Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдоми некбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба хизматҳои шоистаи шахсиятҳои баруманди миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Яке аз нобиғагони миллати тоҷик Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов мебошад, ки зиёда аз 60 соли умри хешро баҳри пешрафти санъати миллӣ, эҳёи сурудҳои классикӣ ва халқии тоҷик, равнақи санъати классикии «Шашмақом», тарбияи даҳҳо санъаткорони ҷавон ва тарғиби санъати тоҷик дар гӯшаву канори ҷаҳон бахшидааст. Нерӯи ҳунарӣ ва эҷодии Ҷӯрабек Муродов аз солҳои 60-и садаи бист то ба имрӯз бо фарҳанги мусиқии тоҷик иртиботи қавӣ дорад. Мавқеи ӯ аз доираи санъати мусиқӣ хеле фаротар рафта, ба пешрафту собитгардии фарҳанги миллии тоҷикӣ мусоидат кардааст. Саҳми эҷодии вай барои ташаккули жанре, ки аввалан танҳо ба ин ҳунарманди асил хос буд ва дигар сарояндагон, ки мисли устод, ҳам сурудҳои классикӣ, ҳам сурудҳои эстрадиро синтез карда, иҷро кардаанд камназир аст.
Ҷӯрабек Муродов дар эҷодиёташ мусиқии классикиву замонавӣ, шаҳриву рустоӣ, шимоливу ҷанубӣ, касбиву мардумиро ба ҳам оварда, ниҳоят ба он муваффақ гашт, ки дар сабки инфоридиаш сабки миллиро инъикос намуд.
Аз ин хотир барои хидматҳои шоистаи устод Ҷӯрабек Муродов ва муаррифи дастовардҳои беш аз 60 солаи ӯ бо қарори Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ аз санаи 20 августи соли 2014 таҳти № 368 дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов» ба тасвиб расид ва аз санаи 2 январи соли 2015 осорхона дар ҳайати 6 нафар коргар ба фаъолияти худ шурӯъ намуд.
Дар осорхона ба миқдори 3400 адад номгӯи экспонатҳо аз мамлакатҳои гуногуни хориҷи дуру наздик, зиёда аз 200 адад номгӯи сувенирҳои хурду калон, зиёда аз 20 адад созҳои мусиқии миллӣ ва хориҷӣ, қариб 40 адад ҷома ва либоси саҳнавӣ, зиёда аз 40 адад сӯзаниву қолин, зиёда аз 100 адад ордену медал ва нишоннаҳои сари синагӣ, садҳо адад тангаҳо ва пулҳои қоғазии мамлакатҳои гуногуни дунё, ба миқдори зиёд портретҳо ва афишаҳои консертии солҳои гуногун, даҳҳо адад фиттаҳо ё дискҳо аз фаъолияти эҷодии солҳои гуногун, дипломҳо ва табрикотҳои хотиравӣ, зиёда аз 2000 адад китоб, рӯзномаву маҷалла, даҳҳо албом бо суратҳои шахсиятҳои бузурги дунё ва ғайра ҷамъ оварда шудааст.
Инчунин дар назди осорхона Комиссия оид ба харидорӣ намудани ашёҳои қадим ва дигар маводҳо вобаста ба фаъолияти устод Ҷӯрабек Муродов таъсис дода шудааст.
Давоми солҳои охир бо ташаббуси роҳбари Муассисаи давлатии «Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов» ва дастгирии шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии мактабҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он дарсҳои суруд ва мусиқии худро дар осорхона мегузаронанд. Ин иқдом дар тарбияи зебоишиносии хонандагон ва дарки моҳияти санъати мусиқии тоҷик нақши муҳим дорад.
Инчунин, аз осорхона боздид намудани меҳмонон ва сайёҳон аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва хориҷи кишвар ба онҳо нисбати қадршиносии шахсиятҳои хизматнишондода ва гиромидошти дастоварду осори мусиқии тоҷик таассуроти нек боқӣ мегузорад.
Хулоса, таъсиси Муассисаи давлатии «Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов» барои ба ояндагон ба мерос гузоштани анъанаҳои асили мусиқии тоҷик дар шахсияти як ҳунарманди нотакрор ва тарбияи насли оянда дар руҳи худшиносӣ ва ватандӯстӣ, эҳтиром ба санъат ва муаррифи фарҳанги тоҷик мусоидат мекунад.
Ба пурсишҳои мо оид ба осорхана ва ҳунару эҷодиёти Ҷӯрабек Муродов андешаи чандеро пешниҳоди хонандагон мегардонем:
Абулбоқиева Шаҳноза–корманди осорхонаи мазкур, аз соли 2023:
-Аз овони кӯдакиям мухлиси он кас будам, аз ин хотир бо камоли майл ва эҳтироми беандоза нисбати ин шахсияти бузург ба ин ҷо ба кор омадам. Бо маданияти волои худ, хотираи қавӣ ва имконияти ин қадар сурудҳои зиёдро дар зеҳни худ доштан ба Ҷӯрабек Муродов-Ҳунарпешаи халқии СССР – Иттиҳоди шӯравӣ имконият фароҳам овардааст, ки аз аввалин қадамҳои эҷодиашон ба дили мардум ҷо гиранд. Нисбати ҳар як шахсе, ки дар куҷое набошад, бо ӯ дар ҳамкорӣ ҳаст, хело некбинона, самимӣ рафтор мекунанд. Мо фахр аз он дорем, ки бо чунин шахсияти бузург дар як аср ҳамқадам ҳастем.
Бобоҷонова Хадича, корманди Кохи фарҳанги “Суғдиён”:
-Ман мухлиси Ҷӯрабек Муродов мебошам. Банда бисёр сурудҳояшонро медонам. Он кас зиёда аз 1000 суруд сароидаанд. Ӯро нобиғаи Тоҷикистон мешуморам. Сурудҳояшонро барои худам ва тарбияи фарзандонам истифода мебарам:
“Бо шумо як рӯзи ман зебо гузашт,
Дилнишин зебандаи дунё гузашт.
То назар кардем байни ҳамдигар,
Меҳри мо аз дида бар дилҳо гузашт”.
Ҷӯрабек Муродов он қадар сурудҳои баландмазмунро хондаанд, ки мо аз ин миннатдорем. Хушбахтона мо дар як шаҳр, дар як замон бо ин нобиғаи нотакрори санъат умр ба сар мебарем. Чуноне, ки худашон мегӯянд:
“Сад сол бизию, ҳазор сол бизӣ”. Ин шахси бузург сад сол бизиянд ва ҳазорсоли дигар дар дилу дидаи мардум ҷойгир хоҳанд монд.
Элвира Берберова, собиқ корманди филармония:
-Ман нисбат ба Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ-Ҷӯрабек Муродов танҳо “Аҳсан” гуфтанӣ ҳастам. Зиёда аз 60 сол дар саҳна будан ин ба ҳар кас муяссар намегардад. Вақте, ки ман дар филармония кор мекардам, устод бо ҳама меҳрубон буданд. Садои ӯ, симои ӯ ба ман аз кӯдакӣ ошно буд. Модарам, тағоиям, ки ба устод шабоҳате доштанд, доим таввассути радио гӯш мекарданд, тавассути телевизион нигоҳ мекарданд. Бо истеъдоди волояшон медонам, ки оламро тасхир кардаанд. Медонам, ки бо Шералӣ Ҷӯраев дӯстӣ дошт. Бо эҷодиёти нотакрори худ саҳми хеле бузургро ба санъати тоҷик гузоштааст.
Нигина Табарова – дандонпизишк:
-Ба наздикӣ дар Донишгоҳи тиббӣ, 1 ноябр бахшида ба 70 солагии донишкада, консерт баргузор гардид ва устод дар он ташриф доштанд. Ҷӯрабек Муродов бо сароидани сурудҳояшон, бо тарзи муносибати худ бо тамошобинон ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд. Барои ман, ҳамчун шахси санъаткори нодир зеби саҳна мебошад.
Тӯхтасунов Ғайрат –асосгузори варзиши баскетбол бо аробача дар Тоҷикистон, аъзои Ҷамъияти маъюбони ш. Душанбе:
Ҷӯрабек Муродов, яке аз ситораҳои барҷастаи саҳнаи тоҷик мебошад. Беҳуда Ҳунарманди халқии Иттифоқи Шӯравӣ набуд. Дар ёд дорам, ки бештар дар эҷодиёташ шеърҳои Мирзо Турсунзода садо медоданд. Ҳатто мегуфтанд, ки Ҷӯрабек Муродов писархонди шоири бузург буд. Медонам, ки фақат зинда месароид. Мухлисони зиёд дошт. Солҳои 90-ум дар як маърака сурудҳои эшонро аз пеш шунидам ва аз он вақт, мухлиси санъаташ шудам. Хусусан, сурудашон дар бораи “Нону нонреза” барои ман таъсирбахш буд. Вақте ки мо ҷавонтар будем, сурудҳои “Хосияти дукокула”, “Зулайхо”, хеле машҳур буданд. Таъсири эҷодиёти ӯ ба сарояндагони вилояти Суғд хело калон буд. Афзалшо Шодиев, Хосият Ортиқова, Қобилҷон Зарипов-мактаби устодро гузаштаанд. Ҳамчунин, дар эҷодиёти Муродбек Насриддинов таъсири устод дида мешавад. Бародараш марҳум Абдуллобек Муродов узви гурӯҳи маъюбон буд, ӯ месароид, бо ҳам низ сароидаанд. Ман пластинкаҳо-қартаҳои виниллиро ҷамъоварӣ намудаам. Сурудҳои Ҷ.Муродовро низ дар пластинкаҳо дорам ва гӯш мекунам.Чанд мудддат пеш 80-солагиашон дар Ҷумҳурӣ қайд карда шуд.
Фирдавси Фирӯззод, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Русия:
Ман хона-музеи Зиёдулло Шаҳидӣ, оҳангсози бузурги тоҷикро медонам, ки дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Духтараш Мунира Шаҳидӣ барои рушди ин музей саҳми босазое гузоштааст. Ростӣ, намедонистам, ки Ҷӯрабек Муродов осорхонаи худро дар Хуҷанд доранд. Хеле шод шудам. Истеъдоди ӯ Худодод аст, барои ин ҳатто ягон мактаби тахассусии санъатро хатм накардаанд, аммо шӯҳрати ҷаҳониро соҳиб шудаанд.
Дар айни замон “Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов” ягона осорхонаест, ки ҳунарманд онро дар тӯли зиндагӣ ва фаъолияташ таъсис додааст.
Саида Рустамова, мусиқишинос