Бо мақсади аз вазъ ва шароити муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Данғара шинос гардидан, хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Шарифзода Б. суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара Шарифзода Б. изҳор дошт, ки соли равон барои сокинони кишвари азизамон соли таърихӣ хоҳад буд, зеро 30-солагии Истиқлолияти кишвар дар ин сол таҷлил гардид ва ҳар сокини кишвар аз ин санаи таърихӣ хуш истиқбол намуданд ва ҳамчунин дар сар то сари ҷумҳурӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардиданду мегарданд, ки албатта, баҳри худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мусоидат хоҳад намуд.

Ҳамчунин, мавсуф таъкид дошт, ки таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар бораи Истиқлолияти давлатӣ моро барои дӯст доштани Ватан ва тақвияти худшиносии миллӣ водор менамояд ва бояд мо беш аз пеш бо кору пайкори шоиста садоқати худро ба Ватан нишон диҳем ва муташаккилонаву сарбаландона, бо дилу дасти пок ва масъулияти баланд фаъолият намоем.

Дар идомаи суҳбат Шарифзода Б. зикр дошт, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара фаъолияти кории худро дар ҳашт моҳи соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати худ соҳаи маорифро афзалиятнок ва калидӣ баҳогузорӣ намудаанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияҳо, Стратегияҳо дар соҳаи маориф, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ” ба роҳ монда, ба маълумотатон мерасонад, ки кабинети методии шуъбаи маориф, Низомномаи озмуни гирандагони Стипендияи раиси ноҳия, Низомнома ва ҳайати комиссияи озмуни “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро таҳия намуда, озмуни гирандагони идрори раиси ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шуда гузашт, ки дар он 230 нафар хонандагон иштирок намуданд.

Рӯзҳои 07.01.2021 ва 08.01.2021 дар шаҳри Душанбе озмуни “Мураббияи сол” шуда гузашт, ки дар он мураббияи кӯдакистони №6 Г. Оймадова иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гашт. Дар давраи таътили зимистона ва баҳорӣ, дар асоси нақшаи кории кабинети методӣ, озмунҳои “Кабинетҳои беҳтарини фанҳои химия, физика, забони русӣ, забони хориҷӣ, иттиҳодияҳои методӣ, ҷиҳати иҷроиши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмуни “Математикони зеҳнӣ”, байни хонандагони синфҳои 1-4 озмуни “Хати зебо” гузаронида шуда, ғолибон ҳавасманд гардонида шуданд. Дар давраи таътил хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз қисмҳои ҳарбии дар ноҳия буда, осорхонаи ноҳиявӣ ва аз мавзеҳои таърихӣ дидан намуданд.

Дар давоми ҳашт моҳи сипаригашта кормандони Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ҳолати таълим ва тарбияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10, 26, 55, 63, 66, 68, 73, ЛТТ “Афлотун”-ро аз аттестатсия гузарониданд, ки натиҷааш дар байни коллективи омӯзгорон баррасӣ шуда, оид ба ислоҳи камбудиҳо дастурҳо доданд.

Мавсуф ҳамчунин ироа дошт, ки озмуни “Илм фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даври аввали он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия гузаронида шуда, даври ноҳиявӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин давра дар асоси Низомнома барои дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, озмуни омӯзгорони фанҳои математика, физика, химия, биология ва география гузаронида шуда, дар он 21 нафар омӯзгорон иштирок намуда, 5 нафар ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифта, дар даври вилоятӣ омӯзгори фанни физикаи ЛТТ “Афлотун” Тағоев Ш. ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Дар моҳи май-июн даври чоруми олимпиадаи фаннии мактаббачагон ҷамъбаст шуда, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба дастовардҳои хуб ноил гаштанд. Инчунин, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4, 6, 11, 38, 75 дар озмуни байналмилалии “Архимед” иштирок намуда, соҳиби 7 медал гардиданд.

Ҷамъбасти олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ чунин натиҷа дод: Мактаби Президентӣ 14 тилло, 18 нуқра, 29 биринҷӣ, ЛТТ ба номи “Афлотун” 3 тилло, 2 нуқра, 11 биринҷӣ 11, Гимназияи ҷумҳуриявӣ 3 нуқра, 13 биринҷӣ, муассисаи №2 биринҷӣ 3, муассисаи №4 тилло 1, нуқра 1, биринҷӣ 3, муассисаи №8 нуқра 2, биринҷӣ 8, муассисаи №11 тилло 1, муасисаи №16 тилло 1, биринҷӣ 1, муассисаи №39 биринҷӣ 1, муассисаи №56 биринҷӣ 1, муассисаи №66 нуқра 1, муассисаи №70 тилло 1. Аз ин теъдод 50 медал аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошад.

Шарифзода Б. дар идомаи суҳбаташ таъкид намуд, ки дар давоми моҳи июн ҳамаи кормандони шуъбаи маориф барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда буданд, тамоми чораҳои илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсиро андешида, корҳои ободонӣ, тайёриҳои ҳаматарафаро барои супоридани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25, 59 ба роҳ монда, Пешвои миллатро дар сатҳи баланд пешвоз гирифтанд.

Шуъбаи маориф фаъолияти кории худро дар асоси иҷроиши бандҳои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021, №864, мактуби Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 02.06.2021, №103 “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба роҳ монда, ба маълумотатон мерасонад, ки фармоишҳои дар боло зикргардида дар байни мушовирони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ мавриди баррасӣ ва амал қарор дода, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, дастраси директорони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуда, иҷроиши бандҳои нақша-чорабиниҳо зери назорати кабинети методӣ қарор дода шуд. Мушовирони шуъбаи маориф рафти аттестатсияро дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия санҷида баромада, ба кабинети методӣ маълумотномаҳо пешниҳод намуда, натиҷаи он дар Шӯрои шуъбаи маориф муҳокима карда шуд. Маълум гашт, ки аз 26776 нафар хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-ум 26739 нафар хонандагон аттестатсияи аз синф ба синф гузарониданро бо муваффақият супорида, аз синф ба синф гузаронида шуда, 36 нафарашон такроран дар синфашон мононда шуда, 1 нафар ба имтиҳонҳои тобистона роҳ наёфтааст. Аз шумораи 5472 нафар хонандагони синфҳои 9 ва 11-ум 5471 нафар ба аттестатсияи хатм роҳ дода, 5471 нафар аттестатсияи хатмро бо муваффақият супоридаанд.

Дар ин давра озмуни хонандагон барои дарёфти “Квотаи Президентӣ” шуда гузашт, ки дар он 172 нафар довталабон иштирок намуда, 60 нафар ғолиб омада, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар таърихи 24.06.2021 озмуни гирандагони “Квотаи Президентӣ” дар шаҳри Кӯлоб шуда гузашт, ки 18 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ роҳхати таҳсил гирифтанд.

Дар давоми моҳи июл кабинети методии шуъбаи маориф дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.07.2021, №1026 оид ба татбиқи “Барномаи давраи мутобиқшавии хонандагони синфи 1 ба муҳити муассисаи таълимӣ барои соли таҳсили 2021-2022” барои директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ семинар доир гардид. Дар семинар намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иштирок намуда, ба директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастур доданд, ки дар муҳлати 10 рӯз – аз 09.08.2021 то 20.08.2021 дар ҳама муассисаҳои таълимӣ давраи мутобиқшавии хонандагони синфи як гузаронида шавад ва ин чорабинӣ аз тарафи омӯзгорони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ дар муҳлати додашуда амалӣ карда шуд.

Дар давоми моҳ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия бар зидди бемории сироятии “COVID-19” эмгузаронӣ намуданд. Мудири шуъбаи маориф ба тамоми директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои сари вақт гирифтани ваксинаҳои зидди ин беморӣ дастуру супоришҳо дод.

Номбурда илова намуд, ки дар давоми моҳи август шуъбаи маориф ҷиҳати ободонию созандагӣ, тайёриҳои ҳаматарафа бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ, тайёриҳои муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №101 оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 03.05.2021, №143, дар бораи қарори раиси ноҳияи Данғара аз 16.07.2021, №226 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтзам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022”, таъмири мизу курсиҳо, насби шиору овезаҳо, иваз намудани шиору овезаҳо дар ҳамаи самтҳо ва сифати онҳо мудири шуъбаи маориф аз муассисаҳои таълимии №6, 10, 11, 12, 13,  15, 17, 18, 20, 23, 24, 31, 32, 33, 34, 35, 36, 38, 45, 50, 51, 53, 55, 66, 67, 71, 72, 73, 74 дидан намуда, ба директорони муассисаҳои таълимии дар боло зикргардида оид ба ислоҳи камбудиҳо дастуру супоришҳо дод.

Дар давоми рӯзҳои 10-11-уми август дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70 машварати августии омӯзгорони фанҳои таълимӣ шуда гузашт, ки дар он ҳамаи роҳбарони иттиҳодияи методии фанҳои таълимӣ иштирок намуда, оид ба навигариҳои фанҳои таълимӣ аз мушовирони шуъбаи маориф ва намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо гирифтанд.

Рӯзи 12-уми август дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 Конференсияи кормандони соҳаи маорифи ноҳия шуда гузашт, ки дар он муовини раиси ноҳия Файзиддинзода Б., намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Дар ҷаъбасти Конференсия омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида буданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар ин давра ҳисоботи ТМ -2 пурра ба итмом расонида шуд.

Рӯзи 17.08.2021 семинари директорони муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд, ки ба директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба омода намудани нақшаи таълимӣ, Оиннома, Нақшаи солона, Нақшаи 5-сола дастурҳо ва тавсияҳо дода шуд.

Дар асоси дархости директорони муассисаҳои таълимии №35, 70, 74, 13, 35, 34, ЛТТ, 6, 17, 18, 41, 49, 44, 45, 21, 55, 73, 49, 57, 79 ба коллективи омӯзгорон ва директорон оид ба ҳуҷҷатнигорӣ ва сатҳу сифати дониши хонандагон ёрии методӣ расонида шуд. Барои баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорӣ, 146 нафар омӯзгорони фаннӣ аз курси такмили ихтисос гузаронида шуда, ба 156 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ шаҳодатномаи аз курси такмили ихтисос гузаштан дода шуд. Кормандони муваққатии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ корҳои таблиғотиро ба охир расониданд. Рафти ҳуҷҷатгузорӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид, ҷамъбаст нишон дод, ки аз хатмкунандагони имсола 1944 нафар (80,3%) ва хатмкунандагони соли пешин 295 нафар, дар умум 2239 нафар (92,5%), инчунин 446 нафар хатмкунандагони синфи 9 ба Марказ ҳуҷҷат супоридаанд. Берун аз Маркази миллии тестӣ 76 нафар ба коллеҷу донишгоҳу донишкадаҳои қудратии дохил ва хориҷи кишвар дохил шуданд.

Мавсуф дар ҷараёни суҳбат изҳор намуд, ки дар ҳашт моҳи соли 2021 аз тарафи кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳолати таълим ва тарбия, назорати дохилимактабии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №13, 25, 35, 38, 72, 73, 74, 17, 30, 54, 31, 32,33, 51, 10, 53,12, 55, 18, 11, 60, 27, 3, 42, 28-ро санҷида, ба директорон ва омӯзгорон оид ба ислоҳи камбудиҳо супоришҳои қатъӣ доданд.

Шуъбаи маориф дар самтҳои амалӣ шудан ва назорати:

– рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Данғара аз 16.04.2021, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон”;

– баррассии Пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мушовараи Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар бораи пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда;

– қарори мушовараи Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба амалишавиии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.03.2021, №83 “Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи анҷоми соли хониши 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”;

– пешниҳоди маълумотномаи директорон ва ҷонишини директорон оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

– дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон”;

– чорабиниҳо бахшида ба рӯзи “Ғалаба”;

– гузаронидани озмуни ноҳиявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”;

– корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, ҳуҷҷатгузории роҳбарони муассисаҳои таълимӣ диққати ҷиддӣ дода истодааст.

Мушовирони кабинети методии шуъбаи маориф ҷиҳати иҷроиши фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.06.2021 “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2020-2021, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастурамали аз аттестатсия гузаронидани хонандагонро дар Шӯрои омӯзгорӣ баррасӣ намуда, нақша-чорабиниҳо тартиб дода, рафти омодагиҳоро дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ зери назорат қарор доданд. Бо ташаббуси Маркази корҳои тарбиявӣ озмунҳои “Чароғаки роҳнамо”, “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангӣ”, “Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин” гузаронида, ғолибон бо Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Мудири шуъбаи маориф аз муассисаҳои таълимии №8, 11, 58,63, 56, 4, 70, 20, 26, 9, 48, 29, 14, 21, 72, 74,67, 51, 25, 38, 33, 69, 12, 55, 17, 18, 60, 76, 53, 32, 23, 27, 45 дидан намуда, оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз гаравиш ба ҳар гуна равияҳои тундрав, пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб (худкушӣ, худсӯзӣ ва ғайра) ба директорони муассисаҳои таълимӣ, коллективи омӯзгорон, хонандагон ва падару модарон дастурҳо дода, барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани “Рӯзи ҷавонон” дар мавзӯи “Ҷавонон дар масири Истиқлол”, кормандони шуъбаи маориф ва директорони муассисаҳои таълимиро вазифадор намуд.

Шуъбаи маориф барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ диққати ҷиддӣ дода, дар тӯли ҳашт моҳ чорабиниҳо, аз қабили “Рассоми беҳтарин”, “Суруди беҳтарин”, “Рӯзи кӯдакон”, “Артиши миллӣ, “ Рӯзи ҷавонон”, “Рӯзи Ғалаба”, «Рӯзи Модар», “Наврӯзи Аҷам”, “Рӯзи кайҳоннавардон”, мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 бахшида ба 110-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 бахшида ба 80-солагии зодрӯзи Лоиқ Шералӣ конференсияи илмӣ-адабӣ бо иштироки ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Шарифзода Б., мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара дар охир қайд намуд, ки дар қатори ин муваффақиятҳо, инчунин шуъбаи маориф ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар рӯз ба шанбегиҳо баромада, барои ободонии гирду атрофи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №25, 59, муассисаи таълимии №29, кӯдакистони №1, ки аз офатҳои табиӣ зарар дида буданд, ёрӣ расонидаанд. Корҳои барқароршавӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 ва кӯдакистони №1 аллакай ба анҷом расидааст. Бо ташабуси директори муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии №78, дар масофаи 650 метр ба муассиса хати об кашида шуд, ки барои обёрӣ кардани муассиса муусоидат мекунад. Шуъбаи маориф ба собиқадорони меҳнат, ҷанговарони башардӯст, садамаи Чернобил дар арафаи иди саиди Фитр ба маблағи 5730 сомонӣ кумаки яквақтина эҳдо намуд.

Бахтиёр АЛИМОВ,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь