Замони мактабхонӣ дар як мижа задан гузашта рафт. Он рӯзҳои ёдмонтарин ҳамакнун дар лавҳи хотирҳо чарх мезананду бас. Не нагӯед, мактаб моро худшинос кард. Ба кори нағзу бадамон, ки беибо содир мекардем, ҷавоб гуфтанро омӯзонд. Чашмамонро ба ҷаҳони беканори одаму олам кушоёнд…
Синфи 6-ум мехондам. Ҳоло ба саволи падару модарам – “калон шавӣ, кӣ мешавӣ?” ҷавоб надоштам. Муаллими ҷавони мактабамон Ҳомидҷон Умаров роҳбарии маҳфили “Мухбирони ҷавон”-и Маркази таҳсилоти иловагии 4 ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба уҳда гирифт. Ӯ ба хонандаҳои мактаб қоидаи навиштани хабару гузориш ва мусоҳибаву мақоларо ёд медод. Навиштаҳои аъзои маҳфилро қалам зада, як дараҷа ба талабот ҷавобгӯ кунонда, ба газетаҳои бачагонаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ мефиристод. «Акнун худатон ҳам ба редаксияи газетаҳо равед»,- мегуфт ӯ ба мо.
Ба редаксияи газетаи вилоятии бачагонаи “Лочин” рафтам, ки дар ошёнаи 8-уми “Кохи матбуот” ҷойгир буд. Сармуҳаррир муаллима Зебоҷон Қурбонова буд. Ӯ ҳар навиштаамро ба худам мехононд. Вақти хондан ҷумлаҳои хомамро ҳис мекардаму аз шарм суп-сурх шуда мерафтам. Ҳамроҳи муаллима Зебоҷон Қурбонова калимаҳои ночаспонро иваз ва ҷумлаҳои хиҷилро “таъмиру азнавсозӣ” мекардем. То хатми мактаби миёна редаксияи бачагона мактаби дуюми ман буд. Матолиби навкоронаи ман қариб дар ҳар нашри газета чоп шуда меистоданд. Чоп шудани мавод барои ман барин мухбири навкор дастоварди калон маҳсуб меёфт. Ҳисси қаноатманд будан саропоямро фаро мегирифт. Муаллимаи забони англисӣ Ҳафиза Раҳматова маро “ҳа, мухбирча” гуфта, ном мебурданд. Ин оҳанги муроҷиат ба ман маъқул набуд. Фикр мекардам, ки муаллима маро барои чизҳои кӯдакона навиштанам масхара мекунанд. Сонӣ, фаҳмидам, ки муаллима бо меҳр “мухбирча”-ам мехондаанд. Новобаста ба ин, маҳсули корамро азиз медонистам. Газетаҳоро дар як ҷузвдони хуштарҳ нигоҳ медоштам. “Инҳо ҳосили давраи мактабхонӣ”,- мегуфтам худ ба худ.
Наврасиҳоям дар сафҳаи рангоранги “Лочин” монд… Акнун ҷавони 18-сола шудам. Замони донишҷӯйӣ расид. Ҳамоно журналистикаро роҳи ояндаи зиндагиам медонистам. Бо дили гарм барои дидани факултети журналистикаи ДМТ ба Душанбе омадам. Ронандае, ки бо ӯ меомадам, “журналист мешавам” гуфтани маро фаҳмида, гуфт: ” Медонӣ-мӣ журналистҳо чанд пул мегиранд? Акнун, маоша поида мегардӣ. Ягон ҳунари даромаднока ёд гирӣ, намешуд-мӣ!?”. Гапи ӯ бароям асаре нагузошт. Ба қавле, ҳаври ҳаваси “журналистшавиам” паст нашуд. Агар журналистони номии мо “маоши журналистӣ кам” гуфта, аз пайи дигар касбҳо мерафтанд, имрӯз ҳоли журналистика чӣ мешуд!?
Имрӯз ҳамкурсонам бо чанд расона ҳамкорӣ мекунанд. “Ду моҳ шуд, ягон гонорар, ақаллан чойпулию роҳкиропулӣ ҳам наметиян”,- шикваомез гуфтани онҳоро борҳо шунидаам. «Дастгирӣ нест, ҳавасманд намекунанд, аз куҷо дилгармӣ шавад…»,- гуфт як ҳамсабақам, ки авзояш таскиннопазир метофт.
“Медонӣ, ошнои ғамгиннамо, бо назари ғамбор гардӣ, ба ягон беҳбудӣ намерасӣ! «Дилмонда шавӣ, пеш намеравӣ»,- мегуфт як муаллими 80-солаамон. Ту фикр накун, ки ману ту дар “кӯчаи нокомӣ” ҳастем. Бигзор дастгирӣ набошад, ҳавасманд накунанд, роҳ нишон надиҳанд, аз дасту поямон намонем. Робинзонро бин, тани танҳо дар ҷазираи беодам монд, лекин намурду зинда монд. Ману ту ҳам аз аспи ҳавас рондан намонда, ҳаракат кунем. Дониста мон, ки ба ҳоли шикастадил дили касе об намешавад”,- ин хитобаҳоро бояд дар сари суҳбати сарипоӣ, ки бо ҳамкурсам доштам, мегуфтам. Аз дил гузаронидам, ки ҷойи насиҳат нест. Ин сатрҳоро шояд аз ман нағзтар донӣ, лекин боз як бор хону мулоҳиза намо, ошнои ман!
Донишҷӯён гумон мекунанд, ки истеъдод чизи дастнорас аст. Фикри шахсии ман ин аст, ки ҳавасу хоҳиш ва саъйу кӯшиш боиси зуҳури истеъдод мешавад. Манзурам ин ки, дӯстон, агар зар холис бошад, заргари моҳир аз он шоҳкориҳои нодире месозад. Фаромӯш накунем, ки “зари холис” шудан ҳам дар доираи имкон асту “заргари моҳир” будан ҳам…
Файзуллохон ОБИДОВ