Аз субҳ назди ин дӯкони сабзавотфурӯшӣ анбуҳи одамон гирд меоянд ва аз бозори яклухтфурӯшӣ баргаштани соҳиби онро интизор мешаванд. Зеро зани дӯкондор маҳсулоташро, ки ба ғайр аз сабзавоту мева аз анвои дигари ғизо, аз қабили нону нӯшоба, ширу тухм, равғану биринҷ, лӯбию нахӯд, собун ва ғайра иборат аст, нисбат ба бозор 2-3 сомонӣ арзон мефурӯшад.
Баъди кам шудани шумораи мизоҷон зани миёнсоле маҳсулоти интихобкардаашро пеши тарозу гузошт. Дӯкондор онҳоро ҳисоб карда, 98 сомонӣ гуфт.
– Ба ду сомонӣ намак диҳед, то ки ҳисоб баробар шавад, – гуфт харидор.
– Пули нақд медиҳӣ ё қарз мегирӣ?
– То маош гирифтани шавҳарам қарз нависед.
Дӯкондор «дафтари анбор»-ро гирифта, дар саҳифаи харидор боз 100 сомонӣ навишт ва ҳисоби умумии онро ҷамъ кард. «Қарзат зиёд шудааст – 3360 сомонӣ», – гуфт соҳиби дӯкон.
– Ҳатман дар аввали моҳ бармегардонем, – гуфт харидор.
Дӯкондор, зани шастсола, ки ду писарашро аз овони кӯдакӣ танҳо тарбия карда ба воя расонидааст, кадбонуи раҳмдил аст. Ӯ, ки азоби бепулиро хуб медонад, ба мизоҷон маҳсулоташро ба қарзи бефоиз медиҳад. Ҳамин аст, ки дӯкони ӯ серхаридор аст.
– Чунин қарздорон хеле зиёданд. Дар ин дафтар камаш 10 ҳазор сомонӣ қарз навишта шудааст. Пули баъзеҳо барои хариди маҳсулоти интихобкардаашон намерасад ва то аз кор омадани шавҳарашон қарз мегиранд. Вале ҳастанд харидороне, ки аз маош то маош қарз мегиранд ва рӯзгорашонро бо қарз пеш мебаранд, – мегӯяд дӯкондор ва меафзояд:
– Масалан, ин зан бо чор фарзандаш иҷора мешинад. Духтари калониаш донишҷӯ аст. Худаш кор намекунад. Бо маоши шавҳараш, ки дар муассисаи давлатӣ кор мекунад, бори рӯзгорро кашида наметавонанд.
Аксаран дар дӯконҳои ғизофурӯшии шаҳру деҳот овезаҳои «Қарз дода намешавад!» ё «Нася намефурӯшем!» ба чашм мерасанд.
Имрӯз чунин ба назар мерасад, ки ҳоло як қисми аҳолии кишвар бо қарз зиндагӣ мекунад. Зеро нархи маҳсулот доимо боло рафта, таворуми пул ба амал меояд. Дар натиҷа афзоиши маош болоравии нархҳоро таллофӣ карда наметавонад. Воқеан, нархҳо бо суръати кайҳонӣ боло мераванд. Масалан, дар моҳи ноябр як бушкаи 5-литраи равғани растанӣ аз 70 сомонӣ якбора ба 85 сомонӣ боло рафт. Охири ҳафтаи моҳи ноябр як кило гӯшти моҳии «минтай» дар мағозаҳои шаҳри Душанбе аз 26-27 сомонӣ ба 30 сомонӣ расид. Нархи маҳсулоти дигар низ боло рафтан дорад ва ҳоло маоши 3 ҳазор сомонӣ барои оилаи сенафара, ки дар шаҳри Душанбе дар манзили худ зиндагӣ дорад, барои як моҳ намерасад. Бинобар ин мардум барои амалӣ кардани ниёзҳои худ аз ашхоси алоҳида ё бонкҳо қарз мегиранд.
Ҳамин аст, ки сол аз сол шумораи қарздорон аз бонкҳо ва ташкилотҳои молиявӣ меафзояд.
Аксари муштариён барои қонеъ кардани ниёзҳои истеъмолии худ, баъзеҳо барои таҳсил ё туйи фарзандонашон, табобат ва ғайра қарз мегиранд. Суди солонаи қарзҳои истемолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 25 фоизро ташкил медиҳад. Масалан, дар сурати 10 ҳазор сомонӣ қарз гирифтан бояд ба бонк 12500 сомонӣ баргардонид. Аммо на ҳама дар муҳлати муайяншуда аз уҳдаи пардохти чунин қарзҳои гаронбаҳо мебароянд. Бинобар ин барои дар муҳлаташ баргардонидани қарз ин ашхос аз бонки дигар қарз мегиранд ва ҳамин тавр ба гирдоби қарз ғӯтида амволи гаравмондаашонро аз қабили манзил аз даст медиҳанд.
Баъзе ашхос бошад, барои напардохтани қарз аз ҳудуди кишвар фирор мекунанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10 майи соли 2019 дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар оид ба баргардондани қарзҳо гуфтанд, ки бо сабаби берун аз марзи кишвар қарор доштани як қатор қарздорон рӯёнидани маблағи қарзи онҳо ғайриимкон гардида, аз ҳудуди Тоҷикистон баромадани 1808 нафар, ки аз бонк ба маблағи 414 миллион сомонӣ қарздоранд, пешгирӣ карда шуд. Дар баробари ин, 8406 нафар шаҳрванд аз бонк ба маблағи 752 миллион сомонӣ қарздор мебошад, ки аз ин ҳисоб 716 миллион сомонӣ ё 95 фоизи онҳо қарзҳои батаъхирафтода мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 21 декабри соли 2021 дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат боқӣ мондани мушкилоти зиёди ҳалталаб изҳори нигаронӣ карда, ба Бонки миллӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва дигар ташкилотҳои қарзӣ супориш доданд, ки дар давраи миёнамуҳлат, яъне дар панҷ соли оянда ҷиҳати ҳамасола афзоиш додани ҳаҷми қарзҳо ва дар соли 2026 ба 30 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми қарздиҳӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Тибқи иттилои Оҷонсии иттилоотии Sputnik соли 2022 бонкҳо ба соҳибкорон ва аҳолӣ дар Тоҷикистон 14,4 млрд сомонӣ қарз додаанд. Ба маълумоти БМТ ҳаҷми қарзҳои додашуда нисбат ба соли 2021-ум 700 млн сомонӣ зиёд аст.
Ҳаҷми қарзҳои номуносиб (барои баргардонаш беш аз 30 рӯз гузаштааст) ба ҳолати 31 декабри соли 2023 – 2,2 млрд сомониро ташкил дод, ки ин 12,5 фоизи қарзи умумиро ташкил медиҳад. Воқеан, дар соли 2023 43 фоизи қарзҳои бонкии муштариёнро дар Тоҷикистон қарзҳои истеъмолӣ ташкил додаанд.
Ба 1-уми январи соли 2024 қарзҳое, ки муҳлаташон гузаштааст ба 2 млрду 884 млн сомонӣ (263 млн доллар) баробар буд. Ба ҳолати 30 июни соли 2024 бошад, дар сандуқи қарзӣ ҳиссаи қарзҳои номуносиб, ки муҳлаташон зиёда аз 30 рӯз гузаштааст, 12,2 фоизи қарзи умумиро ташкил дод.
Воқеан, мавзуи қарз додан ҳафт маротиба дар Қуръон омадааст. Тафсири «Маҷмаулбаён» чунин шартҳоро барои қарзулҳасана баён кардааст:
1.Аз моли ҳалол бошад. 2. Аз моли солим бошад. 3. Барои масрафи зарурӣ бошад. 4. Беминнат бошад. 5. Бериё бошад. 6. Махфиёна бошад. 7. Бо ишқ ва исор пардохт шавад. 8. Сареъ пардохт шавад. 9. Қарздиҳанда Худовандро бар ин тавфиқ шукргузор бошад. 10. Обрӯи қарзгиранда ҳифз шавад.
Бояд гуфт, ки яке аз шартҳои баргардонидани қарз сари вақт пардохтани он мебошад. Ҳамин аст, ки пеш аз ҷанозаи майит пурсида мешавад, ки оё марҳум қарздор буд, ё не ва кӣ баргардондани онро ба уҳда мегирад?
Дар Қуръон гуфта мешавад, ки “Худованд ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба соҳибонаш бисупоред” (Сураи Нисо, ояти 58).
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд:
«… Агар марде дар роҳи Худо кушта шавад, сипас зинда гардад ва боз кушта шавад, ва сипас зинда гардад ва боз кушта шавад, бо вуҷуди ин агар бар ӯ қарзе бошад, то ҳангоме, ки қарзи ӯ пардохта нашавад дохили биҳишт намегардад» (ал-Муҷтабо 7/314 ва Саҳеҳ ал-Ҷомеъ 3594).
Рушди иқтисодии Тоҷикистонро дар охири соли 2025 Бонки Авруосиёии рушд – 8,4% пешгӯи мекунад. Рушди иқтисод метавонад барои бо маоши арзанда таъмин шудани аҳолӣ мусоидат намояд ва ниёз ба қарзгириро коҳиш диҳад.
Ҷовид МУҚИМ