Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаи доди як зани танҳо, ки аз кор ихтисор шудааст ва дигар намедонад сарашро ба куҷо занад, то дубора соҳиби ҷойи кор шаваду фарзандонашро таъмин кунад

Муҳтарам,Ҷаноби Олӣ, мактубро ба шумо зани танҳо, модари 3 фарзанд, менависад.

Ман истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент ҳастам. Шавҳарам соли 2020 аз касалии илтиҳоби шуш вафот кард. Ман бо 3 фарзанд бесаробон мондам. Писари калониам дар Донишгоҳи тиббӣ, дар курси 3, мехонад. Писари хурдиам 12-сола аст. Духтарам соли 2020 Донишгоҳи миллиро хатм кард. Ҳарду фарзандам дар донишгоҳҳои бонуфуз дар гуруҳи буҷавӣ мехонанд.

Ман аз соли 2002 дар Шабакаҳои барқи Панҷакент кору фаъолият мекунам. Шавҳари марҳумам низ аз соли 1993 дар ин ҷо кор мекарданд.

Соли ҷорӣ баъд аз навгониҳо дар соҳаи энергетика ман ба қатори қариб 100 нафар коргар бекор мондам.

Қариб 90%-и ихтисоршудагонро занҳо ташкил мекунанд, ки бештарашон ба мисли ман занҳои танҳо ҳастанд. Инак, қариб ду ҳафта мешавад, маълум нест, ки мо кор мекунем, ё ихтисор шудаем. Аз мо талаб карданд, ки аризаи аз кор озодшавиро нависем. Акнун мегуянд, ҳар касеро, ки мехоҳанд, ба кор қабул мекунанд: “Аризаҳоятонро навиштед, аз дастатон ҳеҷ коре намеояд”.

Бештари занҳои бекормонда зиёда аз 15 сол собиқаи корӣ доранд. Бо ин синну соле, ки мо доррем, ҷойи кор ёфтан душвор аст. Панҷакент шаҳри бузург нест, бештари корхонаву идораҳо ҷойи кори холӣ надоранд, ё ҷавононро ба кор қабул мекунанд.

Ба мо фаҳмонданд, ки дар идора барои занҳо ҷойи кор нест. Бештари идорашинҳо мардонанд. Ба гуфти худашон, инҳо мутахассисанд. Агар ин тавр аст, пас ба мо занҳо як роҳ мемонад, то равему Роғунро обод кунем. Инҷо мутахассион дар курсиҳои гарму нарм шинанд.

Фаҳмидем, ки раиси нав мехоҳад одамони худашро ба кор гирад ва бо онҳо кор кунад. Магар ин коргоҳи давлатӣ нест? Ё ширкати падарашон асту чӣ коре хоҳанд мекунанду бо касоне, ки мехоҳанд кор мекунанд?

Ҷаноби Олӣ, ба шумо низ вазъияти вазнини ҳозир маълум аст. Агар роҳи муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия кушода мебуд, мерафтем мардикориву як луқма нон ёфта фарзандонамонро ба воя мерасондем.

Дар ин вазъ додраси мо шумоед. Аввал ба Худованд бовар дорему баъд ба шумо умед.

Манзура Бобомуллоева

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь