Ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олӣ, муҳтарам Шермуҳаммад Шоҳиён
Сентябри соли 2011 ҳамқишлоқиамон Ҳайдаркалон Қодиров илтимос кард, ки барояш 30 ҳазор доллар қарз диҳам. Зеро Қодиров дар ноҳияи Б. Ғафуров 3,8 га замин дошаасту барои бунёди бино маблағ зарур будааст. Ба Қодиров гуфтам, дар даст ду мошин дорам, ки ҳамагӣ 7 ҳазор мешавад. Вай гуфт, ки “агар техпаспорти хона дошта бошед, ба ман медодед, ман аз ягон бонк маблағи пулӣ мегирифтам. Бар ивазаш аҳли оилаатонро бо кор таъмин мекардам”. Пас аз як ҳафта омада гуфт, ки “ягон бонк аз 10 ҳазор доллар зиёд маблағ надода истодаасту ман аз як одам пул мегирам ва бар ивазаш ҳуҷҷатҳои хонаро ба ӯ медиҳам”. Ҳуҷҷатҳои замин ва сохтмонашро оварда нишон дод ва маро розӣ кунонид.
Пас аз 2-3 рӯз Қодиров ба хонаамон Фарҳод Юлдошев – духтури беморхонаи вилоятиро овард. Юлдошев аз ман пурсид, ки “Қодиров Ҳайдаркалонро мешиносӣ?”. Гуфтам, ки ин одам ҳамқишлоқиамон ва каме хешутаборӣ дорем. Юлдошев гуфт, ки “Қодиров аз ман 30 ҳазор доллари ИМА пурсида истодааст. Барои ҳамин хонаи шуморо ба гарав ба муддати 2-4 моҳ гузошта, аз ман маблағ мегирад”.
Қодиров дар назди Юлдошев ваъда дод, ки “пас аз 2-4 моҳ ҳуҷҷати хонаатонро пас мегардонам”. Ҳамин тариқ, онҳо ҳарду 2-3 маротиба омаданд ва ҳуҷҷатҳои лозимаро худашон тайёр намуданд. Пас, 31-уми октябри соли 2011 соатҳои 17:00-и бегоҳ омада ману писарамро гирифта ба нотариуси ноҳияи Б. Ғафуров бурданд. Аз нотариус гуфтанд, ки ҳамсару духтарат ҳам оянд. Ҳамсарам Сатторова Шаҳодат ҳам омад ва духтарамонро низ, ки нав ба шавҳар баромада буд дар ҷамоати Ёва, рафта оварданд…
Ба хариду фурӯш розӣ нестам гуфтам, аммо…
Дар нотариус ба ман гуфтанд, ки “хонаатонро ба гарав монда, Қодиров аз Юлдошев маблағ гирифта истодааст. Шумо ба ҳамин розӣ ҳастед?”. Ман гуфтам, ки розӣ нестам. Инро гуфта аз дар баромадам, ки Юлдошев Ф. ва Қодиров Ҳ. сари роҳамро гирифта, маро илтимос кард, ки ба ҳуҷҷатҳо имзо монам.
Дар нотариус ба мо гуфтанд, ки хонаатонро ҳамчун гарав мегузорем, аммо ҳуҷҷатро бо «хариду фурӯш» тайёр кардаанд. Мо намедонистем, ки хонаи моро харидуфурӯш кардаанд ва ба ҳуҷҷатҳо имзо гузоштему ба хона омадем.
Баъди 3 моҳ ба хонаам 2 нафар омаданд. Телефонро ба шавҳарам дода гуфтанд, ки гап занед. Шавҳарам бо духтур Юлдошев Фарҳод, ки дар шаҳри Россия буд, гап заданд. Ӯ ба шавҳарам гуфтааст, ки “Қодиров Ҳайдаркалон 4-моҳа протсенти пулро надода истодаасту шумо ба Қодиров гӯед”. Шавҳарам бо Юлдошев ҷанҷол кардан, ки “шумо хонаи маро ба гарав гузошта, боз протсентбозӣ мекунед?”. Юлдошев гуфт, ки “ту бехабар-мӣ?… Мо хонаи туро харидуфурӯш кардем ва ҳар моҳ Қодиров ба ман 3 ҳазор доллари ИМА медиҳад”.
Баъдан, ба хонаи Қодиров рафтем. Боз ваъда дод, ки пас аз 2 моҳ кораш ҳал мешаваду ҳуҷҷати хонаи моро бозпас мегардонад. Мо ба хона рафтем, аммо баъд аз ду рӯз Қодиров ба хона омада гуфт, ки маблағи пулӣ наёфта истодаасту аз ягон шинос пул ёфтан даркор. Пас шавҳарам пули як мошинамонро доданд, ҳамин тариқ, пули дуюм мошин… Баъд мағозаеро низ, ки дар бозори «Атуш» доштем, фурӯхта, ба фоизи маблағи аз Юлдошев гирифтаи Қодиров додем. Агарчи байни онҳо савдои хона ва додани пул ҷой дошт, мо танҳо барои гирифтани ҳуҷҷатҳо ва бовар доштан ба Қодиров ин корҳоро кардем.
Вақте дар додани фоизи пул Қодиров 2-3 рӯз дер мекард, ба хонаамон Солиҷонов Шуҳрат – корманди прокуратураи вилоятӣ омадаву таҳдид карда мегуфт, ки “фоизи пулро барор ё хонаро холӣ кун!” (далелҳову сабтҳои кофӣ дорем). Гуфтам, ки пулро Қодиров гирифтааст, ба хонаи ӯ равед.
Ҳамин тариқ, 8 моҳ фоиз ба маблағи 3 ҳазор доллари ИМА, ҷамъоҷамъ 24 ҳазору 600 доллари ИМА фоиз гирифт, ки 5 моҳашро мо ва 3 моҳи дигарро Қодиров дод.
Ҳуҷҷати хонаамонро Қодиров пас нагардонид. Шавҳарам гуфтанд, ки ҳуҷҷати хонаамро пас нагардонӣ, ба суд шикоят мекунам. Юлдошев ва Қодиров ба хона омада, илтимос карданд, ки шикоят накунем ва боз 2 моҳи дигар вақт хостанд. Аммо духтур Юлдошев Фарҳод рафта ба суд муроҷиат намудааст, ки “хонаи харидаи маро Сатторов холӣ накарда истодааст”.
Моро ба суд даъват намуданд. Судя Зоиров Боир буд. Дар суд ҳамаи уҳдадориҳоро Қодиров Ҳайдаркалон гирифта буд, ки пули Юлдошевро ӯ гирифтаасту худаш бармегардонад. Пас судя Зоиров Боир ба мо гуфт, ки Қодиров Ҳайдар уҳдадор шуд, ки то 1-уми сентябри соли 2014 маблағи аз Юлдошев гирифтаашро пас мегардонаду Юлдошев Фарҳод ҳуҷҷати хонаи моро медиҳад. Ман ба судя Зоиров Б. савол додам, ки агар то 1-уми сентябри соли 2014 Қодиров Ҳ. маблағи пулии Юлдошевро пас нагардонад, чӣ мешавад? Зоиров дар ҷавоб бо ду дасташ дари кабинеташро нишон дода, “ҷавоб” гуфт.
Ҳама баромадему Қодиров Ҳ., Юлдошев Ф. ва намояндаи Юлдошев Ф. – Ҳасан Сӯфиевич дар кабинети Зоиров Боир монданд.
Боз 8-уми сентябри соли 2014 ба хонаамон судиҷрочиён омаданд ва гуфтанд, ки мо бояд хонаро холӣ кунем. Баъд аз он мо ба суд муроҷиат кардем, ки Қодиров ва Юлдошев моро фиреб карда, хонаи моро ба гарав гуфтаву харидуфурӯш карданд. Мо пулеро, ки онҳо бо якдигарашон додугирифт кардаанд надидаем. Ҳарду фоизбозӣ карданду боз судя Зоиров бошад, Юлдошевро дастгирӣ карда, он уҳдадориҳоеро, ки Қодиров гирифта буд, ба гардани шавҳарам гузоштааст, аммо ягон судя моро дастгирӣ накард.
Бар замми хонаю ду мошин ва ҳам 10 ҳазор доллари аз хешу табор қарз гирифтаву ба фоизпулии Фарҳод додаамон, боз соли 2016 ману хушдомани пирам ва келинамонро барои ба хонаи худамон даромада шиштан суд ва 40-ҳазорӣ ҷарима карданд. Шукр ки дар рӯйхати “АВФ” афтода,аз ин ҷаримаҳо озод шудем.
Вале моҳи ноябр боз Юлдошев Ф., Солиҷонов Шуҳрат – корманди прокуратураи вилоят ва прокурори ноҳияи Б. Ғафуров Кенҷазода моро аз хона зӯран бароварданд бо қарорҳои ғайриқонунии прокуратура. Моро судиҷрочиёни ноҳия ва вилоятӣ латукӯб карда, зӯран аз хона пеш карданд, ки дар натиҷа ман ҷароҳати ҷисмонӣ аз поям бардоштам (ташхисҳо ҳаст).
Пас ба суд муроҷиат намудам. Ба кадом суде, ки аризаи ман мефаромад, он суд гузориш медод ва намехост, ки аризаи маро бинад. Ҳамин тариқ, аризаи ман дар ноҳияи Б. Ғафуров ба муҳлати 7 моҳ аз ин кабинет ба он кабинет гашт. Баъд аз 7-8 моҳ аризаи ман ба судя Саидаҳмадзода Рустам фаромад. Судя Саидаҳмадзода Р. аризаи маро хондаву санҷида, бо сабаби ғайриқонунӣ будани қарори Прокуратураи ноҳияи Б. Ғафуров онро бекор кард. Мо ҳамроҳи хушдоманам ба хона даромадем ва дидем, ки хонаи моро чун анборхона кардаанд.
Баъд Юлдошев Фарҳод боз ба прокуратура аз болои аҳли оилаи ман шикоят навишт, хушдомани пирам Ҳаитбоева Ҳалимаи 78-соларо ба муддати 1 сол ҳабс намуданд. Судя Ашӯрзода, прокурор Содиқов Нодир, Ятимов Алишер ҳамаашон забон як карда, бо Юлдошев Фарҳод ва Солиҷонов Шуҳрат моро ба ҳабс гирифтанд. 15-уми январи соли 2018 ба ҳабс гирифта шудем.
Баъд ман шикояти кассатсионӣ навиштам ба Суди вилояти Суғд. Аммо судя Қурбонов Сафаралӣ ва прокурори вилоятӣ Солиҷонов Шуҳрат аз шикояти кассатсионии ман бохабар шуда, гапҳои дурӯғ пароканданд, яъне ҳар судяе, ки шикояти Сатторовро бинад, бармеояд, ки маблағ гирифтааст. Барои ҳамин, шикояти кассатсионии мо бетағйир монд ва ман 1 сол пурра дар шаҳри Норак дар «Муассисаи ислоҳии занҳо» адои ҷазо кардам.
Қодиров Ҳайдаркалонро Юлдошев Фарҳод бо Солиҷонов Шуҳрат ба Федератсияи Россия гурезонида, моро ба ҳамин қадар азоб расониданд. Танҳо умедамон Суди Олӣ аст. Агар дар ин мақом ҳам судяи боинсофе набошад, ҷуз худамонро дар дохили хонаи баҳсӣ оташ задан зӯрамон ба чизе намерасад дигар. Зеро тамоми пуламон сарфи фиребхӯриямон шуд.
Шаҳодат САТТОРОВА,
сокини ҷамоати Унҷӣ, кӯчаи Ҷавонӣ, хонаи №84
Саттор САТТОРОВ,
маъюби гуруҳи 2