Лоиҳаҳои муштараки таълимии Русия ва Тоҷикистон технологияҳои муосир ва арзишҳои анъанавии таълимиро муттаҳид карда, барои ҷавонон имкониятҳои нав фароҳам меоварад. Ин ташаббусҳо барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисос, инкишоф додани малакаҳои асосӣ барои оянда ва фароҳам овардани муҳити устувори таълимӣ, ки ба чолишҳои замон ва ниёзҳои ҷомеа ҷавобгӯ мебошад, мусоидат мекунанд.

Ғолибони озмуни “Магистрони забони русӣ-2024” таҷрибаомӯзиро дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода оғоз карданд. Чор омӯзгор аз донишгоҳҳои Русия барои хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони Вазорати мудофиа ва роҳбаладони осорхона дарси забони русӣ мегузаронанд.

Имкониятҳо дар Русия

Донишҷӯён дар донишгоҳҳои Русия таҳсилоти сифатнок мегиранд, ки ба онҳо дар пайдо кардани кор дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт кумак мерасонад. Тоҷикистон аз рӯйи теъдоди донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд, пас аз Қазоқистон ва Чин дар ҷои сеюм қарор дорад. Танҳо дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 65 ҳазор нафар ҷавонон барои таҳсил ба Русия сафар карданд. Зиёда аз 90 фисади донишҷӯёни тоҷик пас аз хатми донишгоҳ ба Ватан баргашта, дар рушди бахшҳои асосии иқтисодиёт саҳми арзанда мегузоранд.

Тирамоҳи соли 2024 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии “Маорифи Русия ва Беларус. Тоҷикистон – 2024” баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 30 донишгоҳҳои Русия ва Беларус, аз ҷумла Мактаби олии иқтисодиёт, Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав, Донишгоҳи тиббии назди Волга, Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия, Донишгоҳи давлатии Тюмен ва ғайра ширкат варзиданд.

Сардори намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев қайд намуд, ки Русия ҳамасола барои шаҳрвандони хориҷӣ 30 ҳазор квота ҷудо мекунад, аз ин миқдор 1000 тоаш барои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Ӯ ҳамчунин, чунин қайд кард: “Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон дар сиёсати маорифи Русия аҳамияти афзалиятнок дорад. Маъракаи тақсимоти квота санаи 7-уми октябр оғоз гардида, қабули дархостҳо то 15-уми январ идома меёбад. Довталабон бояд дар вебсомонаи https://education-in-russia.com сабти ном карда, ариза пур кунанд ва ҳуҷҷатҳои заруриро замима намоянд. Диққат кунед, дархостҳо дар ҳолати “Сиёҳнавис” баррасӣ карда намешаванд. Онро ба ҳолати “Барои баррасӣ” гузаронидан лозим аст.

Интихоби касби оянда яке аз қарорҳои душвортарин дар ҳаёти ҷавонон мебошад. Дар ин ҷо дастгирии волидон ва ба назар гирифтани хоҳиши фарзандон бисёр муҳим аст. Дар интернет рӯйхати касбҳои оянда ҷой дода шудааст, ки дар интихоби он кумак мерасонад. Довталабон метавонанд то шаш донишгоҳро интихоб карда, онҳоро бо тартиби барояшон афзалиятнок ҷойгир кунанд, вале дар як минтақа на бештар аз ду донишгоҳ интихоб карда метавонанд. Донишгоҳҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Қазон маъмуланд, вале дар баробари ин минтақаҳоеро, ки дар он ҷо марказҳои пуриқтидори таълимӣ мавҷуданд, низ бояд ба назар гирифт. Инчунин, омӯхтани маълумот дар бораи шаҳр ва шароити зиндагӣ хеле муҳим аст”.

Дар байни самтҳои маъмули таҳсил барои донишҷӯёни тоҷик ихтисосҳои тиббӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқ, технологияҳои иттилоотӣ, сохтмон ва муносибатҳои байналмилалиро ном бурдан мумкин аст. Солҳои охир таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои муҳандисӣ низ меафзояд.

Барои аз рӯи квота қабул шудан довталабон бояд бидуни такрор як ариза ё дархост равон кунанд. Барои довталабони ихтисосҳои эҷодӣ санҷишҳои иловагӣ пешбинӣ шудааст. Довталабони дорои душаҳрвандӣ дар баробари дигарон метавонанд дар ин маърака иштирок намоянд. Пас аз сабти ном барои ихтисосҳои бакалавриат ва тахассусиятҳо ба тариқи онлайн санҷиш бо назорати иҷрои вазифаҳои довталабон гузаронида мешавад. Дар ҳолати вайрон кардани қоидаҳо аз тарафи довталаб, натиҷаҳои санҷиш бекор карда мешавад. Бо довталабони зинаи магистратура, аспирантура ва ординатура суҳбат гузаронида, номгӯи корҳои иҷрокардаи онҳо арзёбӣ карда мешавад.

Андрей Патрушев инчунин, аз қаллобоне, ки бар ивази маблағи муайян кафолати ба донишгоҳ дохил шуданро пешниҳод мекунанд, ҳушдор дод: “Маъракаи тақсимоти квота як расмиёти ройгон аст, ки барои ҳама имкониятҳои баробарро таъмин менамояд”.  Илова бар ин, дар “Хонаи русҳо” дар шаҳри Хуҷанд ва дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо маркази захиравии “Русия бо шумост” ҷойгир аст, барои довталабон машваратҳои шахсӣ пешниҳод карда мешаванд.

Имкониятҳо дар Тоҷикистон

Ҳадафи маркази захиравии “Русия бо шумост” – эҷоди фазои бисёрфунксионалии таълимӣ мебошад, ки дар он кӯдакону наврасон дониши худро дар соҳаи илм, техника, забон ва фарҳанги русӣ амиқтар карда метавонанд. Дар марказ лексияҳо, дарсҳои маҳорат, семинарҳо ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд, ки ба инкишофи малакаҳои эҷодӣ ва техникӣ нигаронида шудаанд.

Дар Тоҷикистон ба рушди таҳсилоти ҷавонон диққати махсус дода мешавад. Русия ин равандро тавассути бунёди мактабҳои русӣ ва филиалҳои донишгоҳҳои пешрафтаи худ фаъолона дастгирӣ мекунад, ки ин дар навбати худ  ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва соҳибкории кишвар мусоидат менамояд. Дар соли хониши ҷорӣ дар панҷ мактаби русӣ-тоҷикӣ паркҳои технологии кӯдаконаи “Кванториум” таъсис дода шуданд. Дар ин ҷо кӯдакон фаъолияти лоиҳасозӣ, муҳандисӣ, назарияи ҳалли масъалаҳои ихтироъкориро азхуд карда, малакаю салоҳиятҳои асосии 4K-ро инкишоф медиҳанд, аз ҷумла: муошират, эҷодкорӣ, ҳалли дастаҷамъонаи масъалаҳо ва тафаккури интиқодӣ. Хатмкунандагони “Кванториум” донишҳои заруриро барои таҳсили бомуваффақият дар донишгоҳҳои пешсафи техникии Русия пайдо мекунанд. Ғайр аз ин, имрӯз таҳсилоти русӣ барои донишҷӯёни мо дар худи Тоҷикистон низ дастрас аст, яъне онҳо метавонанд бидуни рафтан берун аз ҳудуди кишвар таҳсилоти русӣ гиранд. Дар Душанбе филиалҳои якчанд донишгоҳҳои бонуфузи Русия фаъолият мебаранд, гузашта аз ин, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мунтазам аз ҳисоби буҷаи Русия дастгирӣ карда мешавад.

23-юми октябр дар шаҳри Душанбе нахустин маркази захиравӣ бо формати нав таҳти унвони “Русия бо шумост” ба фаъолият оғоз кард. Маросими ифтитоҳ дар Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе бо дастгирии Россотрудничество баргузор гардид. Марказ бо технологияҳои навтарин муҷаҳҳаз карда шудааст: панелҳои мултимедиявӣ, таҷҳизот барои видеоконфронсҳо ва майдонҳои таълимӣ бо мебелҳои интерактивӣ ва маводҳои таълимӣ фароҳам оварда шудаанд.

Татяна Коринетс, роҳбари Ассотсиатсияи иштирокчиёни бозори саноати санъат (арт-индустрия), қайд намуд, ки аз дахлдориаш ба ифтитоҳи ин лоиҳаи бузург оид ​​ба таҷҳизонидани маркази захиравӣ ифтихор мекунад: “Тамоми таҷҳизот ва нармафзоре (таъминоти барномавӣ), ки дар марказ истифода мешавад, дар Русия истеҳсол шудааст. Ин як қадами муҳим на танҳо барои ҷорӣ кардани технологияҳои ҳозиразамон, балки барои инкишофи забони русӣ, тафаккури мантиқӣ ва математикии хонандагон мебошад. Барои мо муҳим буд як фазое эҷод кунем, ки дар он кӯдакон ва наврасон на танҳо имкони таҳсил кардан, балки бо ҳамдигар муомила кардан, шарику ҳамфикр пайдо кардан ва худро бароҳат ҳис карданро дошта бошанд. Ман самимона умедворам, ки ин марказ як нуқтаи инкишофи ғояҳои нав, рушди истеъдодҳо ва таҳкими дӯстии байни кишварҳоямон мегардад”.

Муовини директори генералии ҶДММ «Next-T» бренди NexTouch Иля Федорушкин дар бораи технологияҳое, ки Русия бо Тоҷикистон мубодила мекунад, гуфт: “Лавҳаҳои интерактивии мо аллакай дар муассисаҳои таълимии Русия ба таври васеъ истифода мешаванд ва ҳоло дар Тоҷикистон низ фаъолона татбиқ карда мешаванд. Махсусан дар бораи мизҳои интерактивии бачагона, ки дар марказ гузошта шудаанд, қайд кардан мехостам. Ин дастгоҳҳо бо бозиҳои таълимии бо истифодаи қаҳрамонҳои филмҳои тасвирии “Союзмультфильм” сохташуда муҷаҳҳаз карда шудаанд, ки раванди таълимро барои бачагон шавқовар ва ҷолиб мегардонанд. Мо боварӣ дорем, ки ин гуна технологияҳо ба кӯдакон на танҳо дар гирифтани  дониш кумак мерасонанд, балки ба онҳо дар раванди таълим ҳаловат мебахшанд”.

Дар марказ ба барномасозӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад: ба кӯдакон забонҳои муосири барномасозӣ, аз қабили Python ва C++, бо истифодаи платформаҳои беназири таълимӣ, ки барои азхудкунии барвақти малакаҳои барномасозӣ пешбинӣ шудаанд, омӯзонида мешавад. Илова бар ин, марказ конструкторҳои электрониро барои омӯхтани схемотехника ва масъалаҳои муҳандисӣ пешниҳод мекунад, ин ба кӯдакон имкон медиҳад, ки тафаккури мантиқӣ ва малакаҳои техникии худро инкишоф диҳанд. Омӯзгорон метавонанд ба маводҳои таълимӣ воситаҳои садогӣ сабт кунанд, барои ташкили намоишгоҳҳо ва чорабиниҳо, ки дар онҳо кӯдакон лоиҳаҳои худро муаррифӣ карда метавонанд, қалам ва лавҳаҳои интерактивӣ истифода мешаванд.

Аз лаҳзаи ифтитоҳ дар ин марказ якчанд чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд, аз ҷумла: Фестивали фароғатии илмӣ, ки дар он кӯдакон озмоишҳо гузаронида, асосҳои робототехникаро азхуд карданд, инчунин, викторинаи зеҳнӣ бахшида ба 185-солагии Николай Пржевалский бо намоиши филми ҳуҷҷатӣ, дарсҳои маҳорат оид ба робототехника аз ҷониби мутахассисони Санкт-Петербург, диктанти ҷуғрофӣ, ки иштирокчиёнро аз шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон ба ҳам гирд овард, баргузор карда шуданд.

Татяна Коринетс, директори Ассотсиатсияи иштирокчиёни бозори арт-индустрия: “Дар маркази захиравӣ ҳама чиз то тафсилоти хурдтарин ба назар гирифта шудааст: шуруъ аз ташкили майдонҳои эргономикии таҳсил то курсиҳои махсус барои нигоҳ доштани қомати рост. Чунин тафсилот махсусан барои хонандагон, ки барои таҳсил вақти зиёдро сарф мекунанд, муҳим аст.

Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои соҳаи маорифро густариш дода, ба бунёди марказҳои муосири таълимӣ, дастгирии ташаббусҳои илмию техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои нав тамаркуз мекунанд. Ба шарофати ифтитоҳи маркази захиравии “Русия бо шумост” ва паркҳои технологии кӯдаконаи “Кванториум” ҷавонони Тоҷикистон ба технологияҳои Русия дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ин дар навбати худ ба рушди онҳо ва таҳкими робитаҳои фарҳангию маърифатии байни кишварҳои мо мусоидат менамояд.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь