Баромадан ба ошиёнаи нуҳум бидуни лифт бисёр мушкил аст, ҳатто барои ҷавоне мисли ман. Холаи Давлатмоҳ сокини шаҳри Кӯлоб бошад, 13 сол мешавад дар қабати болоии ин бинои истиқоматӣ зиндагӣ дорад. Баромадану фаромадан барояш бисёр гарон меафтад. Ҳар бори боло шудан бо зинапоя фишори хунаш баланд мешавад ва дар як ҳолати бад қарор мегирад. Мегӯяд,  хуб мешуд, агар лифтҳоротаъмир мекарданд:

“Синни ман ба ҷое расидааст, дигар наметавонам ба ошёнаи нуҳум бароям. Гоҳи баромадан маҷбурам дар ҳар ошёна лаҳзае дам гирам. Замоне ки моро дар инҷо бо ҳузури Сарвари давлат хона доданд, лифтҳо кор мекарданд, аммо баъд аз оне ки Президент рафт, кор кардани лифтҳоро намебинам. Чанд бор ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардам, ягон натиҷа надод. Ҳоҳиш мекунам, бачам, як илоҷ кун, ки ҳамин лифтҳо ба кор дароянд.”

Мушкилоти кор накардани лифтҳо дар шаҳри Кӯлоб аз дер боз мавҷуд аст ва ба назар мерасад, ки ин иншооти “афсонавӣ” аслан соҳиб надорад. Риққатбор аст, ки аз ин ҳолат аксаран пиру барҷомондаҳо азият мебинанд, ки “иттифоқан” дар қабати болоии баландошёнаҳо манзил дода шудаанд.  Баъди мушоҳидаву таҳлилҳо бо қотеият метавон гуфт, ки дар ягон бинои истиқоматии шаҳри Кӯлоб лифтҳо кор намекунанд. Аммо чаро? Кӣ бояд масъули нигаҳдории ин иншоот бошад, ва оё умед ҳаст, ки холаи Давлатмоҳ аз ин азобу дарду бемадорӣ раҳо ёбад?

Дидани ҳоли зори холаи Давлатмоҳ ва шунидани шикояти ӯ маҷбурам сохт, ин масъаларо пайгирӣ кунам.  Ҳарчанд масъала бисёр печида ва мураккаб менамуд.

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  ва соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон нигоҳдории манзилҳои истиқоматӣ пурра ба ихтиёри соҳибмулкон гузашт. Масъалаи таъмиру нигаҳдории биноҳои истиқоматӣ  ва иншооти ба он алоқаманд пайдо гардид. Мардум то ҳол ба умеде зиндагӣ доранд, ки давлат мушкилоти онҳоро ҳал хоҳад кард, аз ин рӯ, ягон тасмим намегиранд. 

Ин дар ҳолест, ки мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нигаҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил” соҳибмулк уҳдадор аст нигаҳдорӣ, ҳолати мувофиқи техникӣ ва санитарии манзили истиқоматии ба ӯ тааллуқ доштаро таъмин намояд ва тибқи тартиби санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ муайянгардида таъмири ҷорӣ ва асосии онро аз ҳисоби худ анҷом диҳад.

Ин маънои онро дорад, ки давлат дигар муваззаф нест, ки лифти бинои истиқоматиеро, ки холаи Давлатмоҳ дар он ба сар мебарад, таъмир намояд. Акнун ин масъулият бар дӯши худи холаи Давлатмоҳ ва ҳамсояҳои ӯ афтодааст.

Баъди қабули қонуни болозикр (солҳои 90-ум) беш аз 90 дарсади биноҳои истиқоматӣ аз ҷониби шаҳрвандон хусусӣ гардонда шуд. Дар шаҳри Кӯлоб ин шумора беш аз 93 фоизро ташкил медод, вале дар ин самт мушкилоти дигар пеш омад. Соҳибмулкон, яъне сокинони хонаҳои баландошёна  то ҳол вазифаву уҳдадориҳои хешро намедонанд. Масалан, дар самти пардохти хидматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла, обу ташноб, кашонидани ахлот ва тоза намудани гирду атрофи биноҳо саҳлангорӣ мекунанд. Корхонаҳои коммуналӣ дар навбати худ худмаблағгузор гаштаанд ва аз сабаби пардохт накардани ҳаққи хидматрасонӣ аллакай  муфлис шуда истодаанд.

Тибқи қонуни мавҷуда ба шаҳрвандон имконот барои ширкат дар равандҳои ислоҳотӣ дода шудааст. Дар доираи лоиҳаҳои амалишавандаи чӣ ҳукуматӣ ва чӣ созмонҳои ғайридавлатӣ дар сатҳи деҳаҳо ва ҷамоатҳо  сохторҳои ҷамоавӣ таъсис дода шудаанд. Яке аз чунин созмонҳои нисбатан муваффақ дар ин самт  ташкилоти ҷамъиятии Маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии “Шаҳрванд” аст, ки тӯли се соли охир лоиҳаи “Ислоҳоти манзилӣ-коммуналӣ дар амал”-ро дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ  амалӣ карда истодааст. Натиҷаи амалишавии ин лоиҳа хеле назаррас буда, тағйироти ҷиддӣ дар ин самт ба вуҷуд омадааст, аммо ин танҳо қисмати ками манзилҳои истиқоматиро фаро гирифтааст. То ба ҳол дар аксари биноҳои истиқоматӣ ин гуна ширкатҳо таъсис наёфтаанд ва маҳз аз ҳаин сабаб онҳо аз роҳҳои ҳалли ин мушкилиҳо бархурдор нестанд.

Бо вуҷуди анҷом додани  корҳои зиёди ислоҳотӣ дар ин самт, масъалаи таъмиру нигоҳдории манзилҳои бисёрхонагӣ яке аз мушкилоти умда боқӣ мемонад. Умеди ягонаи холаи Давлатмоҳ бобати таъмири лифт аз ташкили ширкати соҳибмулкони манзил вобаста аст. Ба ибораи дигар, сокинони бинои баланошёна бояд байни худ маслиҳат намуда, ин мушкилро бартараф намоянд. Мақомоти иҷроия пеши ин сокинон ягон масъулият надорад ва шаҳрвандон набояд ба умеди кӯмаки беруна зиндагӣ кунанд.

Ягона роҳи ҳалли мушкилоти холаи Давлатмоҳ ва садҳо кампири мисли ӯ шояд ташкили амалии ин гуна лоиҳаҳо бошанд. Аммо дар зинаи аввал бояд ба мардум фаҳмонид, ки соҳибони манзили онҳо худашон ҳастанд, на давлат.

 Абдуллоҳ Ғурбатӣ, “Фараж», Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь