Дар нишастҳои матбуотии раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон  мавзуъҳои ҷолиб,  аз ҷумла ба суд кашидани кумитаи идораи замини вилоят аз ҷониби раиси шаҳри Левакант, ба Прокуратура шикоят кардан аз болои ширкати мансуб ба оилаи Алимардонвоҳо дар Ҷомӣ, тақсими заҳкаш  барои хонасозӣ дар Ҷайҳун,  дучархаронии раиси ноҳияи Дӯстӣ, бекор шудани 69 қарори раисони Шаҳритус, тӯл кашидани бунёди боғ дар Бохтар, бунёди корхонаи саноатӣ  дар деҳаи селсазадаи Хурсон, омодагӣ ба бунёди корхонаи семент дар Кӯшониён ва омода будани ноҳияи Носири Хусрав барои қабули муҳоҷирони экологӣ баррасӣ шуданд.

Давлатзода Кумитаи замини вилоятро ба суд медиҳад?

Масъулини Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон аз изофанависии кишти картошка дар майдони 187  гектар изҳори нигаронӣ карданд. Раиси шаҳри Левакант Зарина Давлатзода гуфт, ки ин изҳороти масъулини Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон асос надорад. Ӯ иддао кард, ки масъулини Кумитаи идораи замин дар шаҳри Левакант ягон санҷиш нагузаронидаанд.

– Ман ба Кумитаи идораи замин гуфтам маълумотро кӣ пешниҳод кардааст? Ӯро ба суд медиҳам. Мутахассис намомадааст. Маълумоти бардуруғ ба раиси вилояти Хатлон пешниҳод шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, дар нишасти аз изофанависӣ дар кишти картошка изҳори нигаронӣ карда гуфт, изофанависӣ дар майдони 187 гектар не, аз ин ҳам зиёд аст.

Аз ширкати Алимардоновҳо ба Прокуратура шикоят карданд

Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафар Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки то ба имрӯз се ширкати  ҶДММ “Баракати Ҷомӣ”, ки мансуб ба хонаводаи  Алимардоновҳо аст, дар назди нозироти  андози ноҳия ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ қарздоранд.

Сардори Нозироти андози ноҳия Шуҷоатзода Фарҳод  гуфт, ки нисбати ин ширкатҳо чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо андешида шудааст.

Сардори идораи беҳдошти замин ва оберии ноҳия Фахриддин Ғафуров изҳор дошт, ки ду ширкати Алимардоновҳо ҶДММ “Баракати Ҷомӣ” ва ХЗЧ “Баракати Ҷомӣ” аз ҳаққи истифодаи об 250 ҳазор сомонӣ қарздоранд. Айни замон барои пардохти ин қарз аз болои болои ҳардуи ин ширкат ба додситонии ноҳия шикоят шудааст.

Заҳкаше, ки ба сокинон дода шудааст, қонунӣ будаст

Дар деҳаи Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Қумсангири  ноҳияи Ҷайҳун  як заҳкашро пур кардаву замини онро барои  бунёди хона тақсим кардаанд. Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода гуфт:  “Ман худам муҳандиси заминсозам. Ин замини ғайрикишоварзӣ аст ва барои тақсим кардани он хулосаи ҳамаи сохторҳои давлатӣ гирифта шудааст”.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, “роҳро низ аз байн бурдаанд ва заҳкашро низ пур карда, раиси ҷамоат Муродбек Ақсакалов ин ҷоро ба унвони замини наздиҳавлигӣ тақсим кардааст”.

Раиси ноҳия ба суолҳои ин ки, масоҳати ин замин чӣ қадар аст ва бо қарори кадом раис ё ҳукумати ҷумҳурӣ ба чанд оила тақсим шудааст, ҷавоби дақиқе додан натавонист, ё нахост посух бидиҳад.

Раисе, ки то ҳол дучарха меронад

Раиси ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Саидзода Нурмуҳаммад гуфт,  ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ бо дучарха ба кор меояд. Ин раис қаблан низ гуфта буд, 20 сол мешавад, ки ҳар руз 1,5 ё 2 километр роҳро пиёда, ё бо дучарха тай мекунад. Аммо, вақтҳое мешавад, ки маҷлис ё ягон кори фаврӣ мебарояд ва маҷбур аст, пиёдагардӣ ва дучархарониро канор гузорад.

69 қарори раиси Шаҳритус бекор шудааст

Раиси ноҳияи Шаҳритус Ҷаббори Ғаффор иттилоъ дод, ки соли 2020-ум 69 қарори раиси ноҳия бекор карда шудаст, ки 15 дарсади онҳо қарорҳои худи ӯ мебошанд. “Боқии қарорҳои бекоршуда аз соли 2015-ум то инҷониб, ки собиқ раисони ноҳия имзо карданд, ба ҳисоб мераванд”, – илова кард раиси ноҳия.

Зимни нишасти хабарии Прокуратураи вилояти Хатлон итилоъ дода шуда буд, ки соли 2020-ум дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Прокуратураи вилоят 272 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо бекор карда шудааст, ки бештараш ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Кӯлоб рост меояд.

Дар Бохтар чаро боғи 48-гекторӣ бунёд нашуд?

Соли 2016-ум санги асоси боғи фарҳангию фароғатӣ ва маҷмааи варзишии шаҳри Бохтар гузошта шуд, аммо бо гузашти беш аз чор сол сохтмони он оғоз нашудаст. Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода мушкили оғоз нашудани сохтмони ин иншоотро 48 гектор замин дар тасдиқ нашудани санадҳои он гуфт ва илова кард, ки тибқи нақшаи генералии шаҳр, ки то соли 2035 тасдиқ шуда буд, бунёди он ба анҷом расонида мешавад.

Бунёди корхонаи саноатӣ  дар ҷойи деҳаи селсазадаи Хурсон

Сели рӯзҳои 14 ва 15-уми майи соли 2020 даҳҳо хонаро дар ноҳияи Хусрон  пурра вайрон ва ба даҳҳо манзили дигар қисман осеб расонд, чанде аз чорвои мардумро кушт ва киштзорҳошяонро хароб кардаву ду нафар ҳам ҷони худро аз даст доданд, – гуфт раиси ноҳия мазкур Илҳом Аҳмадзода.

Раис афзуд, ки дар ҷойи он деҳаи зарардида, ният доранд як корхонаи саноатӣ бисозанд. Дар ин замина бо соҳибкорон гуфтушунид шудааст. Пешниҳодо ташкили  хоҷагии деҳқонӣ вале раис розӣ нашудаст.

– Ба ҳамаи он оилаҳое, ки хонаҳояшон пурра ё қисман зарар дида буданд дар мавзеи нав хона бунёд карда шуд ва номи он деҳаро “30-солагии Истиқлол” гузошта шудаст, мушкилии асосии онҳо набудани мактаб аст, ки мо онро низ ҳал хоҳем кард, – илова кард раиси ноҳия.

Раиси Вахш ягон қарори заминро имзо накардаст

Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Қувватзода иттилоъ дод, ки аз рӯзе раиси ноҳия таъйин шудааст, дар бораи ҷудо кардани қитъаи замин ягон қарор  имзо накардааст ва то рузе ҳаст, нахоҳад кард.

Ӯ илова кард, ки барои имзо кардани ҳар қарор бояд масъул бошиву ҷавоб гӯӣ.

– Мо барои сохтмон қитъаи замин надодем. То аз ҷониби ҳукумати кишвар ҷудо нагардидани замин барои фонди манзил, ман ҳуқуқ надорам, ки мустақилона барои сокинон қитъаи замин ҷудо кунам, – илова кард Қ. Қувватзода.

Корхонаи семент дар Кӯшониён кай бунёд мешавад?

Раиси ноҳия Кӯшониён Вализода Икромиддин дар нишасти пешинаи худ иттилоъ дода буд, ки дар оянда дар ҳудуди ноҳия  корхонаи истеҳсолии семент бо иқтидори истеҳсоли 5 миллион тонна дар як сол  бунёд  карда мешавад ва истеҳсоли сементи навъи 700 ба роҳ шуда, 5 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Аммо дар нишасти имсолаи худ раиси ноҳия гуфт, ҳама чорабиниҳое, ки вобаста ба ташкили ин корхона мебошад, ба анҷом расонидаанд. “Дар масъалаи бунёди корхонаи семент як ду масъала вобаста ба экологияву дигар самтҳо ҳаст, ки онро бо ташкилоту идораҳои ҷумҳурявӣ ҳамоҳанг мекунем, баъд аз паси сохтмон мешавем”, – гуфт раис.

Вализода Икромидин ҳамчунин афзуд, соли гузашта  2 ҳазору 838 ҷойиҳои нави корӣ таъсис дода шудаву, садҳо иншотҳои хурду бузург сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.

Носири Хисрав муҳоҷирони экологӣ қабул мекунад

Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон иттилоъ дод, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2018-ум таҳти №521 дар бораи “Муҳоҷирони дохили ихтиёрии аҳолӣ, қобили меҳнат, аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии куҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи кишвар дар соли 2019-2021” аз ноҳияҳои Тоқикобод 5 оила, Шаҳритус 10 оила ва Қубодиён 5 оилаи муҳоҷир ба ноҳияи Носири Хусрав ворид гардиданд.

– Аз инҳо панҷ оила бо қарори дахлдори раиси ноҳия соҳиби шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин шуда, ҳуҷатгузории дигар оилаҳо дар баррасӣ мебошанд, – гуфт раис ва афзуд, ки омодаанд, ки дигар муҳоҷиронро қабул ва онҳоро бо замин таъмин кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь