Зариф Ғулом, ин ном дар доираи ҳуқуқшиносон, мақомоти судии кишвар ва бештари мардум аз соли 1975 ошност. Ҳангоми ба ҳудуди шаҳри Душанбе роҳ ёфтан 31 сол дошт. Дар ҳамин синну сол ӯ ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуд.
Дар 36-солагӣ ба шоҳроҳи ҳуқуқдонҳо гоми устувор ниҳод. Ин соли 1980 буд. Дар ин арса 30 сол фаъолияти густурда дошт. Ӯ дар ин миён ҳамчун ҳуқуқшиноси шинохта дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ – мақомоти судии мамлакат чун Зариф Ғулом шинохта шуд. Дар давраи советӣ ва пас дар давраи истиқлол мани хешро молик гаштаву соҳибмақом гардид.
Ба ҷуз кори асосӣ Зариф Ғулом дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар доираи аҳли эҷод мақом ёфт. Ӯро аҳли назар ҳамчун адиби моҷаронавис эътироф карданд. Онҷониб, аслан, аз 15-солагӣ ба коғазу қалам дӯсти қарин гашт. Сар аз соли 1959 хабару мақола, очерку лавҳаҳояш дар нашрияҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ ба табъ мерасиданд.
Чопи маҷмуаи нахустинаш танҳо дар соли 1998 (дар 54-солагӣ) иттифоқ уфтод. Хуб дар ёд дорам, он маҷмуа “Парвоз” унвон дошт ва дар матбааи “Бофанда”-и Иттиҳодияи нассоҷии тоҷик, дар коғази тунуки зарди рӯзномачопкунӣ ба нашр расида буд. Бо ҳамин китобаш Зариф Ғулом ба хонандагон қаробат пайдо кард. Инак, аз тавлиди он маҷмуа 26 сол гузашт ва адиби хушкор китобҳои хурду бузурги хешро дар жанрҳои гуногун, сар аз ҳикояву қиссаҳои моҷароӣ то романҳои таърихӣ эҷод кард ва дар қатори адибони кишвар қарор гирифт.
Дар даврони навин дӯстдорони аҳли адаб ва хоманигорон Зариф Ғуломро ҳамчун адиби детективнавис – моҷаронавис эътироф намуданд, ки ин иззат барои нависанда мояи ифтихору шарафмандист…
АЗ МУАРРИФӢ
Зариф Ғулом 30-юми ноябри соли 1944 дар деҳаи Кангуртути собиқ ноҳияи Кангурт ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Айёми кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониаш дар ноҳияи Колхозобод (ҳозира ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) сипарӣ шудааст. Ӯро модари меҳрубонаш тани танҳо ба камол расонд.
Мактаби миёнаи № 33-юми ноҳияро соли 1961 тамом карда, чанде дар истеҳсолот ва ташкилотҳои ҷамъиятиву давлатӣ таҷриба омӯхт.
Соли 1975 ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1980 хатм намуд…
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ( аз соли 1998), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2000).
Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2019) ва нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015).
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ
Зариф Ғулом фаъолияти меҳнатии хешро аз касабаи омӯзгорӣ оғоз намудааст:
1961-1971- муаллими синфҳои ибтидоӣ ва фанни таърихи мактаби миёнаи №33.
1971-1973- котиби ташкилоти комсомолии ноҳияи Колхозобод.
1973-1975 – директори Мактаби миёнаи №14-уми ноҳияи Колхозобод.
1975-1980 – донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон.
1980-1986- мушовир, сардори шуъбаи Вазорати адлияи ҶТ.
1986-1992- ҳуқуқшиноси Иттиҳодияи истеҳсолии “Тоҷикнефт”.
1992-2001- ҳуқуқшинос, мушовири Кумитаи қонунгузории Шурои Олии ҶТ
2001-2007 – сардори раёсати мақомоти судии Шурои адлияи ҶТ.
2007-2010 – сардори шуъбаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2010 нафақахӯр.
Оиладор, соли 1968 аз деҳаи Андрейи ноҳияи Колхозобод бо Робия хонадор шуд. Фарзандон: Бахтиёр (1969), Шаҳло (1971), Лола (1973), Ҳадия (1977), Ситора (1980). Ёздаҳ набера ва як абера дорад.
МАҲСУЛИ ЭҶОД
Зариф Ғулом сар аз соли 1998 пурмаҳсул пайи эҷод буда, дар зарфи 26 соли охир доманаи 30 маҷмуа дар жанрҳои мухталиф эҷод ва ба нашр расонд.
“Парвоз”(маҷмуи ҳикояҳо, “Бофанда”, 1998 – 2004 “Адиб”).
“Ҳукми дил”(қисса, Бохтар, 2003).
“Даъвати хун”(қисса, “Шарқи озод”, 2004).
“Ҷодугар”(қисса, “Шарқи озод”, 2006, 2012 – “Балоғат”, 2016).
“Бори каҷ – дар роҳи каҷ ”(романи моҷароӣ, “Адиб”, 2011).
“Бӯсаи аввал” (қисса, “Истиқбол”, 2012).
“Асри хиёнат” (романи таърихӣ, ДМТ, 2012).
“Хиёнат” (роман, “Балоғат”, 2015).
“Карими Шиш”(қисса,”Балоғат”, 2016 – романи таърихӣ, “Шарқи озод”, 2022).
“Исёни Назир”(қисса, “Носир-С”, 2016 – роман, “Носир-С, 2022).
“Шоҳиди асосӣ”(маҷмуаи ҳикояҳои моҷароӣ, “Шарқи озод”, 2018 ).
“Табаддулот ”(романи моҷароӣ ,“Балоғат”, 2018 – роман…, 2024).
“Хоки Ватан”(қисса, “Балоғат”, 2018).
“Ҳақиқати талх” (маҷмуаи ҳикояҳо, “Шарқи озод”, 2019 – “Шарқи озод”, 2022).
“Бо роҳи раъди ғуррон”(маҷмуаи ҳикояҳо, “Шарқи озод”, 2019).
“Се сарнавишт” (маҷмуаи ҳикояҳо, “Балоғат”, 2020).
“Мори сафед” (маҷмуаи ҳикояҳо, “Шарқи озод”, 2020 -“Адиб”, 2022).
“Ҳамсинфон”(қисса, “Балоғат”, 2020).
“Фарёди хандаҳо”(қисса, “Шарқи озод”, 2022)…
Адиб, ҳамчунон, дар навиштани драма кӯшиш ба харҷ дод. Зери назари устоди ҳунар Убайдулло Раҷабов (равонашон шод бод) драмаи “Карими Шиш (аз рӯйи асари ҳамном) навишт. Драмаи мазкур соли 2019 дар Театри драмавии Данғара ба саҳна гузошта шуд. Нахустнамоиши драмаи мазкур бо иштироки масъулони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ гузошта, баҳои шоистаро соҳиб гардид.
ХОТИРАИ АДИБОН
Зариф Ғулом хотираву ёддоштҳои хешро тули умр дар бораи адабу ҳунар-шоирон, нависандагон, олимон, ҳунармандони маҳбуби кишвар Пӯлод Толис, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Муъмин Қаноат, Абдумалик Баҳорӣ, Ҳабибулло Файзулло, Мансур Бобохонов, Темур Муҳиддинов, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Ғаффор Валаматзода, Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Усмон Назир, Ибод Файзуллоев, Меҳмон Бахтӣ, Худойназар Асозода, Гулназар Келдӣ, Лоиқ Шералӣ, Ҷонибек Акобиров, Равшани Ёрмуҳаммад, Убайдулло Раҷабов, Шоҳзамон Раҳмонов, Хурмо Ширинова, Аловиддин Абдуллоев ва даҳҳои дигар навишта, дар матбуоти даврӣ ба табъ расондааст…
ПЕРОМУНИ ЭҶОД
Зариф Ғулом мунтазам ва пайваста эҷод мекунад. Нигоштаҳояш аз ҷониби аҳли назар мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд. Муҳаққиқон, донишмандон ва журналистон, аз ҷумла Атохон Сайфуллоев, Асадулло Сӯфизода, Фарҳод Ҳусейнзода, Шоҳзамон Раҳмон, Усмон Назир, Равшани Ёрмуҳаммад, Муҳаммадюсуф Имомзода, Убайдулло Раҷаб, Мансури Суруш, Умари Шерхон, Хуршеди Атовулло, Нурмуҳаммад Исҳоқӣ ва дигарон аз дастовардҳои адиби хушкор изҳори назар карданд.
Инак, бархе аз он нигоришот
Атохон Сайфуллоев, доктори илмҳои филология:
“Қиссаи Зариф Ғулом “Дар маҳбусии хирс” ( “Садои Шарқ”, №7-9, 2004) падидаи тоза дар насри замони мо ба шумор меояд. Тозагии он дар бозгӯю баррасии санъаткорони масъалаи қадимист, ки хайр ва шар ном дорад…
Дар бандубасти асар низ ёддошт, воқеияти реалӣ ва нақш афсонамонанд дида мешавад. Забони асар забони китобист, ки бо тамоми қоидаю қонун ва талаботи забони ягонаи адабии тоҷик ҷавоб медиҳад. Забони равон, образнок, зебо, дилнишин, ҳаяҷонбахш ва дигар сифатҳо хоси қиссаи Зариф Ғулом аст”.
Фарҳод Ҳусейнзода, профессор:
“Адиб Зариф Ғулом дар романи “Табаддулот” ҷиддитарин моҷарои ҳаётиро ба пояи баланди ҳунарӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл карда тавонистааст”.
Шоҳзамон Раҳмон, профессор:
“Асарҳои офаридаи адиб Зариф Ғулом хотирмон буда, дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватанпарастӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми арзанда мегузоранд”.
Равшани Ёрмуҳаммад, нависанда:
“Қиссаи ҷодугар”-и Зариф Ғулом пас аз асари Сорбон “ Ҷӯгӣ” бешубҳа дар адабиёти тоҷик падидаи тоза аст. Нависанда боҷуръат аз ҳаёти намояндаи як қавме, ки асрҳо дар паҳлуи халқи тоҷик зиндагӣ доранд, қисса намуда, ишқи поки духтари фолбинро амиқ тасвир кардааст”.
Убайдулло Раҷаб, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон:
“Зариф Ғулом бештари қиссаву ҳикояҳояшро ба ҳаёту зиндагии мардуми заҳматкаши диёри орифони Кангурт бахшидааст, ки қиссаи тозанашри “ Карими Шиш” аз ҷумлаи онҳост”.
Хуршеди Атовулло, адиби моҷаронавис:
“ Қиссаи “Пайкари зинда”-и Зариф Ғулом бешубҳа дар адабиёти мо падидаи тозаест. Нависанда хеле боҷуръат аз ҳаёти адиб қисса намуда, сарнавишти ибратомӯзу ишқи поку самимии ӯро амиқ тасвир кардааст”.
Умари Шерхон, публитсист:
“ Адиб Зариф Ғулом дар романи “ Карими Шиш” симои ҳофизи хушовоз ва мутриби мумтоз Карим Ёрмаҳмадовро (Карими Шиш-У. Ш.) хеле ҷаззоб, шавқангезу мароқовар офарида, саҳми ӯро дар ривоҷу равнақи санъати сарояндагиву навозандагӣ ҳунармандона тасвир намудааст”.
Нурмуҳаммад Исҳоқӣ, нависанда:
“ Адиб Зариф Ғулом бори нахуст романи моҷароӣ таълиф намуд, ки он дар ҳаёти адабии нависандагони ҷумҳурӣ ҳодисаи дурахшон ба шумор меравад”.
ЧУСТУ ЧОЛОК
Зариф Ғулом, адиби хушзавқ, бародари қаламкаши мо 30 – юми ноябри соли 2024 ба синни мубораки 80 гом ниҳод, ки муборакашон бод…
Ҳар бори дида ба дидор расидан, аз дур шитобон роҳгардӣ, муносибати самимонаи устодро дидан пас ҳаваси кас меояд. Ӯ ҳамоно зуд, тез, босуръат, чусту чолок қадам мебардорад. Тез-тез ҳарф мезанад, тезгард пайи корҳои мавқуфмондааш меравад. Ӯро кори эҷод афзоиши пурмавҷ аст. Устод Зариф Ғулом солҳост, ки бо ҳамин шева умр ба сар дорад.
Вай бо ин саъю талоши худ мараи 80-уми умрро фатҳ кардааст. Бовар аст, ки боз даҳсолаҳо қуллаҳои навбатиро пушти сар мекунад. Умед мебандем, ки устод Зариф Ғулом боз қиссаву романҳои детективии шавқангезро эҷод намояд ва доираи шуҳраташро меафзояд.
Умари ШЕРХОН, публитсист