Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Бохтар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 63 миллиону 817 ҳазор сомонӣ дохил гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 Қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнат ҷой надорад

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Раёсати молияи шаҳр ҷиҳати иҷрои буҷети давлатӣ, маблағгузории саривақтии эҳтиёҷоти муассисаҳои иҷтимоӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.

Бино ба иттилои Изатуллозода Ҳабибулло – сардори Раёсати молияи шаҳри Бохтар, буҷети шаҳр дар соли 2019 бо қарори маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 24-уми декабри соли 2018, таҳти рақами 234 аз рӯи даромади умумӣ ба маблағи 188 миллиону 465,1 ҳазор сомонӣ, аз он ҷумла даромадҳои маҳаллӣ 88 миллиону 619,3 ҳазор сомонӣ, андози иҷтимоӣ 69 ҳазору 293,6 ҳазор сомонӣ ва ҳиссаҷудокуниҳо аз рӯи 3 намуди андозҳо ба буҷети вилоятӣ ба маблағи 30 миллиону 552,2 ҳазор сомонӣ ва нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба маблағи 99 миллиону 619,3 ҳазор сомонӣ қабул карда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи ҳисоботҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр аз рӯи контингенти умумӣ бо назардошти тағйироту иловаҳо ба андозаи 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷетҳои дахлдор ва Агентии суғарта 109 миллиону 419,8 ҳазор сомонӣ маблағҳо ворид гардидаанд, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 135,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

– Аз ҳаҷми умумии даромадҳо 63 миллиону 817 ҳазор сомонӣ ба буҷети маҳаллии шаҳр, 20 миллиону 882,8 ҳазор сомонӣ ҳиссаҷудокуниҳо ба буҷети вилоятӣ ва 45 миллиону 378,4 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби Агентии нафақа ворид гардидаанд,- илова кард И. Ҳабибуло.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоии корхонаҳои буҷетии шаҳр дар сатҳи 109 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 105 фоиз таъмин карда шудааст.

– Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 100 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 63 миллиону 805,9 ҳазор сомонӣ нақшаи пешбинигардида 63 миллиону 817 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз он ҷумла, қисми хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳр дар давраи ҳисобтоӣ бо дарназардошти тағйироту иловаҳо ба маблағи 66 миллиону 795,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр ба маблағи 63 миллиону 386,8 ҳазор сомонӣ равона гардидааст, ки 95 фоизи нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад,- илова кард ӯ.

Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати мамлакат – ин сари вақт пардохт кардани нафақапулии ашхоси бознишаста мебошад. Ин аст, ки роҳбарияти шаҳр тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то маблағҳои нафақа сари вақт пардохт карда шаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамаи ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр пурра бо маош таъмин гардида, аз фонди ҳифзи иҷтимоӣ қарздорӣ вуҷуд надорад ва кормандони Раёсати молияи шаҳр талош доранд, ки дар оянда низ қарздорӣ ва қафомонии музди меҳнати ташкилотҳои буҷетӣ тамоман ба вуҷуд наояд.

Маблағгузорӣ барои зимистон пурра иҷро шуд

Омодагии ташкилоту муассисаҳои шаҳр, хосатан маорифу тандрустӣ ва идораи роҳҳо ба зимстони имсола дар сатҳи хуб қарор дошта, маблағҳои пешбинишуда аз ҳисоби буҷети шаҳр ба пуррагӣ пардохт шудааст.

Ба иттилои расида, ҷиҳати иҷрои Қарори раиси шаҳри Бохтар аз 15.05.2019, таҳти №206 оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.2019, таҳти №117 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарбахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020” нақшаи маблағгузорӣ дар ин самт дар муассисаҳои таълимии соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Бохтар 100 фоиз таъмин гардидааст. Аз он ҷумла, ба муассисаҳои таълимии соҳаи маориф 240,7 ҳазор сомонӣ ва ба соҳаи тандурустӣ 40,1 ҳазор сомонӣ аз рӯи нақшаи пешбинигардида маблағгузорӣ карда шудааст.

Ободии шаҳр мароми мост

Солҳои охир дар шаҳри Бохтар корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардааст. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда истодааст, ки ин баҳри ободии як гӯшаи диёри азизамон аст.

Дар соли равон фонди эҳтиётии раиси шаҳр ба маблағи 441,2 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ бо 29 қарори раиси шаҳр дар маҷмуъ ба маблағи 303,7 ҳазор сомонӣ равона гардидааст. Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки дар давраи ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаҳои иҷроиши барзиёди нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо 27 қарори раиси шаҳр 1 миллиону 861,7 ҳазор сомонӣ маблағҳо ба ташкилоту муассисаҳо равона карда шудааст.

327 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд

Барои мақсаднок истифода шудани маблағҳои ҷудошуда аз ҳисоби мақомоти маҳал кормандони Раёсати молияи шаҳр назорати онро хуб ба роҳ мондаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар нуҳ моҳи соли равон аз тарафи мутахассиси аудити дохилӣ ва назорати Раёсат дар 24 ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр таҳлил гузаронида шудааст. Дар рафти таҳлили интихобӣ ба маблағи 327,4 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардида, маблағҳои ошкоргардида пурра барқарор карда шудаанд.

Дастуру супоришҳо сари вақт иҷро мешаванд

Раёсати молияи шаҳри Бохтар фаъолияташро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору супоришҳои ҳукумати кишвар, вилоят ва шаҳр вобаста ба татбиқи пешбурди фаъолияти молиявӣ дар самти буҷету андоз, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷетӣ, назорати ҳисоби дуруст, пурра ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии давлатӣ равона намудааст.

Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ, “ФАРАЖ”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь