Чаро мегӯянд шумори аъзои он коҳиш ёфтааст?

Якудзо номи гуруҳе аз табаҳкорони ҷопонӣ аст. Ин гуруҳи замоне хеле муташаккил имрӯз дар саросари олам пароканда аст. Ва муаллифи мақолае, ки мо аз он нақли қавл мекунем, менависад, ки он дар садади маҳви комил ва сартосарист. Ин гуруҳ дар гузашта корҳои зиёдеро анҷом додааст ва имрӯз ҳам тибқи тавону қудраташ ба он идома медиҳад. Аз ҷумла тиҷорати маводи мухаддир, силоҳ ва задухӯрдҳои хиёбонӣ номгӯи бахше аз фаъолиятҳои ин созмон аст. Теъдоди шинохташудаи онҳо дар олам 103 ҳазор нафар рақам зада мешавад. Ин гуруҳи табаҳкор ҳамеша бо холкӯбиҳо дар бадани худ аз дигар гуруҳҳои олами ҷиноӣ фарқ мекард ва боз ин ки қонуне доштанд басо шадид, қотеъ ва фаъолиятҳое ғайрирасмӣ, ки на ҳамеша расонаӣ мешудааст.  

Аммо имрӯз ин паймону ин созмон дар остонаи пошхӯрии комил аст: теъдодашон ба маротиб коҳиш ёфтааст ва мушкилоти молие, ки домангири онҳо шуда дигар гумон аст мисли пешина ба по истод шавад. Имрӯз ба ҷойи сарлавҳаҳои ҳангомабарангез аз фаъолияти гузаштаи ин созмон дар расонаҳои хабарӣ иттилоеро бо номҳои “Замони мушкил барои якудзоҳои фақир: онҳо харбуза медузданд” ва ғайраро метавон вохӯрд. 

Ахиран сомонаи интернетии “Лента.ру” матлабе дар ин замина нашр кард ва ба ин суол посух ҷустааст, ки то куҷо ин гуруҳ ба қаъри нобудии ҳамешагӣ фурӯ меравад ва оё ин воқеъият дорад ё на? Ин пойгоҳи интернетӣ бештар рӯйи баъзе гӯмагӯҳо ва мақолоти ахиран интишоршудаву хабарҳо такя мекунад ва бештари далоил барои касоне, ки бо ин созмон ва таърихи он ошно нестанд, камтар ҷолиб аст. Аз ҷумла нашрияи интернетӣ менависад, ки «Якудзо, ки имрӯз гирифтори мушкилоти молиявӣ шудааст, акнун танҳо дар шаҳрҳои бузурге чун Токио ва Осаки дида мешавад. Дар русто дигар касоневу гуруҳҳое надорад, ки бо пулу мол ёрӣ расонад ва ман ҳатто дар тааҷҷуб ҳам шудам, вақте як шиносам мегуфт, ки ҳоло онҳо ҳатто аз фермаҳо дуздӣ мекунанд. Ва ин суҳбати чопшуда муҷиби вокуниши сарвари яке аз дастаҳои ин созмон дар маркази Ҷопон шуд, чун тибқи қоидаи дар умум эътирофшудаву қабулшуда якудзоҳо ба ин ҳадди пастӣ набояд раванд. Кодекси баъзе гуруҳҳо ҳатто дуздӣ, ғорат, фурӯши кӯча ба кӯчаи маводи мухаддир, таҷовуз ба номус ва кушторро манъ мекунад. Албатта, дар гузашта ҳам баъзеҳо ин қонунҳои дохилиро нақз ҳам кардаанд, вале дуздӣ аз ферма хеле аъмоли пастест ва номи ин созмонро ба замин мезанад.  

Ба назар мерасад баъди он ки дар ин кишвар ҳамкорӣ бо мафияро ғайриқонунӣ эълон карданд, корашон ба мусибат рӯ ба рӯ шуд. Ва агар дар гузашта якудзоҳо дар деҳот озодона бо савмаъаҳои маҳаллӣ кор мебурданд ва вақтҳои баргузории фестивалҳо аз ин гуна фаъолиятҳо истифода мекарданд, пас акнун барояшон лозим меояд манбаъҳои дигари таъминоти молӣ ҷустуҷӯ кунанд.  

Ин чӣ созмонеаст?

Ҳамчуноне дар аввал ёдовар шудем, як созмони табаҳкори хеле маъруфест, ки дар саросари олам аз вуҷудаш дарак дода буд. Ба эҳтимоли зиёд аввалин аъзои ин созмон аз миёни қиморбозон пайдо шуданд. Аъзои ин созмон бо номи  “гокудо” низ маъруфият доранд. Якудзо ба арзишҳои патриархалии оила такя мекунад ва равиши фаъолияти он итоати ҳатмӣ аз сарвар ва риояи бечунучарои қоидаҳои дохилии он аст. 

Якудзо бо ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии Ҷопон сахт пайванд хӯрдааст. Дар қиёс ба дигар гуруҳҳои маъруфи ҷиноии олам якудзо макони дақиқу воҳиди идорӣ ва будубош надорад, дорои ҳеч қаламраве нест ва бештар ба робитаҳои хонаводагиву хешутаборӣ такя мекунад ва талош менамояд ҳамеша дараҷаҳои мансубияти иҷтимоии худ ва шумори роҳбарони созмонро комил пинҳон нигоҳ дорад. Аз аввали солҳои 1950 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷопон теъдоди гуруҳҳо ва аъзои якудзоро ба қайд мегиранд. Агар солҳои то ҷанги дуюми ҷаҳон шумори аъзои гуруҳҳо аз сарвар ва 50 тан узви он иборат буд, пас солҳои баъдиҷангӣ ин теъдод ба маротиб афзуд ва ҳар гуруҳ акнун  аз садҳо ва ҳатто ҳазорҳо гангстерон иборат буд. Соли 1958 бори аввал пулиси Ҷопон теъдоди аъзои якудзоро  70 ҳазор нафар эълон кард. Аммо соли  1963 он аллакай 184 ҳазор нафар буд, ки дар  5,2 ҳазор гуруҳ муттаҳид мешуд. Соли 1982 теъдоди аъзои якудзо  103,3 ҳазор нафар эълон гардид, вале соли 1988 рақами 86,3 ҳазор нафар узви ин гуруҳ эълон градид. Дар миёни солҳои охир то ба ин шабу рӯз оморҳо калаванда буданд, гоҳ афзун ва гоҳ кам мешуданд. Вале омори ғайрирасмӣ ҳамоно теъдоди онҳоро дар Ҷопон бештар аз 110 ҳазор медонад. 

Сохтор ва анъанаву қонунҳои якудзо дар замони Эдо (сулолаи ҳокимони Токугава, ки аз соли 1603 то 1868 ҳокимият кардааст) шакл гирифтааст. Вале саромадони он асри 17 бо номи гуруҳҳои текия ва  бакуто аз худ дарак доданд. 

Аъзои гуруҳи бакуто асосан ононе мешуданд, ки заминҳои худро дар авҷи ҳокимияти сёгунҳо аз даст дода буданд, ҳамчунин ронинҳо (самурайҳои беарбоб монда дар замони феодализм. Инҳо тадриҷан ба гуруҳҳои ошӯбгар табдил шуда буданд) ҷалб мегардиданд. Баъдтар бакутоҳо ба оворагардон ва унсурҳои дигари кӯчагӣ пайвастанд. Охири асри 18 ба муҷарради дар Ҷопон ҳам густариш ёфтани бозиҳои қиморӣ нахусти поягузорони он ба ташкили ин гуна хонаҳои қимор пардохта буданд. Гуруҳи текия аз ҳисоби ғоратгарону роҳзанҳо пайдо шуд.

Аввалин сарвари якудзо  собиқ самурай  Бандзуйин Тёбэй, ки дар асри XVII мезист, интихоб шуда будааст. Вай яке аз муассисони хонаи қимор будаву аввалин гуруҳи худро аз миёни қиморбозонаи хонаи худ гирд оварда ва муттаҳид кардааст. Дзирёте ном сарвари дигар ба ин гуруҳ бо шашсад нафар ҳамла кардаву онро торумор кардааст. Ин суханонро ба ӯ нисбат медиҳанд: “Туфангча сард аст, вай беш аз механизме нест, шахсиятбахшӣ дар он дида намешавад. Аммо шамшер давоми даст аст, ман метавонам бо ворид кардани шамшерам ба ҷисми душманам нафрати амиқи худро изҳор кунам. Ҳеч лаззате гуворотару форамтар аз ин нест, ки даст-шамшерро ба ҷисми душман халонда, ба забон орӣ: “аз шумо хоҳиш мекунам бимиред”. 

 Ин гуруҳ аз хунхортарину табаҳкортарин гуруҳҳои он замон буд ва ҳатто ба ҳадде, ки Тэссю Ямаока-императори вақт борҳа аз хизмати каллабуррони Дзирёте истифода кардааст.  

Аммо бӯҳрони иқтисодии солҳои 1930 дар Ҷопон муҷиби бекории сартосарӣ, ошӯби коргарону деҳқонон шуд. Барои роҳ надодан ба ғазаби мардум ҳукуматдорон тасмим гирифтанд ба ҳама бебандубориҳое, ки гуруҳҳои ҷиноӣ созмон медиҳанд, чашм пӯшанд. Дар натиҷа фасодхонаҳову қиморхонаҳои зиёде ва фоҳишахонаҳо ва ҳамаи толорҳои синемо, ки филмҳои овоздор намоиш дода мешуданд, зери назорати якудзоҳо гузаштанд. Гангстерҳо ҳамаи бар ва клубҳоро аз худ карданд, ҳатто таъсири худро дар системаи хариди боркашон ва кормандони сохтмон пурзӯр намуданд.   

Тобистони соли 1934 якудзоҳои маҳаллӣ аз Ямагути бо хоҳиши соҳибкорон ва ҳукуматдорон коршиканҳои бандарҳоро бо қатли пешвоёни иттиҳодияҳои синфӣ ва фаъолони докерҳо ором карданд. Вақте гангстерҳо фирор карданд ва даст ба пинҳонкорӣ заданд, сарварони онҳо бо пулиси шаҳр ба мувофиқа расиданд ва кину қасосро ҳамчун як сӯитафоҳуми сарироҳӣ унвон карданд. Барои ин ҷиноёташон онҳо рамзӣ зиндон шуданд, вале дар асл дар озодӣ буданд ва ба фаъолияти худ идома медоданд.  

Гангстерҳои баъдиҷангӣ

Баъди анҷоми ҷанг якудзоҳо рӯ ба таназзул оварданд, бисёре аз гангстерҳо ба сафи артиши императорӣ даъват шуда буданд ва дар ҷангҳо ё асир шуданд ва ё ба ҳалокат расиданд. Дар бандарҳо сарбозону жандармҳо хӯҷаинӣ мекарданд. Аҳолӣ дар гуруснагӣ ба сар мебурд ва аз шаҳрҳо дар ҷустуҷӯи сарпаноҳ берун мешуд. Беш аз 180 ҳазор гангстерҳо ба 5,2 ҳазор дастаҳо тақсим шуда буданд ва онҳо пайваста ба қаламрави ҳамсоягон ҳамла мебурданд. Аввали соли 1946 ҳукуматдорон аз якудзоҳо хоҳиш кард, ки куриёиҳо ва чиниҳоро, ки ба ғуломӣ оварда шуда буданд, ором созанд. Гангстерҳои Ямагути-гуми ҳатто идораи пулис дар Кобэро, ки аз беназмиҳои чиниҳо ва куриёиҳо худро беҳимоя медонист, таҳти ҳифозат гирифтанд. Моҳи феврали соли 1946 сардори пулиси яке аз ноҳияҳо кушта шуд, моҳи апрел афсари олирутбаи идораи дигари пулис ба ҳалокат расид ва баъди ин шӯришгарони чиниву куриёӣ ҳама постгоҳҳои пулиси минтақа ва маҳбасҳроро ишғол намуданд.  

Тирамоҳи соли 1946 Кадзуо Таока сарвари якудзоҳои Ямагути-гуми таъин шуд ва дар замон  сарварии ӯ ин гуруҳ аз гуруҳҳои пешраву пештоз дар олами ҷинояти ин кишвар эътирфо шуд. Ва худи Таоку шоҳи олами ҷинояти Ҷопон унвон гирифт.  

Вақте бераҳмтарин ва қотилтарин мард бо номи Юкио Дзидо, ки дар ваҳшонияташ дар қаламрави Чини ишғолӣ ном бароварда буд, сарвари ҷангиёни ин гуруҳ таъин гардид, Таока дар охири солҳои 40 калонтарин гуруҳи ҷиноии бакуто Кобэ Хонда- кайро фурӯ бурд ва назорати комили Ямагути- гумиро ба даст овард. Ҳамчунин ситораи тобноки санъати Ҷопон Ҳибарӣ Мисору, ки як сарояндаи ояндадор ва машҳуртарин чеҳраи фарҳангии Ҷопон дар ҳама давру замонҳо маҳсуб мешавад, ба сарпарастӣ гирифт. Мисору аввалин зан- бонуи ҷопонӣ буда, ки барандаи ҷоизаи ифтихории мардум шуда ва ин унвонро пас аз маргаш ба вай инъом кардаанд. Аз нигоҳи пурфурӯшии таронаҳояш низ дар ҷаҳон аз беҳтарин ҳунармандони олам шинохта шудааст. 

Ва Таока боз корҳои зиёдеро дар рушди фарҳанг кардааст, вай филмҳоеро ҳам тарҳрезӣ намуда, ки чеҳраи мусбати якудзоҳоро намоиш медиҳанд, ба болоравии обрӯи дӯсти сарояндааш Бунта Сугавара нақш доштааст ва гангстерҳои гуруҳи вай барои тақсим кардану фурӯхтани билети барномаҳои консертии ӯ саҳм доштаанд. Ва боз ҳунармандони зиёди дигарро дастгирӣ кардааст.   

Якудзо дар хориҷ аз Ҷопон 

Дар ҷанги ду Куриё Ҷопон ба кишвари ақибгоҳ барои неруҳои амрикоӣ табдил шуд. Якудзо аз ин низ хуб истифода кард ва барои сарбозону афсарони амрикоӣ маводи мухаддиру фоҳишаҳоро меовард ва пул кор мекард ва дар як муддати кутоҳ ҳама бандарҳоро дар ихтиёри худ гирифт. Баъди ҷанги дуввуми ҷаҳон дар Ҷопон шакли нави ҷиноятҳои муташаккилона ба вуҷуд омад. 

Якудзо ҳама роҳҳои вуруду хуруҷи маводи мухаддир ва доруҳои таскиндиҳандаву стимуляторҳоро аз Чин, Куриёи Шимоливу Ҷанубӣ, Тайван, Ҳонконг, Филиппин зери назорат доранд. Аввали солҳои 1980 70% мухаддирот ба Ҷопон аз Куриёи Ҷанубӣ, 10% аз Ҳонконг ва боқӣ аз Филиппин, Тайван ва Таиланд ворид мешуд. Мошинҳои дуздии якудзоҳо ба Шарқи дури Русия интиқол меёбад ва боз духтарони фоҳишаҳо аз тариқи ин паймон ба бару тарабхонаҳои зери назораташ эъзом мешаванд.   

Гангстерҳои ҷопонӣ дар истихдоми духтарон дар Филиппин, Таиланд, Вйетнам, Индонезия ва интиқоли онҳо ба Ҷопон барои фоҳишагарӣ  ширкат мекунанд, ҳамчунин роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Чин ва Куриёро зери назорат доранд. Онҳо ҳамчунин дар Аврупои Ғарбӣ (Британияи Кабир, Олмон, Фаронса) аз соҳибкорони ҳамватанонашон пул меситонанд, дар “шустушӯи пулҳо” ширкат мекунанд. Дар шаҳрҳои амрикоии Лос-Анджелес, Сан-Франциско, Сан-Хосе, Сиэттл, Гонолулу, Ванкувер, Ню-Йорк ва Сан-Паулу  марказҳои сукунати ҷопониён вуҷуд дорад. Дар ин ҷо низ гангстерҳои ҷопонӣ дар интиқоли маводи мухаддир, амфетаминҳо, метамфитаминҳо, героин аз “Секунҷаи тиллоӣ” (Таиланд, Мянмор ва Лаос) машғуланд. Дар иёлоти Калифорния якудзоҳои ҷопонӣ бо гурӯҳҳои ҷиноии чинӣ, ветнамӣ ва куриёи иртиботи хеле наздик ва ҳамкориҳо доранд.  

Дар бисёр кишварҳо якудзо ширкатҳои расмии давлатиро зери назорат доранд. Чунончӣ, дар Филиппин гангстерҳои ҷопонӣ даҳҳо ширкатҳои тиҷоративу гардишгариро назорат мекунанд, дар ҷазираҳои Гавай ва Куриёи Ҷанубӣ меҳмонхонаҳо ва дигар амволи ғайриманқул таҳти назари онҳост. Танҳо соли 1981 якудзоҳои ҷопонӣ пинҳону ошкор 16,5 ҳазор занонро аз минтақаҳои осиёӣ ба Ҷопон бурдаанд ва онҳоро ба фоҳишаҳо табдил додаанд. Аз ҷумла аз Филиппин 12 ҳазор, аз Куриёи Ҷанубӣ 2,3, аз Тайван 1,7 ҳазор нафар. Аммо пулиси Ҷопон тӯли ин муддат дар ин кишвар ҳамагӣ 319 ғуломони шаҳвониро ошкор ва ба ватанашон ихроҷ кардааст. Сар аз аввали солҳои 1990 дар Ҷопон вуруди занон аз Русия, Чин, Амрикои Лотин (аз Колумбия) ва ҳатто ИМА афзуд… 

Мубориза бо якудзо

Мубориза бо якудзоҳо мушкилоти худро дорад чун аксари ин гуруҳҳо дар хадамоти пулис ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ одамони худро доранд, ки онҳо узви ин паймонанд ва ба ормонҳои он содиқ мебошанд. Дар умум сатҳи фасод дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷопон хеле поин аст ва қувваҳои мусаллаҳи он сари чанд вақт амалиётҳои густардаеро зидди ин гуруҳҳо роҳандозӣ мекунанд. Дар ин муборизаҳо бештар на худи коррупсия ташвишовар аст, балки ҳамкориҳои дуҷонибаи мансабдорони сатҳи поёнии пулис бо якудзоҳо дар самти мубориза бо ҷиноятҳои хиёбонӣ мебошад. Аз ин рӯ бисёре аз кормандони пулис ба хотири ҳифзи ҳайсияту мақоми корӣ талош мекунанд тибқи қонунҳои якудзоҳро амал намоянд, аз баъзе ҷиноятҳои хиёбонӣ чашм мепӯшанд, сарварони онҳоро аз боздоштҳои тарҳрезишуда огоҳ мекунанд… 

Моҳи июни соли 1982 пулис дар як амалиёт 53 узви гуруҳии машҳури Ямагути-гумиро боздошт кард, 52 гангстери дигар дар ҷустуҷӯ эълон шуданд, ки яке аз онҳо вакили парлумон Сигэмаса Камода буд. Мавсуф яке аз сарварони таъсиргузори синдикат буд ва даҳҳо гуруҳи ҷиноӣ аз вай итоат мекарданд ва чанд доғи судӣ ҳам барои тиҷорати мухаддирот ва куштор дошт.  

Солҳои 1992-1993 Ҷопон қонуни зиддимафиозиро қабул кард, ки он тақрибан ҳама амалҳои қонуниву ошкорои якудзоро барҳам зад. Сард шудани муносибати якудзо бо ҳукумат боис гардид, ки ин созмон рӯ ба пинҳонкорӣ орад. 

Моҳи августи соли 2003 гангстери басо обрӯманд Сусуму Кадзияма, ки бо лақаби “Шоҳи судхӯрон” машҳур буд, боздошт шуд. Вай наздик ба 1 ҳазор сӯдхӯрҳоро зери назорат дошт ва ба шустушӯи пулҳои ғайриқонунӣ аз тариқи бонкҳои хориҷӣ машғул буд.  

Дар нимаи дуюми солҳои 2000 ҳукуматдорони Ҷопон қонунҳои худро сахттар карданд. Тибқи баъзе қонунҳо на танҳо гангстерҳои боздоштшуда барои қонуншиканиҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд, балки сарварони онҳо низ ба курсии ҷавобгарӣ менишастанд.  

Моҳи феврали соли 2012 ҳукумати ИМА ба муқобили Ямагути-гуми таҳрим ҷорӣ намуд ва моҳи сентябри ҳамон сол Симиёси-кай низ шомили ин таҳримҳо шуд, сармоя ва суратҳисобҳои созмон масдуд гардид ва ба намояндагони он ки номашон ба рӯйхат афтодааст, вуруд ба ИМА манъ гардид.  Моҳи марти соли 2003 Киёси Такаяма– сарваре, ки шомили синдикати Ямагути-гуми буд, ба муҳлати шаш сол аз озодӣ маҳрум шуд. 

Ва ин гуна мисолҳое, ки фаъолияти якузоҳоро маҳдуд ва майдони фаъолияти онҳоро танг кардааст ва тадриҷан шумораи онҳо коҳиш ёфтаву имконоти молиявиашон аз даст рафтаст, зиёд аст. 

Аммо ин созмон ҳамоно чун як шабакаи машҳури ҷиноии олам боқӣ мондааст ва ҳоло ҳам миёни мардум маъруфият дорад, ҳоло ҳам баъзеҳо ба он чун ба наҷотбахш менигарнад ва ин афрод аз зумраи касонеанд, ки гузаштаи якудзоро намедонанд…

 

Бо истифода аз маводи Интернет,

 таҳияи Ф.Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь