Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров

Имрӯз Соҳиб Табаров, адабиётшиноси шинохта, мунаққиди варзида ва омӯзгори машҳури тоҷик 100-сола шуд. Ӯ аз нахустин касоне буд, ки даст ба нақди адабӣ зад ва мактаби нақднигориии адабии тоҷикро бунёд гузошт.

Соҳиб Табаров натанҳо осори адибони навроҳро, балки асарҳои чеҳраҳои шинохтае чун Мирзо Турсунзодаву Сотим Улуғзодаро интиқод мекард ва муаллифон дар пайи нақди ӯ ба осорашон ислоҳот ворид мекарданд.

Мо ба муносибати солгарди Соҳиб Табаров, бо истифода аз хотираҳои шогирдону навиштаҳои худи қаҳрамон, ба рӯзгору корнома ва нақди адабии мавсуф нигоҳе андохтем.

Дебоча аз рӯзгори Соҳиб Табаров

Соҳиб Табаров (1924-2000) яке аз шахсиятҳои бузурги фарҳанг ва илми Тоҷикистон аст, ки дар рушди адабиёти тоҷик ва илми адабиётшиносӣ саҳми гаронбаҳо гузоштааст.

Ӯ дар деҳаи Чорраҳаи ноҳияи Мӯъминобод, дар як оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Кӯдакии ӯ пур аз душвориҳо буд: дар сесолагӣ як пои ӯ фалаҷ шуд, ки дар натиҷа маъюб гардид. Аз кӯдакӣ ятим монда, ӯ бо кӯмаки бародараш Мирзоназар, ки нақши падарро барои ӯ иҷро мекард, ба илмомӯзӣ пардохт.

Ӯ таҳсилро дар мактаб-интернати Мӯъминобод ва Кӯлоб оғоз намуда, баъдан дар омӯзишгоҳҳои педагогии Самарқанд, Панҷакент ва Кӯлоб идома дод. Баъд аз хатми омӯзишгоҳи Кӯлоб, соли 1939 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Шевченкои Душанбе (имрӯза Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) дохил шуда, онро соли 1943 бо дипломи аъло хатм намуд.

Соҳиб Табаров на танҳо дар шароити душвори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳсил кард, балки доимо бо меҳнати сахт ба пеш ҳаракат намуд. Зиндагии ӯ ба мубориза шабоҳат дошт – мубориза барои зинда мондан, дониш андӯхтан, адолат ва ҳақиқат.

Соҳиб Табаров худро хушбахт мешуморид ва аз се навъ фарзандаш ифтихор дошт: “Аввалаш фарзандони ҷисмонии ман мебошанд, ки аз онҳо ифтихор дорам. Дуюм – ин фарзандони маънавӣ ва ғоявӣ – шогирдони мананд, ки садҳо нафарашон дар саросари кишвар ва берун аз ҳудуди он кор мекунанд. Ва сониян ин асарҳоям, ки самараи зиндагиам ҳастанд!”.

Соҳиб Табаровмунаққиди забардасти адабиёт

Соҳиб Табаров дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун асосгузори мактаби нақди адабӣ шинохта мешавад. Ӯ ба таҳқиқоти адабӣ ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ, соҳои 1940 шурӯъ карда, бо гузашти вақт яке аз саромадони нақди адабӣ гардид. Ӯ ҳамеша бар ин назар буд, ки нақди адабӣ на танҳо як соҳаи илм аст, балки як воситаи муҳим барои такмили адабиёт ва эҷодиёт мебошад.

Соҳиб Табаров бо таҳқиқоти амиқ ва баррасии асоснок қолаби нави таҳлили асарҳои адабиро ба вуҷуд овард. Ба гуфтаи дигар мунаққидон, Табаров мафҳумҳои илмӣ, ба монанди таҳлили образи асар, арзиши иҷтимоӣ ва эстетикии он ва дидгоҳи ахлоқии нависандаро ба системаи нақди адабӣ ворид кард, ки он замон мафҳумҳои нав ва тарзи бархӯрди ҷадид ҳисобида мешуд.

Худи Соҳиб Табаров ҳам гуфтааст, ки ба нақд танҳо ҳамчун ҳунари нишон додани камбудиҳо нигоҳ намекард ва бар ин ақидаи буд, ки “нақди адабӣ бояд навиштаи созанда бошад, ки ҳадафаш на танҳо таҳлили асар, балки кӯмак ба муаллиф дар такмил додани он бошад”.

“Нақд яке аз мушкилтарин касбҳо аст. Мунаққид бояд ҳам олим бошад, ҳам файласуф, ҳам нависанда ва ҳам донандаи ҷаҳон. Баъзан мунаққидон, мисли Белинский, ба муаллимону роҳбарони нависандагон табдил меёбанд ва роҳнамо мешаванд”, – мегуфт Соҳиб Табаров.

Воқеан Соҳиб Табаров аз дигар олимон бо ҷасорат ва ростқавлӣ фарқ мекард ва ҳамеша бо воқеъият сухан мегуфт ва кӯшиш мекард, ки ҳақиқатро нишон диҳад, ҳатто агар ин боиси норозигии атрофиён мешуд.

Вақте Табаров асари Турсунзодаро нақд мекард

Соҳиб Табаров ба бисёр асарҳои барҷастаи адабиёти тоҷик нақдҳо навиштааст. Яке аз муҳимтарин таҳлилҳои ӯ ба достони “Ҳасани аробакаш”-и Мирзо Турсунзода равона шудааст, ки он замон чеҳраи Тоҷикистон дар тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он буд.

Гарчанде ин асар ба унвони шоҳкори адабиёти тоҷик шинохта шуда буд, Соҳиб Табаров ба он бо як диди интиқодӣ назар андохт. Ӯ дар баробари ситоиши дастовардҳои достон, ба нуқсонҳои он низ ишора кард ва маслиҳатҳои илмиву адабии муфид дод, ки баъдан аз ҷониби муаллиф қабул шуданд. Пас аз ин, Мирзо Турсунзода дар асоси маслиҳатҳои Соҳиб Табаров ба асар боз ислоҳот ворид кард.

Соҳиб Табаров на танҳо таҳлил мекард, балки бо тавсияҳои воқеӣ ва маслиҳатҳои самимӣ ба муаллифон кӯмак менамуд. Ин хислати ӯро дар муҳити адабӣ ҳамчун шахси ростқавл ва ҳақиқатпарвар машҳур гардонида буд.

Соҳиб Табаровро “Белинскийи тоҷик” мегуфтанд

Соҳиб Табаровро аксар вақт “Белинскийи тоҷик” меноманд, зеро мисли Белинский ӯ низ ба адабиёт бо як диди фалсафӣ ва иҷтимоӣ назар мекард. Табаров ба нависандагон ва шоирони насли худ ҳамчун устод ва роҳнамо хидмат мерасонд. Профессор Раҳим Мусулмонқулов, яке аз шогирдони Соҳиб Табаров дар бораи ӯ навиштааст:

“Соҳиб Табаровро бо Белинский муқоиса мекунанд, зеро ӯ услуби дақиқи баён ва диди амиқи иҷтимоӣ дошт. Соҳиб Табаров барои адабиёти тоҷик ҳамон нақшро иҷро кард, ки Белинский барои адабиёти рус”.

Худи Соҳиб Табаров менависад, ки “ҳар лаҳзаи ҳаёти худро ба омӯзиш, таҳлил ва навиштани асарҳои илмӣ, бадеӣ ва таҳқиқотӣ бахшидаам. Аз 14-солагӣ қалам ба даст гирифтам ва дар тӯли зиёда аз 70 сол онро раҳо накардаам”.

Дар ҳақиқат, агар ба феҳристи асарҳои илмӣ ва таҳқиқотии Соҳиб Табаров назар афканем, мебинем, ки ӯ хеле барвақт, ҳанӯз дар 14-солагӣ, ба навиштан оғоз кардааст. Ба гуфтаи худи ӯ, ягон рӯз бе хондан, таҳлили мақолае дар рӯзнома ё асари илмӣ, бе навиштани чизе дар дафтари хотира ва бе огоҳӣ аз хабарҳои илмӣ ё иҷтимоӣ намегузашт. Ин далели он аст, ки чӣ гуна ин инсони ғайриоддӣ нисбат ба худ сахтгир ва заҳматдӯст буд.

Мероси гаронбаҳои адабии Соҳиб Табаров

Соҳиб Табаров ҳамчун мунаққиди адабӣ, адабиётшинос, рӯзноманигор ва омӯзгор мероси бузурги илмиро аз худ ба мерос гузошт: беш аз 1000 мақолаҳо, нақдҳо, шарҳҳо, эссеҳо, паёмҳо, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, хрестоматияҳо ва васоити методӣ барои муассисаҳои миёна ва олӣ.

Дар миёни онҳо корҳои бунёдии муҳим, мисли “Пайрав Сулаймонӣ”, “Зиндагӣ, адабиёт, реализми ҳаёт”, “С. Айни – асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик”, “Мунзим”, “Беҳбудӣ” ва дигарҳо мавҷуданд, ки ба масъалаҳои таърихи адабиёти асри ХХ-и тоҷик, эстетика ва назарияи адабиёт бахшида шудаанд. Ба вижа, ӯ ба масъалаҳои назарияи нақди адабӣ, матншиносӣ ва таҳлили муқоисавӣ диққати махсус додааст.

Фаъолияти илмии ӯ дар соҳаи омӯзиши таърихи навини адабиёти тоҷик ва нақдҳои адабии ӯ ба асарҳои нави нависандагони тоҷик дар нашрияҳои гуногуни илмӣ ва оммавӣ инъикос ёфтааст.

Ба зиндагии эҷодӣ, илмӣ ва ҷамъиятии Соҳиб Табаров тақрибан 100 китоб ва мақолаҳо дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо бахшида шудаанд.

Бунёдгузори мактаби нақди адабӣ

Соҳиб Табаровро метавон бунёдгузори мактаби нақди адабӣ дар Тоҷикистон номид. Ба гуфтаи огоҳон, мактаби ӯ таъсири бузурге ба рушди адабиёт дошт, ки то ҳол эҳсос мешавад ва яке аз бузургтарин дастовардҳои Соҳиб Табаров ҳам тарбияи як насли нави адабиётшиносон ва мунаққидон дониста мешавад.

Ӯ шогирдони худро на танҳо таълим медод, балки дар ташаккули шахсияти онҳо замина мегузошт. Шогирдони маъруфи ӯ, мисли Худойназар Асозода, Раҳим Мусулмонқулов, Лола Сулаймонова, Абдулҳай Абдуаминов, Асадулло Саъдуллоев, Аламхон Кучаров, Абдуҷаббор Раҳмонов, Салоҳиддин Солеҳов ва дигарон, на танҳо мероси илмии ӯро идома доданд, балки номи ӯро дар таърихи илми тоҷик зинда нигоҳ доштанд.

“Шумо имрӯз барои илм ва ҷомеа чӣ кор кардед?, – ҳамеша аз шогирдонаш мепурсид Соҳиб Табаров.

Соҳиб Табаров инсоне буд, ки тамоми умри худро ба Ватан, мардум ва илму адабиёт бахшид. Ӯ бо истодагарӣ ва меҳнат на танҳо ба қуллаҳои илм расид, балки ҳамчун шахсияти шинохтаи фарҳангии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоссае пайдо кард.

Дар тӯли умр Соҳиб Табаров узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, доктори фахрӣ ва профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, соҳиби мукофотҳои сершумори давлатӣ ва ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт шуд.

Мероси ӯ на танҳо барои насли имрӯза, балки барои оянда низ як ганҷи гаронбаҳост. Дар доираи мактаби адабиётшиносии тоҷик номи Соҳиб Табаров то абад боқӣ хоҳад монд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь