САҲНАИ АВВАЛ

Хона. Муйсафед дар сари болини ҳамсари бемораш.

-Чӣ, рафтан даркор? Ба беморхона, назди духтур? Ҳамин ҳам дард шуду? Э тавба, одамон ин қадар нозук шудаанд, маълум, ки зиндагии хуб инсона, хусусан занака бисёр сусту заиф мекардаасте! Кошки мисли пешин аз саҳар то бегоҳ дар гармӣ дар майдони калон каланда бардорию бзанӣ, бизанию бардорӣ, каланд занию пахта корӣ, нарм кунию пахта чинӣ… Панҷоҳ сол кор кардӣ? Гӯё ҳамин ту аз кор рафтию пахтакорӣ ҳам тамом шуд…

-Чӣ духтур рафтан даркор, дар ҳақиқат рафтан даркор ё? Наход барои ҳамин як дандонаки пӯсидагӣ ба духтур равем? Меравему лек оқибаташ ба хайр бошад-да! Охир даҳ-понздаҳ дандонота бо як амбӯру ресмон мекандию ягон хел дорую дармон даркор набуду…Табобати халқӣ накардӣ? Ягон пахташӯрак ё хамиру меха гарм-гарм ба дандон мемондӣ, даҳона бо соддаю намакоб мечақондӣ ё бо сӯзан ҷойи пӯсидагиаша сахтакак мекофтӣ! Чӣ ин ҳама фоида накард? Хайр, ақалан бобои Сафари наългара мегуфтӣ, омада бо ҳамун амбури калонуш ҳамара канда мепартофт. Чӣ зӯруш нарасид? Тавба-тавба, охирзамон бошад-чӣ, ки тибби бобоӣ ҳазорҳо сол фоида дошту ҳозир надорад? Эҳ, занаке маълум, ки пир шудаӣ, ё дилат оши туршак хосту мехоҳӣ даме маро танҳо партофта… О, панҷоҳ сол якҷоя будему боре бемориата надидаму ҳатто ҳафт-ҳашт фарзанда дар хона, ҳамин ҳамсояамон раҳматии момаи Саъбагул буду…чӣ? Дувоздаҳто, эъ, медонаме таваллуди чор-панҷ духтар ҳам гап шуд, ки нав ба ёдат омад?

-Хайр чӣ кор кунем? Духтур равем? Чанд бор гуфтам, ки қанду ширинӣ «Сникерс»-у поп-корна камтар хӯр, наход як килограм шакар дар се моҳ тамом шавад-а? Ана акнун азобша ма мебинум, шаби дароз уф гуфтию пуф, хов кардан ҳам намондӣ…

-Дар ҳақиқат рафтан даркор? Намешавад? Бе шухӣ рафтан даркор? Хайр майлаш хез, хеста наметавонӣ? Э хезе, аз кай боз гапи мардака намегирӣ? Рост хез, саллаи мара биёру рав хара тез ҷулу пӯстакаша пӯшону бузи сафеда гир! Буз барои чӣ? Хуб занаки сода, о, дар касалхона бачат главврачай? Албатта пул додан даркор! Кӣ гуфт бепулай? Табобати бепул дар ин замона худуш гапи қизиқай! Хайр рафтем, о, маълум, ки ман харсавору худакут пиёда-пиёда… панҷ-шаш километр ягон каса накуштай, аввал рафта пенсаи худуту нафақаи мара мегирему баъд сари қадам бозор даромада буза мефурушему, ана…Чӣ? Агар нафақапулӣ набошаду буз ба савдо нарава чӣ кор мекунем? Гаранги таппа тайёр! Хона мегардему ягон рӯзи дигар касалхона мерем-да! Тоқат? Як ҳафта тоқат кардию се-чор рӯзи дигар ҳеҷ гап нест! Чӣ илоҷ? Рафтем… як рӯзи дигар бо ту мегузарада…

 САҲНАИ ДУЮМ

 Беморхона

-Рафиқ духтури калон, илтимос ҳамин кампири мана бин, не, не курташа барои чӣ мекаша? Даҳанаша бин, дандондардай! Шумо духтури дандон нестен, ин ҷойи касалои дил? Ё тавба, хайрият, ки дилуш созай, вагарна ин духтуро бемора луб-луч карда дилашона медидаан! Тавба, духтур узр, мо куҷо равем? Корпуси дигар? Понздаҳ сомонӣ… барои чӣ? Барои направлений? Тоҷикӣ гап занум? Роҳхат, хайр фаҳмидум, роҳхат бошад, роҳхат-да. Занаки сода, бепулай! Тез раҳ гард, ҳо ана уҷа меравем…

-Бачам, эъ мебахшен, ака моро зудтар бинен, бе навбат, албатта бе навбат, ман иштирокчии ҷангу кампирум қаҳрамонмодар! Ин чӣ? Роҳхат! Куҷо равем? Бист сомонӣ барои чӣ? Даҳ сомонӣ барои роҳхати рентгину даҳ сомонӣ барои бенавбатӣ? Охир мо… фаҳмо… ҳуҷҷат наовардему орденои бари ҷелаки ман ягон маъно надорад? Тавба, афсӯс қуввати давраи ёшим нест, вагарна фашист барин қуртакҷафут мекардум… Рафтеме, кампири сода, бепулайда… Ҳо унҷа мерем, ренген, духтур гуфт, ки мабодо майнаи сарба таъсир накарда бошад? Занак сар-парут вайрон нест? Мегум, ки каллаварам ё баевикворӣ сарвайрон нестӣ? Хайр ҳаминдам шукр, лекин рафтан даркор…

-Рафиқ духтур канӣ бинен, ки дар сари ин кампири ман чӣ гапай, чӣ фикру хайёлай? Ним соат интизор шавем, майлаш дар берун нигоҳ карда мешинем. Занаке абед ҳам шуд, маълум, ки аз гулӯи ту ҳозир об ҳам намегузара, лек меган, ки аз беморда беморбон касалтарай, ма рафта харда як дарза алаф дарав карда мепартому худум ошхона рафта, тез се-чор коса оши буридаю як лаълӣ оши палав мехӯраму мегардум. Ин духтуро ним соат, ки гуфтанд, маълум ки як соат интизор шудан даркор… Ҳаминҷа ист, боз ягон ҷойи дигар наравӣ ё ба тамошои шаҳр набароӣ, хайр ман тез мегардум…

-Хуш занак саломатӣ чӣ хел? Ҷавоби ренгина гирифтӣ? Мара интизоранд? Барои чӣ? Хайр ҳозир… Бепулайда, хуб занаки сода, нисфи пули буз дар ренгин рафт, рафтем… куҷо? Назди духтури дигар бинад-ку дар рентгин чи гапай, инҷа не, не, ино кори ренгин кардану пулашона гирифтанд тамом, рафтем…

-Акаи духтур бинен, ки дар варақи калони сиёҳ чи гапай? О, ҳамин ренгина бинен… илтимос тезтар… Занак мегум қушқори бастагира саҳар коҳу ҷав дода будӣ? Чӣ, келино ему хошок метан? Ина кору борут хомай, ба умеди ҳамун келино ҷонвар гушна намона хубайда, ту ҳам аз шаб боз чизе нахӯрдӣ? Гаранги таппа-тайёр, Худо ягон бало нашава, вагарна боз бузаки сафедворӣ мол даркораю пул…

-Лаббай? Духтур тинҷай, шукр, сад шукр, занак сарда гап нест, сар тинҷ! Ҳозир духтурҷон ана ин пули охири бузпулӣ, эъ мебахшен, пули бузи сафеду ҳаққи шумо… камай? Майлаш, майлаш бе хафагӣ, ана аз пули пенсаи занак… Пенса ҳам намераса чӣ бало? Раҳмат боз куҷо равем, назди духтури даҳон барои чӣ? Аааа, фаҳмидум, мабодо захми дандон ба гӯлу ва дилу ҷигар нарафта боша, куҷо равем? У корпус, раҳмати калон, занак рафтем, бепулайда… рафтеме…

-Ассалому алайкум мо акнун назди шумо, чи кор кунем? Мана роҳхат… занак бишин даҳон кушо духтур бинен-чӣ? Хоп… тинҷиай? Хайр саломат бошен, чӣ, не, не, фаромӯш накардам, ҳозир акнун навбати нафақаи худум, мана марҳамат… Боз куҷо равем? Назди духтури гӯш? Охир дандон дар гӯш нест-ку? Ааа… фаҳмо духтурҷон, мегум назди табиби чашму бинӣ ҳам равем, гуфта намешава саргардон шудем ҳамара якбора фаҳмем, ки сабаби дарди дандон дар куҷо бошад? Бовар кунен, худум ҳам қариб талхакаф шавум, ҳар як духтур кора чаппаву роста карда, дарда мековаю мекова, раҳмат духтурҷон…

-Занакҷон даҳанат ҷумбидесай, мегум дандон соз шуд чӣ? Даҳанта қурутай? Қурут барои чӣ? Намакуш фоида дора? Кампирҷон агар ҳамин маротиба дандон соз шуд, ҳатман баъди панҷ-понздаҳ сол дандонота тилло мекунум, хайр ин қадар тез аз худ нарав, ду дандони пеша тиллою дигарша оҳани зард мекунум, ба фикрум басай!

-Рафтем-рафтем, чӣ монда шудӣ? Ба фикрум ягон панҷ-шаш ҷойи дигар рафтан даркорай, чи кор кардӣ? Хона равем? Барои чӣ? Дандон афтид? Чӣ хел? Қурути сахт дандона канд? О… намешуд, ки ай аввал ҳамин қурута мехоидию ин қадар пул… бепулайда… Рафтеме… рав хара биёре… гуфтум, ки… хайр ҳеҷ гап не як шаҳра дидӣ, хуб шуд, оқибатуш ба хайр…

Сабзаалӣ АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь