гуфт, ки: “Ман меравам, вале шумо баъди ман пушаймон хоҳед шуд!”
Ба ҷойи ӯ ба мақоми президентӣ Раҳмон Набиев баргашт, нафаре, ки дар соли 1985 курсии раҳбари аввали Тоҷикистонро Маҳкамов маҳз аз ӯ гирифта буд.
Баъди тарки мақом Маҳкамов то соли 2007 мушовири ширкати “Шукур” буд, ки соҳибкори шаҳринавӣ Амири Шукур ба хотири сохтани як корхонаи шиша таъсис дода буд. Аз соли 2000-ум Маҳкамов узви Маҷлиси миллӣ – қабати болоии парлумони Тоҷикистон буд. Қаҳҳор Маҳкамов тақрибан то поёни умраш, тайи чоряк асри рафтанаш аз мақом аз ҳар навъ изҳори назар дар масоили доғи кишвар ва ё мудохила дар умури раҳбарӣ ҳадалимкон парҳез мекард. Ва чунин ба назар мерасид, ки аз 300 сомонӣ нафақаи президентие, ки барояш муқаррар кардаанд ва мақоми вакили умрбоди Маҷлиси миллӣ, ки ба ҳайси нахустин Президенти Тоҷикистон ба ӯ доданд, қаноатманд аст.
Одамон гоҳ-гоҳ ӯро дар кӯчаҳои Душанбе бо ҳамон “Волга” ГАЗ 24-аш медиданд, ки худаш сари чамбарак нишаста буд. Инро ба он маъно мефаҳмиданд, ки ӯ пас аз тарки мақом аз касеву чизе тарс надошт, аз касе муттаҳам ҳам набуд…
Дар як соли охири зиндагиаш Қаҳҳор Маҳкамов мисле ки рафтанашро дарк мекард, ки дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмон қариб ду соат бо сӯҳбат кард, дарди дилашро гуфт ва тавре аз чанд мусоҳибааш дар ин давра бо матбуот бармеояд, ҳанӯз дар дил гуфтаниҳои зиёд дошт.
ЁДАШОН БА ХАЙР!
Бо истифода аз матолибе дар “Озодӣ”
Раҷаб МИРЗО