Кӯдакон хостарин пайкони Илоҳ ҳастанд, муаззазтарину муъҷазтарин… сунъи мутабаррики Худованди мананд!

Мегӯянд, ки муҳим нест мо дар кадом дунёе зиндагӣ дорем, муҳим он аст, ки чӣ дунёеро дар худ дорем. Ва дунёе, ки кӯдакон доранду дар он зиндагӣ мекунанд, носутуданиву тасвирнокарданист. Онҳо худ дунёи рангину зебоянд, рангинкамонанд!

Рангинкамоне, ки на танҳо бо 7 ранги худ, балки бо ҳама рангҳои дунёӣ дар осмони қалбу рӯҳи ҳар касе парафшон мешаванду ҷилоиш мебахшанд, бо вуҷуди поку афифу рангорангу зебои худ дунёи ҳар касеро зебо менамоянд, нур мебахшанд.

Гувоҳ ва умеди муъҷизаро медиҳанд, гувоҳ медиҳанд, ки дар даҳр ҳаст василае барои хушбахтӣ, покӣ, зебоӣ.

Як ҳарфи онҳо, хандаи нозанинашон, дастафшониву муҳаббати беасосу самимиашон, лафзи ширину зебояшон хостарин василаи вуҷуд доштани хубӣ, зебоӣ ва рангорангӣ дар ин дунёст.

Офтоби хандонрӯе ҳастанд, ки ҳамеша нур мебахшанд, ҷило медиҳанд.

Бо онҳо метавон масирро ба хушбахтӣ наздик намуд, ҳаммасири офтоб, ҳамарши ситораҳо, ҳамшамими гулҳо, ҳампарвози кабӯтарҳо, ҳамзамзамаи борон ва ҳамнишини шаҳпаракҳову ёсҳо шуд.

Бо онҳо метавон бо офтоб ҳамкорӣ кард, дӯст шуд, ишқ варзид.  Моҳро оғӯш гирифт, наздаш ноз кард, болои абрҳо париду хушҳолӣ кард, ситораҳоро ламс намуд, ҳамроҳашон рози дил гуфт, дар қаноти кабӯтарҳо ва ё ҷорӯби сеҳрноки худ нишасту то орзуҳову ояндаи зебо ва хушбахтиҳо парвоз кард.

Бегуноҳанд, поканд, ба ғайр аз порае ширинӣ ва ё навозишу муҳаббат чизе намехоҳанд, беасос дӯстат медоранд, аз ҳар фосилаҳо дуранду саводи бад дидани чизерову касеро надоранд. Ҳатто дар хоб лабханд мезананд, лабханде, ки умқидилӣ аст, пок аст, зебо аст.

Ҳосилу меваи ишқанд, аз ишқ сохта шудаанд. Ва ин порае аз ишқ рӯзҳову шабҳо дар хона медавад, механдад, бозӣ мекунаду ҳар кунҷи хонаро бо вуҷуди зебову афифаш мунаввар месозад. Бӯи гул медиҳад, худ гул аст, гулаки нозанину навруста, ки бо шаҳди ширини худ ҳамагонро сер менамояд, меҳр мебахшад, зиндагиро шаҳдгуна менамояд.

Васлкунандаву вусъатбахшандаи меҳру ишқи волидайн аст. Холигие аз ҳиссаи қалбҳои падару модарашро бо омаданаш пур менамояд, рангорангӣ мебахшад. Чароғе дар рӯзҳои сарду торики онҳо хоҳад шуд, умед хоҳад дод.

Бо вуҷуди кӯчак буданаш омӯзгор ва таълимдиҳандаи бисёре аз  қисматҳои хубу рангини зиндагӣ хоҳад гашт. Дарси муҳаббат медиҳад, эътимод, меҳр, ишқ, покӣ, умед, самимиятро меомӯзонад. Чатри хубиҳову бовариҳо ва амниятро ба ҳамеша болои сари волидону наздиконаш нигоҳ медорад. Паёму тӯҳфае аз Кирдигор аст, ки ба дунёи падару модар равон шуда…

Кӯдакон сабзнигоҳу сабзнафасанд, нигоҳашон ба зиндагӣ дигаргуна аст. Ҳама чизу ҳама касро ба ранги дигар мебинанд. Бо офтоб бозӣ мекунанд, сӯяш механданд, ҳамроҳаш ҳарф мезананд. Абрҳоро дигаргуна мебинанд, моҳро оғӯш мегиранд, то саҳар канораш мехобанд, дӯстдори шаҳпаракҳоянд, бо пуфакҳо ҳамсатҳ мешаванд, ҳамзамини гулҳоянд, қудрати мусбатандешӣ доранд.

Баробари гуфтани ин ҳарфҳо гуфтае аз нависандае ба ёдам омад, ки қайд кардаанд: “Кӯшиш кунед ба дунё бо чашмони кӯдакона назар андозед, то ҳамон лаҳза бубинед, ки дунё чӣ қадар зебост.”

Кӯдакон аз ҳар чизи кӯчаке хушбахтӣ ва зебогӣ меҷӯянд, зебоипарастанд. Кӯчактарин хубиҳоро мӯъҷиза мешуморанд, пешвозгирандаи хубиҳову хушиҳо ҳастанд ва маҳзуниро бо нағзӣ ба хонааш гусел менамоянд. Саъй бар он мекунанд, ки ҳама шод бошанду хушҳол, мисли онҳо дунёи рангине дошта бошанд, орӣ аз бадиҳову маҳзуниҳо…

Бо хандаашон дунё механдад, ҳама мавҷудоту махлуқот, инсонҳову парандаҳову ҳайвонҳо дӯсташон медоранд, ҳамроҳашон дӯстанд.

Шукр, ки ин муъҷизаҳои мутабаррику хосу кӯчаку дӯстдоштанӣ дар зиндагии мо ҳастанду бо вуҷудашон рӯшаноӣ ва рангорангӣ бахшидаанд.

Ибодова САНАВБАР,

донишҷӯи факултети журналистика

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь