Пас аз суқути ҳукумати Башор Асад дар Сурия “кӣ кист” ва хатари ҳаводиси ин кишвар ба Осиёи Марказӣ чист?

Ҳодисаҳои ахир дар Сурия, ки бо тасарруфи босуръати шаҳрҳо аз ҷониби мухолифони мусаллаҳ оғоз ёфта, ба фурӯпошии ҳукумати Башор Асад оварда расонид, натанҳо тавозуни геополитикиро дар Ховари Миёна тағйир дод, балки интизориҳову нигарониҳои ҷиддиро дар фазои сиёсати ҷаҳонӣ ба бор овард. Дарси аввал аззимистони Сурияин аст, ки таҳдидҳо ва фурсатҳои ошкору пинҳонро дуруст дарк кунем ва бардоштҳои рӯй ба ояндаро дошта бошем.

Сурия: поёни низоми собиқ ва воқеияти нав

Сурия муддати тӯлонӣ майдони бархӯрди манфиатҳои бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ буд. Ҳаводиси ахир нисбат ба интизориҳо шадидтар ва зудтар пеш рафтанд. Нерӯҳои мухолиф тавонистанд он чизеро анҷом диҳанд, ки дар тӯли беш аз даҳ сол ғайримумкин менамуд: ҳукумати Башор Асад фурӯ пошид.

Барои бархе, ин суқут поёни диктатура аст, барои дигарон – оғози давраи нави бесарусомонӣ мебошад. Муҳимтарин дарсе, ки аз ин ҳаводис бояд гирифт, он аст, ки дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ “дӯстӣ”, “шарикӣ” ва “ҳампаймонӣ” бо дигар шудани тавозуни нерӯҳо – хеле зуд тағйир меёбанд. Онҳое, ки дирӯз “террорист” хонда мешуданд (ва мувофиқи қонунгузории кишварҳои зиёде чунин ҳам ҳастанд) – имрӯз “мухолифони қонунӣ” ва “ошӯбгарони озодихоҳ” ном гирифтанд. Рӯйдоди Сурия ба таври равшан нишон дод, ки дар сиёсати байналмилалӣ барои таъмини манфиатҳои геополитикӣ мавқеъ ва рӯйкард хеле зуд тағйир ва бознигарӣ мешаванд.

Далелҳои зиёди ҷиноятҳои ҳукумати Асад алайҳи башарият қаблан ва имрӯз нашр шуданд ва эҳтимол дорад, ки минбаъд низ расонаӣ шаванд. Масалан, зиндони Сайдноёи Сурия, маъруф ба “қассобхона”-и ҳукумати Асад, фоҷиаҳои ваҳшатнокро ошкор намуд. Даҳсолаҳо маҳбусон бе додгоҳ нигоҳ дошта, шиканҷа мешуданд. Баъзеҳо хотира ва имкони роҳгардиро аз даст дода, ҷасадҳои маҳбусон дар қабрҳои дастҷамъӣ ёфт шуданд. Ҳатто занони ҳомила ва кӯдакони таваллудшуда дар асорат буданд. Таҷовуз ба маҳбусон, новобаста аз ҷинс, маъмул буд. Ин зиндон натанҳо барои “ифротиён ва террорист”, балки мунаққидону хешовандони онҳо ва ҳатто шаҳрвандони хориҷӣ ихтисос дода шуд. Ин иттилоот тавассути расонаҳои пешрафта ва фазои иттилоотӣ такрор хоҳад шуд, ки метавонад барои то як андоза нарм кардани симои манфии Ҳайъат Таҳрир аш-Шом (ҲТШ) мусоидат намуда, барояшон заминаи фазои боварӣ ва эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳадди ақал дар ояндаи наздикро, фароҳам созад.

Бозингарони асосии воқеияти ҷадид ё имрӯз дар Суриякӣ кист?”

Ҳодисаҳои ахир таносуби қудратро дар дохили Сурия ва минтақа ба куллӣ тағйир доданд. Бо фурӯпошии ҳукумати Асад, гурӯҳҳои мухталиф барои нуфуз, манобеъ ва қудрат мубориза мебаранд. Ба таври фишурда перомуни ин гурӯҳҳо ва тавонмандиҳои онҳо чанд нуктаро метавон овард:

Ҳукумати Наҷоти Сурия / Ҳайъати Таҳрир аш-Шом (ҲТШ)

Имрӯз Ҳайъати Таҳрир аш-Шом, ки қаблан Ҷабҳат ан-Нусра ном дошт (шохаи Ал-Қоида*) ба нерӯи асосӣ дар Сурия табдил ёфтааст. Ин гурӯҳ идораи минтақаҳои асосии калидӣ, аз ҷумла Идлиб, Ҳалаб, Ҳамо, Ҳумс ва дигар шаҳрҳои соҳилии муҳимро бо шумули Лозиқия ва Тартус дар даст дорад. Дар гузашта Ҷабҳат ан-Нусра ҷиноятҳои ваҳшатнокро дар баробари мухолифонаш ва тоифаву ақаллиятҳои гуногун содир карда буд. Раҳбари ин гурӯҳ Абу Муҳаммад ал-Ҷӯлонӣ (Аҳмад Ҳусайн аш-Шараъ, 42-сола) мебошад. Як сол қабл, Иёлоти Муттаҳида барои сари ӯ 10 миллион доллар ҷоиза муқаррар карда буд (ҲТШ/Ҷабҳат ан-Нусра дар рӯйхати гурӯҳҳои террористии ИМА қарор доранд). Имрӯз баъзе расонаҳои ғарбӣ ӯро “ҷиҳодии прогрессив” номида, ҳамчун “озодкунанда” дар Масҷиди Умавиён аксбардорӣ мекунанд.

Дар тӯли як моҳи охир ҲТШ ба қувваи калидӣ дар фурӯпошии ҳукумати Башор Асад табдил ёфт. Мухолифонаш ал-Ҷӯлониро дастнишондаи хадамоти вижаи Иёлоти Муттаҳида ва Исроил медонанд, зеро дар яке аз зиндонҳои ИМА дар Ироқ маҳбус буд ва гӯё дар он ҷо гумошта мешавад. Зикри ин нукта муҳим аст, ки ҳанӯз қабл аз зиндонӣ шудан ал-Ҷӯлонии ҷавон ба гурӯҳҳои тундагаро пайваста буд.

Ал-Ҷӯлонӣ, ки асолатан аз минтақаи баландкӯҳи Ҷӯлон дар ҷануби Сурия (имрӯз ин минтақаро Исроил идора мекунад) мебошад, пештар изҳор дошта буд, ки пас аз озод кардани Димишқ, навбати Қудс мерасад. Имрӯзҳо шеваи гуфтораш тағйир ёфт ва дигар бар зидди Исроил шиору паём намедиҳад.

ҲТШ дар воқеияти нави Сурия ба қувваи калидӣ табдил ёфта, ба хотири демократиябозӣ, эҳтимолан намояндагони бахшҳои мухталифи ҷомеаи Сурия, дар таносуби рамзӣ ва намоишӣ, шомили ҳукумати ҲТШ мешавад. Ин фарогирии сиёсиро дар Сурия нишон дода, ҷомеаи байналмилалиро итминон медиҳад. Бо вуҷуди “фарогирии сиёсӣ” дар ҳукумати ҲТШ, ба эҳтимоли зиёд дар минтақаҳои дурдаст ва ҷазирақаламравҳои қавмӣ бархӯрдҳо ба вуқуъ меоянд , аммо таъсири онҳо ба вазъи умумии Сурия ночиз хоҳад буд.

Ҳукумати муваққатии Сурия / Артиши миллии Сурия (АМС)

Ҳукумати муваққатии Сурия (ҷиноҳи сиёсӣ) ва Артиши миллии Сурия (ҷиноҳи низомӣ) дастнишондаҳои Туркия дар Сурия мебошанд. Ин гурӯҳ то андозае таҳти роҳбарии нерӯҳои мусаллаҳи Туркия амал мекунанд, аз ҷониби Анқара бо аслиҳа таъмин ва умуман маблағгузорӣ мегарданд.

АМС минтақаҳое дар шимоли Идлиб, дар сарҳад бо Туркия, инчунин, қаламравҳоро дар дохили минтақаи курднишини Рожава таҳти назорат дорад. Ин гурӯҳ асосан бар зидди нерӯҳои Башор Асад ва гурӯҳҳои курдӣ ҷанг кардааст.

Ҳарчанд Ҳайъати Таҳрир аш-Шом (ҲТШ) аз ҷониби Туркия дастгирӣ меёбад, муносибати АМС бо ҲТШ мураккаб аст. Бархе бар ин назаранд, ки дар оянда дороӣ ва қудратҳои Сурия маҳз миёни ин ду гурӯҳ тақсим хоҳанд шуд.

Артиши озоди Сурия

Ин нерӯ худро ҳамчун як созмони дунявӣ муаррифӣ намуда, бештар бо дастгирии Иёлоти Муттаҳида фаъолият мекунад. Онҳо ҳам ба нерӯҳои Башор Асад ва ҳам ба ДОИШ, ки қисме аз биёбони Сурия ва Димишқро назорат мекарданд, фаъолона муқовимат доштанд. Бо вуҷуди ин, вобастагӣ аз дастгирии Амрико онҳоро дар баробари тағйироти сиёсӣ баъди бозгашти Трамп осебпазир мекунад.

Нерӯҳои Демократии Сурия (НДС)

Манфиатҳои курдҳоро Идораи худмухтори Шимол ва Шарқи Сурия (Рожава) ва ҷиноҳи низомии он – Нерӯҳои Демократии Сурия намояндагӣ мекунанд. Ин нерӯҳо дорои ангезаи қавӣ ва омодагии хуби ҳарбӣ мебошанд. НДС мисли курдҳои Ироқ бар зидди ДОИШ хеле самаранок мубориза карданд, аммо бо гурӯҳҳое, ки Туркия аз онҳо ҷонибдорӣ мекунад, ҳамчунин, бо нерӯҳои Башор Асад меҷангиданд.

Ин гурӯҳ аз дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва моддиву фаннии ИМА истифода карда, бо Исроил бархӯрди манофеъ надорад ва то андозае дастгирӣ низ мешавад. НДС қисми шарқии биёбони Сурия, аз ҷумла сарҳади Ироқ, Дайр аз-Зӯр ва минтақаҳои курднишини шимолу шарқи Сурияро идора мекунанд.

Маркази амалиёти ҷанубӣ

Маркази амалиёти ҷанубӣ як иттиҳоди нисбатан нави гурӯҳҳои суннӣ ва дурузӣ буда, дар қисмати ҷанубии Сурия нуфуз дорад. Ин гурӯҳ дар минтақаҳои Даръо ва Қунайтра фаъолият карда, қаламрави марзи заминӣ бо Исроил ва қисмати ҷанубии Димишқро таҳти назорат дорад. Маркази амалиёти ҷанубӣ аз якчанд гурӯҳҳои ақаллиятҳои қавмии Сурия шакл гирифта, бо Исроил муносибатҳои нисбатан гарм дорад.

Хулоса воқеияти нав дар Сурия тавозуни мураккаби қувваҳоро нишон медиҳад. Ҳар як гурӯҳ манфиатҳои худро дунбол мекунад ва робитаҳои байналмиллалии онҳо шиддати геополитикиро афзоиш медиҳад. Барои минтақа ин на танҳо як шонси тақсимоти дубора, балки хатарҳои нав, аз ҷумла таҳкими ақидаҳои гурӯҳҳои тундрав ва бесуботӣ низ ҳаст.
Ҷанбаҳои геополитикӣ: бозии қудратҳои бузург

Буҳрони Сурия муносибатҳои қудратҳоро на танҳо дар Ховари Миёна, балки дар Осиёи Марказӣ низ тағйир медиҳад.

Русия, ки муддати тӯлонӣ аз Башор Асад пуштибонӣ мекард, дар лаҳзаи ҳалкунанда имкони расонидани кӯмакро аз даст дод. Ҳоло Маскав талош дорад, нерӯҳои худро аз Сурия хориҷ карда, онҳоро дар Украина истифода барад. Русия дар вазъи нави Сурия ҷониби бохта ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд ба ном “ҳукумати феълии Сурия” изҳор мекунад, ки бо Маскав мехоҳад дӯстӣ кунад, ояндаи пойгоҳҳои низомии Русия дар Сурия норӯшан аст. Ҳузури Русия дар минтақа бар пояи тавозуни нозуки манфиатҳои чанд бозигар, аз ҷумла Туркия ва Эрон сурат мегирифт. Ин тавозун шикаст ва тамоми сохтор фурӯ рехт.

Туркия аз заъфи Эрон дар минтақа баҳра бурд ва мавқеи худро мустаҳкам кард. Сафари оҷили вазири хориҷӣ ва мудири истихбороти Туркия далели ин тахмин ҳастанд. Проксиҳои туркӣ ҳоло барои муддати кӯтоҳ қавитарин нерӯ дар Сурия мебошанд. Аммо саволи калидӣ ин аст, ки оё Туркия захираҳои кофӣ барои нигоҳ доштани ин нуфузро дорад? Туркия мавқеи худро дар Сурия мустаҳкам мекунад ва дар Осиёи Марказӣ низ саъй дорад, ки равобити фарҳангӣ ва иқтисодии худро густариш диҳад. Барои Тоҷикистон ин ҳам фурсат ва ҳам хатари эҳтимолиро ба вуҷуд меорад. Дар мавриди нақши Туркия дар таҳаввулоти ахир дар Сурия бояд гуфт, ки Анқара як қудрати минтақавист ва сиёсати муваффақ ва чандсамтаро дунбол мекунад. Авлавиятҳои сиёсати хориҷии Туркия вобаста ба манофеъи воқеъи сиёсии ин кишвар шакл мегиранд. Ин нуктаро бояд дар назар дошт, ки ҳукумати Туркия дар дасти афроде ҳаст, ки исломи сиёсӣ ва андешаи ихвонӣ барояшон чандон бегона нест. Аз ин рӯ, гумон намекунем, ки ҳимояти Туркия аз нақшаҳои понтуркистӣ дар минтақа тавонад монеъи ҷилавгирӣ аз қувват гирифтани неруҳои исломгаро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гардад. Ба ибораи дигар, агар дар кишварҳои турктабори Осиёи Марказӣ бархӯрди манофеъи исломгароён ва туркгароён ба вуҷуд ояд, ҳанӯз рӯшан нест, ки Ардуғон ва Туркия кадом яке аз ин ҷонибҳоро пуштибонӣ хоҳад кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико. Ҳодисаҳои Сурия ноустувории стратегии ИМА-ро шиддат мебахшанд. Заъфи меҳвари муқовимати Эрон ва коҳиши нуфузи Русия имкониятҳои нави таҳкими мавқеъҳои Амрикоро дар минтақа фароҳам меоранд. Аммо бесарусомонӣ дар минтақа ва густариши гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла хавфи терроризми фаромиллӣ, ба амнияти ҷаҳонӣ таҳдидҳои навро шакл дод. Ғайр аз ин, суқути Асад барномаву ташаббусҳои ИМА-ро барои суботи минтақа заиф намуда, зарурати таҳияи стратегияи наверо барои ҷилавгирӣ аз табдилёбии Сурия ба маркази терроризм эҷод мекунад.

Эрон. Барои Эрон рӯйдодҳои Сурия зарбаи ҷиддӣ заданд. Аз даст додани яке аз шарикони калидӣ дар Ховари Миёна меҳвари “муқовимати эронӣ”-ро коҳиш медиҳад. Занҷираҳои логистикӣ, ки Теҳронро бо Ҳизбуллоҳ мепайванданд, ба таври назаррас заиф шудаанд, ки ин нуфузи Эронро дар Лубнон коҳиш дода, ба манфиатҳои стратегии он дар минтақа хатар эҷод мекунад. Илова бар ин, афзоиши нооромӣ фазои таҳдидҳои навро аз ҷониби созмонҳои тундрав ба вуҷуд оварда, вазъияти дохилии Эронро боз ҳам мураккабтар мегардонад.

Исроил. Исроил аз вазъият бартарии тактикӣ ба даст овард. Сустии Эрон ва вайрон шудани занҷираҳои логистикӣ, ки Теҳронро бо Ҳизбуллоҳ пайваст мекунанд, амнияти сарҳадоти шимолии Исроилро беҳтар кард. Аммо афзоиши бесарусомонӣ дар Сурия ва эҳтимоли эҳёи ДОИШ хатари нав эҷод мекунад. Густариши минтақаҳои нуфузи Исроил дар наздикии теппаҳои Ҷӯлон мавқеъҳои онро таҳким мебахшад, вале ҳамзамон танишҳоро бо Эрон ва Туркия афзоиш медиҳад.

Таҳдидҳои ҳаводиси Сурия ба Осиёи Марказӣ

Дар назари аввал, Сурия аз кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле дур менамояд. Аммо воқеият нишон медиҳад, ки чунин буҳронҳо метавонанд ба минтақаҳои дуртар аз худ таъсири мустақим ва ғайримустақим расонанд. Мисоли равшан Афғонистон аст, ки суқути Кобул дар соли 2021 сабаби мавҷи бесуботӣ ва афзоиши гароишҳои тундгароӣ дар кишварҳои ҳамсоя гардид. Ҳаводиси Сурия низ метавонад ба Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ расонад.

Бозгашти размандагони тундгаро ва хавфи субот

Ҳазорон нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, дар ҷангҳои Сурия иштирок доштанд ва теъдоде ҳанӯз ҳам ҳузур доранд. Имрӯз наворҳо бо ҳузури размандагони ӯзбек, уйғур, тоҷик ва дигар дар фазои иттилоотӣ матраҳ мешаванд ва шарҳу вокунишҳо далели писанд будани онҳо ба баъзе аз корбарон низ ҳастанд. Пас аз суқути ҳукумати Башор Асад ва заъиф шудани назорати давлат бар қаламрави кишвар, эҳтимоли бозгашти ин размандагон ба ватан зиёд мешавад. Онҳо бо таҷрибаи ҷангӣ ва ақидаҳои ифротгароёна таҳдиди ҷиддие барои суботи минтақа хоҳанд буд. “Ҳайъат Таҳрир аш-Шом” бо шиорҳои густариши хилофати исломӣ фаъолият мекунад. Аз таҷрибаи Афғонистон метавон хулоса кард, ки равиши муқобилгузории “бачаҳои бад” ба “бачаҳои бадтар”, мисли Толибон ва ДОИШ Хуросон, метавонад абзоре барои мутақоид кардани ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад. Ин равиш, ки аз ҷониби мақомоти расмӣ, коршиносон ва расонаҳои ғарбӣ тарғиб мешавад, метавонад барои густариши ҳамкорӣ ва эътирофи амалии гурӯҳҳое, ки қаблан ҳамчун террористӣ ва тундрав шинохта мешуданд, истифода шавад.

Тавсеаи таблиғоти ифротгароӣ ва ҷалби пайравони нав

Гурӯҳҳои тундрав ба мисли “Ҳайъат Таҳрир аш-Шом” аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои паҳн кардани ақидаҳои худ ва ҷалби пайравони нав фаъолона истифода мебаранд. Ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар муҳити муҳоҷират аз дастгирии иҷтимоӣ маҳруманд, ҳадафи осони ин гурӯҳҳо метавонанд шаванд. Имрӯз Сурия дар натиҷаи ҷангҳои дохилӣ – ба як маркази ҷалби ҷангиёни нави байналмилалӣ табдил ёфтааст. Хусусан, шароити номусоиди муҳоҷирони корӣ ва сиёсати муҳоҷирситезӣ дар кишварҳои аврупоӣ ва Русия хатари ин равандро бештар мекунад.

Хавфи ноустуворӣ ва илҳом бахшидан ба гурӯҳҳои тундгаро

Пирӯзии нерӯҳои исломгаро дар Сурия, ки бо истифодаи зӯрӣ ва хушунат тавонистанд як ҳукуматро ба фурӯпошӣ расонанд, ҳамчун намуна барои дигар гурӯҳҳои тундгаро дар минтақа метавонад хизмат кунад. Ин ҳолат, пас аз қудратгирии Толибон дар Афғонистон, як ҳушдор барои гурӯҳҳои тундрав дар саросари ҷаҳон аст, ки бо роҳи мусаллаҳона метавонад ба ҳадафҳои худ бирасанд.

Гурӯҳҳои тундгарои дар ҷуғрофиёи Сурия нуфуз дошта, эҷоди хилофати ҷаҳониро дар сар доранд, ки он бо қаламрави як кишвар маҳдуд намешавад. Ин ҳолат хатари бештари идеологиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба миён меорад.

Сурия ҳамчун маркази нави ҳаракатҳои тундгаро

Имрӯз Сурия ба як маркази баҳамоии ҳаракатҳои байналмилалии тундгаро ва ҷиҳодӣ табдил ёфтааст. Ин таҳдид на танҳо ба кишварҳои Ховари Миёна, балки ба Осиёи Марказӣ низ дахл дорад. Ҳайъат Таҳрир аш-Шом ва дигар гурӯҳҳои вобаста аз он бо истифода аз ҳузури размандагони хориҷӣ ва фаъолиятҳои иттилоотӣ кӯшиш мекунанд, ки идеологияи худро ба кишварҳои дигар интиқол диҳанд.

Хулоса

Рӯйдоди Сурия нишон медиҳад, ки қудрат танҳо бо такя ба дастгирии кишварҳои хориҷӣ пойдор буда наметавонад ва ҳатман фурӯ мепошад. Тағйироти ногаҳонии мавқеҳои “ҳампаймонон” дар мавриди Сурия равшан кард, ки сиёсати байналмилалӣ зуд дигар ва ба шароити нав мутобиқ мешавад. Рӯйдодҳои Афғонистон ва Сурия собит мекунанд, ки артиши дар меҳвари қабила ё қавм сохташуда, дар ҳолатҳои буҳронӣ нотавон мебошад. Буҳрони Сурия на танҳо мушкили дохилӣ ё минтақаӣ, балки сабақе бо паёмадҳои ҷаҳонӣ аст. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин воқеият бояд ҳамчун як дарси муҳим пазируфта шавад. Таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ, назорати муҳоҷирон, коҳиши таъсири шабакаҳои радикалӣ ва густариши маърифати динӣ метавонанд роҳҳалҳои самаранок бошанд. Танҳо бо иқдомоти фаврӣ ва ҳамаҷониба метавон аз паёмадҳои эҳтимолии ин буҳрон ҷилавгирӣ кард ва суботи минтақаро нигоҳ дошт.

Рустам Азизӣ, коршинос

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь